Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ЗУЛОЛУ ҶОНФИЗО АСТ ОБИ ТОЗА
(ЭССЕ)
Зи ҷӯе, ки хӯрдӣ аз он оби пок,
Набояд фикандан дар он сангу хок.
Оре, об манбаи тамоми мавҷудоти олам асту асоси ҳастии ҳаёт. Пас, набояд онро ифлос кард. Зеро сарсабзии гулу гиёҳҳо, ҳайвоноту наботот, хоса зиндагии осоиштаю осуда ва пурбаракати инсонҳо аз об вобастагӣ дорад. Қисми зиёди бадани инсонро об ташкил дода, одамӣ бе об зиндагӣ карда наметавонад, Ҳатто метавон гуфт, ки дар бисёр мавридҳо об аз нон бартарӣ дорад, зеро инсон метавонад бе нон ҳафтаҳо зиндагӣ намояд, вале бе об мушкил аст, муҳлати зиёд зистан. Замину киштукор низ бе ин муъҷизаи табиат маъною мазмуне надорад.
Об асту ҳаёт пойдор аст,
Об асту замину киштукор аст.
Маҳсули ҳама ҷаҳони ҳастӣ,
Аз ҳастии об файзбор аст.
Намии замину киштукор ва рӯидани дарахтону сарсабзии онҳо маҳз аз баракати об аст. Обе, ки хосияташ дар боло баррасӣ гардид. Аз ин лиҳоз, бе сабаб нест, ки обро неъмати бебаҳои табиат унвон кардаанд. Неъмате, ки дар васфаш қалам оҷизӣ мекашад.
Тоҷикистони азизи мо аз захираҳои об бой буда, дорои қариб 7000 пирях, ки онро шоирона ширях мегӯянд, 155 кӯлҳои гуногунҳаҷми ҷонбахш аз қабили Искандаркӯл ва Сарез, даҳҳо ҳазор чашма, дарёҳои бо номи Вахшу Панҷу Зарафшон, Варзобу Кофарниҳон буда, онҳо натанҳо заминҳои ҷумҳурии мо, балки мамлакатҳои ба мо дӯсту бародари Ӯзбекистону Туркманистон ва Қирғизистонро шодоб мегардонанд. Дарёҳое, ки аз кӯҳҳои осмонбӯси мо ҷорӣ мешаванд, ҳатто баҳри Аралро аз хушкшавӣ нигоҳ медоранд. Чор унсур дар ҳаёт муқаддасанд: об, хок, оташ ва бод, ки тамоми мавҷудоти олам ба онҳо ниёз дорад. Пас ҳар яки мо вазифадорем обро, ки махзани бузургиву ҳастӣ номидем, тозаю озода нигоҳ дорем, ба талафёбии он роҳ надиҳем. Амалҳои носазоро аз қабили ба об партофтани ахлоттудаҳо раво набинем. Қатраеро ҳам мебояд аз партовҳо пок дорем, зеро онҳо ба ҳам омада, ба кӯлу дарёҳо мерезанд.
Қатра гарчи хурду кӯчакпо бувад,
Лутфи оби баҳр аз он пайдо бувад.
Дар урфият об ҳаст, ободӣ ҳаст гуфтаанд, ки ин бесабаб нест. Об аст, ки ба баракату шафоати он тамоми мавҷудоти олам дар афзоишу нумӯъ буда, побарҷою поянда мемонад. Мутаассифона, баъзе одамон ба қимати об нарасида, онро ифлос менамоянд.
