Бойгонӣ

Мақоми зан – муҳимтарин рукни ҷомеаи ҳуқуқбунёд

Мусоҳибаи мухбири Маҷаллаи “Сафо” бо Зебуннисо Сатторзода, судяи суди ноҳияи Вахш

  - Нахуст каме аз саргузашти худ қисса менамудед, ки расидан ба мақоми судя орзуҳои наврасӣ буд, ё пайроҳаи зиндагӣ шуморо ба ин ҷодаи пурмасъулият овард? 
   - Дар ноҳияи Вахш дар хонаводаи деҳқони одӣ ба дунё омада, соли 2003 баъди хатми МТМУ№3-и зодгоҳам ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шудам. Баъди итмоми донишгоҳ аз соли 2008  дар Раёсати адлияи вилояти Хатлон ба фаъолият пардохта, баъди се соли такмили донишу таҷрибаи ҳуқуқшиносӣ фаъолияти худро ба ҳайси судя - коромӯз оғоз бахшидам. Соли 2012 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон судяи суди шаҳри Левакант таъйин шуда, то моҳи августи соли 2017 дар онҷо фаъолият намуда, ҳаминак, то инҷониб судяи суди ноҳияи Вахш мебошам. 
Дар мавриди интихоби пеша бошад, чун аз овони мактабхонӣ фанҳои асосҳои ҳуқуқ, таърих, ҷамъиятшиносиро бештар дӯст медоштам, орзуи ҳуқуқшинос шудан дар дилам пайдо шуда буд. Баъдан, бо мурури таҳсилоти олӣ ва фаъолият дар ҷодаи ҳуқуќшиносӣ то ба ин зинаҳо кору фаъолият дорам. 
   - Аз нахустин парвандае, ки ба симати додгар баррасӣ намудаед, чӣ таассуроту хотираҳо доред? 
   -  Нахустин парвандаи баррасӣ намудаам  оид ба бекор кардани ақди никоҳ ва рӯёнидани алименти ба тифлони дар тарбияи модар монда буд.  Дар баробари таҷрибаи нахустини мустақилона муҳокима намудани парванда, ҳамчунин, мавзӯи бекор кардани ақди никоҳ нозукиҳои худро дошт. Аз як сӯ,  заминаи ҳуқуқӣ пайдошуда, ҷуфти ҷавон ба ҷуз бекор кардани  ақди никоҳ роҳи дигар надоранд, аз ҷониби дигар шоҳиди ҷудошавии як оила будан, барои ҳар зан- модар кори саҳлу осон нест. Аммо, судя бояд ин масъалаи ҳассосро тавре  ҳаллу фасл намояд, ки ду ҷониби баҳсро қаноатманд карда тавонад.  
  - Дар тӯли қариб 10 солаи фаъолияти судӣ бештар чӣ гуна парвандаҳоро баррасӣ намудаед? 
   - Ба эҳтимоли зиёд дар солҳои охир парвандаҳои вобаста ба баҳсҳои оилавӣ бахусус, бекор намудани ақди никоҳ, ба мақомоти судӣ бештар ворид мешаванд. Зеро баъди ворид шудани ариза дар мавриди бекор кардани ақди никоҳ ва оғози баррасиҳо, минбаъд, баҳсҳои рӯёнидани алимент, тақсимоти  молу мулк байни зану шавҳар, масъалаи маскунияти модар ва муайян  кардани ҷойи зисти кӯдакон ва дигар мушкилу масъалаҳои баҳсталаб ба миён меоянд.
   Гарчанде дар асоси талаботи моддаи 126-и  Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон маскунияти  модару кӯдакони аз оилаҳои ҷудошударо қонун пешбинӣ карда бошад ҳам, аммо баъзан, ҷониби мардон розӣ намешаванд, ки собиқ ҳамсари ӯро соҳиби моликият эътироф намуда, занро дар хонае, ки зиндагӣ мекард, маскун намоем. Ё баъзан, мушкилот баъди қабул кардани қарор пайдо шуда, ҷониби мард намегузорад, ки шахси маскуншуда аз воситаҳои лозимӣ ва шароитҳои  мавҷуда истифода намояд. Баъди ќарор қабул кардан мушкилоти дигар пайдо мешавад, зеро на дар ҳама ҳолат муяссар мегардад, ки нафари маскуншуда ба шароити зарурї таъмин бошад. 
   Ҳамчунин, дар таҷрибаи корӣ парвандаҳои шаҳрвандӣ вобаста ба самти замин, бартараф кардани монеагӣ, аҳдҳои ғайриқонунӣ басташуда оид ба беэътибор донистани шартномаҳои басташуда ва ғайраҳоро зиёдтар дида баромадаам. Мусаллам аст, ки бо мурури афзоиши нуфуси аҳолӣ ва пешрафту тараққиёти ҷомеа  арзу шикоятҳо ва баҳсу муроҷиатҳо дар муносибатҳои ҷамъиятӣ зиёд мешавад. Солҳои фаъолият дар мақомоти суди шаҳри Левакант парвандаҳои сарборӣ зиёд набуд, аммо дар ноҳияи Вахш, ки аҳолиаш ба 200 ҳазор нафар мерасад, сарбориҳо дар фаъолияти судяҳо ниҳоят зиёд аст.
   Давоми солҳои охир ба мақомоти суди ноҳияи Вахш парвандаҳои шаҳрвандӣ оид ба муносибатҳои қарзӣ, оид ба беэътибор донистани аҳдҳо, муомилоти пуливу молии миёни ҷонибҳо, беэътибор донистани шартномаи хариду фурӯш, ки аз ҷониби як тарафи баҳс  иҷро нашудааст, зиёдтар ворид шудааст, ки дар бештари  мавридҳо  суд дар доираи қонунҳои мавҷуда, парвандаро тариқи созиши оштии тарафҳо ҳал менамояд. 
