Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
САРВАРИ БУНЁДКОР
Муҳаббат ба Ватан, ҳисси ифтихори миллӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ дар замири Сафаралӣ Табаров, сокини деҳаи Шафтолубоғи Ҷамоати деҳоти Фархори ноҳияи Фархор аз синни кўдакӣ маъво гирифтааст.
Сафаралӣ октябри соли 1958 дар оилаи сохтмончӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Падараш Мусо Табаров соли 1953 аз ноҳияи онвақтаи Қизилмазор (ҳоло Темурмалик), деҳаи Чилатош ба Фархор, диёри аҷдодӣ куч баст. Дар ҳамин русто бо Садбарг Забирова, ки аз деҳаи Ҳалқаёри ноҳияи Ховалинг буд, издивоҷ намуда, соҳиби даҳ фарзанд мегарданд, ки ҳар яке дар пешрафту ободии ҷомеа нақши арзанда гузоштанд.
Устод Сафаралӣ Табаров бошад аз зиндагии 42 сола бо зиндаёд Гулнисо Раҳимова соҳиби ҳафт нафар фарзандони дўстрў, чор писару се духтар мегарданд. Модару ҳамсари Сафаралӣ аз бонувони ҳунарманди замони худ буда, фарзандони хешро дар рўҳияи зебоипарастӣ, ҳунаромўзӣ, меҳнатдўстӣ ба камол расонидаанд. Имрўз фарзанди калонии хонадон Мирзоалӣ омўзгори фанни омодагии дифои ҳарбии дабистони №2 –и ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Фархор, Лайливу Фарзона хонанишин, Маъруфҷон таъминотчии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фирўзҷон сармутахассиси Раёсати молияи ноҳияи Фархор, Амирҷон хатмкардаи Донишгоҳи аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон (имрўз дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия қарор дорад) ва Сабрина тибқи Квотаи президентӣ дар бахши дуюми факултаи физика–математикаи Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ таҳсил дорад.
- Даврони мактабхонӣ аз муаллими аввалинам Астонақул Раҳимов ва дигар устодонам Сабур Абдуллоев, Субҳонқул Файзов, Давлатшоҳ Саидов, ки аз онҳо донишу ҳам хулқу атвори шоистаро омӯхтаам, хотираҳои фаромӯшношуданӣ дорам. Меҳри китоб, омўзиши илму дониш аз ин давра сарчашма мегирад ва шуълаи ин меҳрро дар дили мо устодони номбурда фурўзон карда буданд, иброз медорад Сафаралӣ Табаров.
Вай солҳои 1976 - 1981 дар факултаи физика математикаи Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ таҳсил намуда, аз профессор Самариддин Каримов, устодони варзида Сайхўҷа Раҳмонов, Сайхўҷа Азизов ва дигарон сабақ гирифтааст. Баъдан, бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 18 – и ноҳияи Панҷ ба кор омад.
Баъдан, Сафаралӣ Табаров тӯли солҳои 1982 -1998 дар МТМУ № 35 ва МТМУ №4 – и ноҳияи Фархор ба ҳайси омӯзгори фанҳои физика- математика фаъолият намудааст. Сипас, се соли дигар ба симати мушовири шуъбаи маорифи ноҳия ва аз соли 2001 то 2004 ба сифати котиби Ҷамоати деҳоти Фархор фаъолият дошт.
Сафаралӣ Табаров аз соли 2005 то соли 2015 сарварии Литсейи давлатӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №14, №52, №37, №52- ро бар зимма дошта, аз соли 2015 инҷониб сарвари МТМУ №4-и ноҳияи Фархор мебошад.
Ў марди бунёдкорест, ки давоми солҳои сарвариаш дар дабистонҳои №37 ва №52-и ноҳияи Фархор бо ҷалби Кумитаи падару модарон ва дастгирии саховатмандони деҳот ошхонаву синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода додааст. Дар баробари кори таълиму тарбия ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонии мактабу маҳаллаҳо устод Сафаралӣ Табаров машъалафрӯзи чорабиниҳои ноҳиявист.
-Шогирдонаш номбардори ноҳия дар озмуну маҳфилҳои илмиву фарҳангӣ мебошанд ва аҳли маориф бо ҳисси ифтихор аз фаъолияти назаррасу ибратомӯзаш Сафаралӣ Табаровро роҳнамои ҷавонону насли наврас ба дар зиндагӣ мешуморанд, - мегӯяд мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Фархор Ҳикматулло Ҳакимов.
Лаҳзаҳои хотирмон дар ҳаёту фаъолияти ӯ зиёданд, аммо ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Фархор ва иштирок дар ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 барои устод Сафаралӣ Табаров фаромӯшнопазир аст. Зеро, барояш муяссар гардид, ки бо Пешвои миллат суҳбату мулоқоти самимӣ дошта бошад.
Чун муаллими асил Сафаралӣ Табаров миёни омўзгорону шогирдон маҳбуб аст, ҳамкорон, ҳампешагон ва дўстон мақому мартабаи ўро дар ҷомеа арзанда арзёбӣ мекунанд.
Устодону шогирдони ин боргоҳи маърифат аз пазироӣ ёфтани ташаббусҳои Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат вобаста ба ҳалли мушкилоти глобалии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар масъалаи об ҷонибдории комил намуда, худ дар ин мавзўъ саҳнаеро омода карданд, ки бисёр диданӣ ва таъсирбахш буд. Ҳамчунин, дар ин вохӯрӣ шогирдони асил дар ситоиши чунин устодони равшанзамир пораҳои шеърӣ қироат карда, муҳаббату самимият ва эҳтироми худро ба устодон баён доштанд.
Лаҳзае иштирок дар машғулиятҳои устоди донишманд Сафаралӣ Табаров касро эҳсоси ифтихору сарфарозӣ фаро мегирад, ки чунин омӯзгорони садоқатпеша ба насли ояндаи мо илму дониш меомӯзанд. «Математика шоҳи фанҳост». Ин ҳикматро устод ҳам тафсир медиҳад ва таъкид медорад, ки шогирдон дар замони муосир бештар фанҳои риёзӣ ва табииву дақиқро аз худ намоянд.
Устод Сафаралӣ Табаров дар зиндагӣ низ хушбахту саодатёр аст. Дар муҳити фарҳангии омӯзгори асил фарзандону наберагон дар рўҳияи ватандӯстиву ҳисси ифтихор аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба воя расида, хизмат ба халқ ва саҳмгузорӣ дар рушду ободонии Ватанро вазифаи муқаддаси худ мешуморанд. Сафаралӣ Табаров беш аз 40 соли ҳаёти худро ба таълиму тарбияи насли ояндаи миллат бахшидааст. Бо ҳама бурду бохти ҳаёт худро хушбахттарин инсони рўи олам меҳисобад, ки солиёни зиёди умри хешро ба кори таълиму тарбия бахшидааст ва ин пешаи муқаддасро муҳимтарин масъулият назди халқу Ватан мешуморад.
Ш. Саидов, н. Фархор
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