Ҳоло дар ҷаҳон диққати аҳли ҷомеаро ҳалли мушкилоти оби тоза ба худ ҷалб намудааст, зеро бисёре аз мамлакатҳои дунё аз қабили Африқо ва ғайра аз норасоии об танқисӣ мекашанд. Дар яке аз баромадҳои пурмуҳтавои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қимати обро аз нафту тилло болотар гузоштааст, ки ин ҳақ асту рост. Олимон барои раҳоӣ аз камшавии захираҳои нафт электромобилҳоро ихтироъ карданд. Лекин ҳамниҳоду ивазкунандаи об то ҳанӯз кашф нагардидааст. Тилло ҳам дар мавриду ҳолати ташнагӣ қадру баҳое надорад бо арзишаш. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2003 – ро «Соли байналмилалии оби тоза», соли 2014 – ро “Ҳамкорӣ оид ба истифодаи об», солҳои 2005 – 2015 – ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт”ва солҳои 2018 – 2028 – ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон намуд ва дар ин хусус аз минбарҳои баланд баромад кард, ки Созмони Милали Муттаҳид онҳоро бо хушнудӣ пазируфт, чунки бо афзоиши аҳолӣ талабот ба оби ошомиданӣ пайваста зиёд мегардад. Аз ин лиҳоз, Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр аст дар масоили об бо дигар мамлакатҳо дасти ёрӣ дароз намояд, зеро беш аз 65 фоизи обҳои Осиёи Марказӣ дар ҳудуди ҷумҳурии мо ташаккул меёбад.
Ба дунё оби софат гашта машҳур,
Чу оби замзаму сарҷӯи кавсар.
Обро инсон барои нӯшидан, пухтани хӯрок, шустушӯ намудани манзил, тозагии роҳу кӯчаҳо ва чуноне ишора намудем, барои обёрӣ намудани заминҳо истифода мебарад. Инчунин, одамон дар об заврақу киштї ронда, ҳаргуна бор ва мусофиронро мекашонанд. Обҳои шаршарадор чархҳои трубинаро ба ҳаракат дароварда, ҷараёни электрик ҳосил мекунанд. Бо қувваи об чархи сангҳои осёб, дастакҳои обҷувоз ба ҳаракат медароянд. Кори ягон соҳаи саноат бе об пеш намеравад. Дар фабрикаю заводҳо обро барои тайёр кардани маҳлули рангҳо, коркарди пӯст, омода сохтани коғаз, собун, нонпазӣ ва нӯшокиҳои гуногун истифода мебаранд. Об натанҳо ҳамчун манбаи ободӣ, балки маъхази нуру рӯшноӣ, ки хонаҳоро гарму нурафшон мегардонад, эътироф гардидааст.
Мо аз он шукрона мекунем, ки кишварамон сарчашмаи обҳои муссафо буда, мушкили норасоии об надорем. Сарвари давлатамон бо бунёди силсиланеругоҳҳо, ки дар табиат тавлидкунандаи барқи сабзанд, моро машҳури ҷаҳон гардонидааст.
Эй Сарвари мо, ту НОБ-и Роғун созӣ,
То нури чароғи тоҷик афзун созӣ.
Шарифзода Маҳмуд Муҳаммадӣ
хонандаи синфи 11-и муассисаи давлатии таълимии
«Литсейи барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Бохтар
Добавить комментарий
Ахбор
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – РОҲНАМОИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР 11:06МАҲБУБИ КӮДАКОН 10:482025 – СОЛИ ФАТҲИ ҲАДАФҲОИ БУЗУРГ ДАР ХАТЛОН 10:39ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2026 10:29ЭЪЛОМИЯИ КУРУШИ КАБИР – БОЗГӮИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 10:34Дар Хатлон 600 ҳазор дарахт шинонида мешавад 14:36ХАТЛОН. 60 ФОИЗИ НАФАҚАГИРОН АЗ ҚАЙД ГУЗАШТАНД 14:11Бохтар. 1,5 километр роҳ мумфарш карда шуд 15:13
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2026
«ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - ПАЁМИ СОЗАНДА ВА КАФИЛИ ТАЪМИНИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР»
Бохтар. 1,5 километр роҳ мумфарш карда шуд
ХАТЛОН. 60 ФОИЗИ НАФАҚАГИРОН АЗ ҚАЙД ГУЗАШТАНД
Дар Хатлон 600 ҳазор дарахт шинонида мешавад
ЭЪЛОМИЯИ КУРУШИ КАБИР – БОЗГӮИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ
МАҲБУБИ КӮДАКОН
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – РОҲНАМОИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР
2025 – СОЛИ ФАТҲИ ҲАДАФҲОИ БУЗУРГ ДАР ХАТЛОН