   Аз рӯи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бошад, бештар аз ҳама, аз ниҳоди БДА парвандаҳои оид ба риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо аз ҷониби ронандагон  ворид шудааст. Инчунин, соҳаҳои ҳифзи муҳити зист, бахши танзими анъана ва маросимҳои мардумӣ ва дигар мақомоте, ки дар тобеияти судӣ вобаста шудаанд, нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон парвандаҳо тартиб дода, ба суд пешниҳод намудаанд. 
   Дар самти муҳокимаи  парвандаҳои ҷиноятӣ бошад, парвандаҳои сарборӣ оид ба ғайриқонунӣ ба истифодаи дигарон додани замин ва худсарона ишғол намудани қитъаи замин зиёд шудааст. Дар муќоиса ба солҳои пешин парвандаҳои вобаста ба моддаи 244, яъне ҷиноятҳои дуздӣ коҳиш ёфтааст. 
   -Ба ҳайси бонуи ҳуқуқшинос сабабҳои ҷудошавии оилаҳоро дар чӣ мебинед?
  - Агар дар баъзе мавридҳо бинобар муддати дароз  дар муҳоҷирати корӣ қарор доштани мардон ба баҳсҳои оилавӣ ва оқибат ба ҷудошавии хонаводаҳо оварда расонад, дар баъзе ҳолатҳо дахолати бузургсолони хонаводаҳо,  нофаҳмӣ миёни хушдоману келин, коҳиш ёфтани  сатҳи тарбияи ҷавонон дар оила ва набудани шавҳарро эҳсос  кардани наварӯсон боиси пошхӯрии оилаҳои ҷавон мегардад. Дар баробари тақвияти чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, тарбияву омодасозии ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ ва андешидани тадбирҳои  ҷиддӣ дар ин самт, беҳтар мебуд, ки ҷавонон дар мадди аввал соҳиби касбу ҳунар шуда, шароитҳои беҳтари зисту зиндагиро барои  худ фароҳам оварда,  баъдан оила барпо намоянд. Бастани аҳдномаи никоҳ низ барои эътимоди ҳамдигариву устувории оилаҳо нақши муҳим дорад, зеро дар сурати пайдо шудани баҳсу нофаҳмиҳои оилавӣ ва мабодо пошхӯрии оила баҳсҳои молумулкӣ миёни ҷонибҳо пайдо намешавад. 
   - Дар мавриди маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва омори арзу шикотяҳои  сокинон ба мақомоти судӣ  чӣ гуфта метавонед?
  - Нисбат ба солҳои пешин муроҷиати мардум аз ҳисоби парвандаҳои оилавӣ, аз ҷумла, бекор кардани ақди никоҳ, маскун кардани модару кӯдак, рӯёнидани алимент, аъзои оила эътироф кардану талаб кардани амволи шахсӣ аз ҷониби бонувон зиёд шудааст. Ин нишондодҳо аз боло рафтани сатҳи донишу маълумотҳои ҳуқуқии сокинон гувоҳӣ медиҳад, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ медонанд ба куҷо муроҷиат намоянд. Натиҷаи чорабиниҳои фаҳмондадиҳии мақомоти дахлдор миёни аҳолӣ аст, ки солҳои охир мардум сари вақт ҳалномаҳои судиро талаб мекунанд, то дар ҳолати норизо будан аз ҳукм шикояти касатсионӣ нависанд. 
  - Муҳтарам  Зебунисо Сатторзода, мақоми зан-модарро дар ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
   - Пӯшида нест, ки рушди инкишофи ҷомеа ва давлати ҳуқуқбунёд аз рӯи мақому ҷойгоҳи зан дар ҷомеа, ҳузури занон дар фаъолиятҳои ҷамъиятӣ натиҷагирӣ мешавад,  ки то чӣ ҳадд занон таҳсилдидаву соҳибкасбанд. Тӯли 22 соли баъди ба тасвиб расидани Фармони Президенти ҶумҳурииТоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” ва рӯи кор омадани барномаву стратегияҳои миллӣ ва дигар санадҳои муҳим  ҷиҳати таҳкими ҷойгоҳи бонувон дар ҷомеа, тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дигаргуниҳои куллӣ ба назар мерасанд.
   Мурури фароҳам гардидани шароитҳои кору зиндагии шоиста ва баланд бардоштани мақому манзалати занон нақши ин неруи созандаи ҷомеа дар рушду пешрафти соҳаҳои таълиму тарбия, фарҳангу тандурустӣ, мақомоти қонунгузору ниҳодҳои қудратии кишвар ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ бештару афзунтар мегардад. 
   Ҷавобан ба дастгириву ғамхориҳо ва ҳадафҳои пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат дар самти баланд бардоштани мақому манзалати бонувон дар ҷомеа, мо бонувон саъю талош хоҳем кард, то дар сафи неруҳои созандаи кишвар баҳри рушду нумӯи Ватан ва хушбахтиву саодати наслҳои имрӯзу ояндаи он саҳми арзандаи худро гузорем.
Мусоҳиб Юсуфи Собир


Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019