Ҳомии Ватан

   Одиназода Нурулло Ғоиб 12-уми феврали соли 1968 дар деҳаи Сармайдони ноҳияи Муъминобод ба дунё омадааст. Нурулло Одиназода таҳсилоти ибтидоиро дар мактаби рақами 3-и зодгоҳаш гирифта, сипас дар МТМУ № 27-и ноҳияи Дӯстӣ идома додааст. Н. Одиназода соли 1990 Донишкадаи аграрии Тоҷикистонро хатм намуда, дар ин миён барои адои хизмати ҳарбӣ ба вилояти Санкт-Петербуги Федератсияи Россия сафарбар мегардад. 
   Оғози фаъолияти милитсионерии ӯ ба солҳои ҷанги шаҳрвандӣ рост меояд. Нурулло Одиназодаи он замон хеле ҷавон дар қатори дигар ҷавонмандони шуҷоъ ҷон дар каф гирифта, баҳри барқарор намудани сохти конститутсионии мамлакати тозаистиқлол хизмат мекунад. Кор кардан дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ, бахусус дар он айёми пурхатар осон набуд. Зеро, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ милитсияи тоҷик шароиту имконоти муносиб надошт. Вазъ чунон ноором буд, ки ҳар кас дар фикри ҷони худу пайвандонаш буд. Вале шавқу шӯр ва ҳисси ватандӯстию инсонпарварӣ Нуруллои Одиназодаи ҳамагӣ 22-23 соларо бетараф нагузошт. Ӯ дар он давраҳои ҳассос ва фоҷеабор кореро ихтиёр кард, ки музду вақти муайян надошт. 
   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаи таҷлил аз Рӯзи милитсияи тоҷик дар ин маврид барҳақ гуфтанд, ки “вақте ба таърихи фаъолияти мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистони соҳибихтиёр назар мекунем, мебинем, ки он пур аз саҳифаҳои корнамоиву фидокорӣ ва ҷасорату ҷоннисориҳои фарзандони содиқ ба миллату Ватан мебошад. Зеро онҳо дар тӯли сӣ соли соҳибистиқлолӣ ба хотири ҳимояи дастовардҳои даврони истиқлол, ҳифзи шараф ва зиндагии ороми сокинони мамлакат ва обрӯи халқу давлати худ дар сафи пеши мубориза қарор доштанд”.

   Зиндагиномаи Нурулло Одиназода, як нафар корманди мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Қубодиён худ гувоҳи он аст, ки ӯ ва ҳамсафонаш барои ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол шабонарӯз дар хизмати халқу Ватан мебошанд. Натиҷаи хизмати содиқонаи онҳост, ки имрӯз шаҳрвандон дар симои кормандони милитсия ҳомии худ, таъминкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ,  волоияти қонун ва суботу оромии кишварро мебинанд ва ба онҳо эҳтиром мегузоранд. 
   -Рост омадани оғози фаъолиятам дар солҳои навадум боис шуд, ки мо аз имтиҳонҳои сахту сангин гузашта, асолати зиндагиро фаҳмем, - мегӯяд Нурулло Одиназода. -Дар бунёди ин Ватани тинҷу ободу амн ва хушию хурсандии ҳар сокини мамлакат саҳми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст. Зеро ин абармарди номуси миллат буд, ки дар рӯзҳои фоҷиабор бо муруввату меҳрубонӣ давлату миллатро сарварӣ намуд ва бо заҳматҳои шабонарӯзӣ ба Тоҷикистон сулҳу ваҳдат овард. 
   Нурулло Одиназода  аз рӯзҳои нахустини фаъолияташ дар самтҳои мухталифи мақомоти корҳои дохилӣ ҳамеша талош мекард, ки бо кору рафтори нек номбардори волидайнаш бошад. Чунки падараш Ғоиб аз обрӯмандони деҳа буд ва дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият мекард. Бо гузашти вақт собит гардид, ки ҳамин тавр ҳам шуд. Ҳоло бошад майори милитсия фарзандони худро низ дар ҳамин рӯҳия таълиму тарбия медиҳад, то ин ки онҳо ҳам мисли падари худ дар ҷамъият мавқеъ дошта бошанд, ба воситаи касбу кори худ ба давлату миллат содиқона хизмат намоянд. 
   -Агар ба ҳаёти худ  назар афканам, нисфи зиёди онро дар мубориза бо ҷинояткорӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҷону моли мардум сарф кардаам, - мегӯяд Н. Одиназода – Шурӯъ аз даврони кашмакашиҳои солҳои 90-ум инҷониб баҳри ҳифзи ҳокимияти қонунӣ ва мубориза бар ноамнӣ талош варзидаам, - қисса мекунад майори милитсияи ноҳияи Қубодиён. 
   Нурулло Одиназода соли 2000-ум ба таври гузариш ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Қубодиён ба кор меояд. Ӯ ба сифати нозири минтақавӣ дар маҳаллаҳои гуногуни аҳолинишин фаъолият намуда, солҳои 2016- 2018 ба ноҳияи Шаҳритус ба ҳайси нозири шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъияӣ ва баъд аз он боз ба ноҳияи Қубодиён бармегардад.
   Ҳоло ӯ нозири калони минтақавӣ дар дурдасттарин ҷамоати деҳоти ҳамин ноҳия фаъолият мекунад. Ҷамоати деҳоти Заркамар, ки қариб 15 ҳазор аҳолӣ минтақаи хизматии Нурулло Одиназода мебошад. Вай ҳамчун корманди милитсия дар баробари пешгирии ҷинояткорӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ҳамчунин дар доираи ислоҳоти милитсия бо аҳолӣ вохӯрӣ доир намуда, оид ба қонунҳои миллӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикиситон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикиситон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ва дигар қарору санадҳои дахлдор суҳбат менамояд. 
   -Бо иштироки хонандагони муассисаҳои таълимӣ, падарону модарон ва аҳли ҷамоатчигӣ дар мактабу масҷид ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷамъомад доир намуда, оид ба вазъи ҷинояткорӣ дар маҳал ва пешгирии он суҳбат менамоем ва ҳар се моҳ як маротиба ба мардум оид ба фаъолияти худ ҳисобот медиҳем- иброз медорад нозири калони минтақавии милитсия.
   Ба гуфтаи Нурулло Одиназода рӯз то рӯз эътимоди мардум ба милитсия афзуда истодааст ва аҳолӣ бо онҳо барои пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо ҳамкории зич доранд.  Онҳо бо мақсади самаровар гардидани фаъолияти худ бо фаъолони деҳа, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон, дружиначиёни ихтиёрӣ ва кормандони ҷамоавӣ дар маҳал ҳамкорӣ мекунанд.  
   Одиназода Нурулло Ғоиб муваффақияти худро дар сулҳу салоҳи сартосарӣ ва осудагии рӯзгори сокинон ва хушбахтии пиру ҷавони кишвар мебинад. Зеро ӯ дар гузашта шоҳиди рӯзҳои торик ва ашки модарону навҳаи ятимон гаштаву имрӯз хандаи тифлону хушбахтии ҷавонон болидахотираш месозад. 
Барои садоқат ба савганди худ ва хизматҳои шоён ба халқу Ватан ӯ давоми фаъолияти қариб 30 солааш борҳо бо ифтихономаву сипосномаҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ сарфароз гардидааст. 
Амонулло Бахтиёрзода


Добавить комментарий