Бойгонӣ

Иҷлосияи ваҳдатофарин

   Дар бораи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ҳамчун воқеаи муҳими таърихи миллати тоҷик сиёсатмадорон, муҳаққиқон даҳҳо рисолаҳову китобҳо навиштаанд, шоирон васф кардаанд. Дарвоқеъ, ҳодисаҳое мешаванд, ки аз хотири мардум зудуда намешаванд, мондагоранд. 
    Иҷлосияе, ки қадами аввалини сулҳи тоҷиконро гузошт, ба халқи аз ҷанги шаҳрвандӣ ноумедшуда  боварӣ бахшид, тақдирсоз ном гирифт. Маҳз  дар Иҷлосияи 16-ум масъалаи сулҳу ваҳдати миллат мавриди баррасӣ қарор гирифт.  
   Яке аз сиёсатмадорони ин давра  Абдулмаҷид Достиев марҳилаи мураккаби ҷустуҷӯи роҳҳои сулҳи тоҷиконро ба хотир оварда, навишта буд: «Дар ду паллаи тарозу, дар як тараф фаноёбию парокандагӣ, ба боди таърих рафтани давлати нави ба арзи ҳастӣ погузошта ва дар тарафи дигар, барои пойдории давлат, муттаҳидию  бақои  миллат  аз  ҳама  ҳадафҳои  дигар  гузашт  кардан  меистод». 
   Муаллифони дигари публитсистикаи сиёсӣ – китобии тоҷик низ  фаъолияти Иҷлосияи  16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистонро барои барқарор кардани тинҷию амонӣ дар кишвар, қатъи ҷанг, баргардондани ҳамватанон аз гурезагӣ яке аз омилҳои ҳалкунандаи сулҳ мешуморанд.
   Дар китобҳои «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, бунёдкорӣ ва ваҳдати миллӣ», ки соли 2001 ба табъ расиданд, муроҷиату суханрониҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  дар он давраи ҳассосу сарнавиштсози миллати тоҷик гирд оварда шудаанд. Суханони Президент дар Иҷлосияи Хуҷанд самимӣ буданд ва ба мардум боварӣ  мебахшид, чунки  савганди Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи  16-уми тақдирсоз аз кори сулҳ оғоз ёфт: «Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона хизмат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам». 
   Дар яке аз мусоҳибаҳояш Эмомалӣ Раҳмон 19 декабри соли 1992 иттифоқ будани халқро асоси давлат шуморида, Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олиро «қадами нахустин баҳри сулҳу осоиш дар ҷумҳурӣ» номидааст.  Муроҷиатҳои сарвари навинтихобшудаи давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон низ маҳз дар ҳамин иҷлосия садо дода буд. Худи ӯ баъди гузашти солҳо ба кори Иҷлосияи сарнавиштсози точикон  баҳои баланд дода, он иқдоми ҳукумати навтаъсиси тоҷикро саривақтӣ ва дуруст ҳисобидааст. «Даъвати нахустини  мо ба хотири таъмини сулҳ ва оғози музокироти сиёсӣ ҳанӯз дар Иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олӣ дар Қасри Арбоб садо дода буд, ки ҷангу зӯроварӣ ва муборизаи мусаллаҳонаро ҳамчун василаи ба эътидол овардани ҷомеа усулан маҳкум намуда, ба тарафҳои мухталиф роҳи осоиштаи ҳалли низои сиёсиро пешниҳод карда будем»,- таъкид кардааст Сарвари давлат. Эмомалӣ Раҳмон «дарки моҳияти истиқлолият ва қадру манзалати давлатдории миллӣ, ки омилҳои муҳими ҳастии миллат мебошад, барои ҳар фарди огоҳу бедордили кишвар рисолати шаҳрвандӣ ва қарзи муқаддаси  фарзандӣ» мешуморад, то роҳи душвору ноҳамвори ба Истиқлолият ноил шуданро ворисон донанд ва ба қадри озодию осоиштагии кишвар бирасанд. Тавассути андешаҳои сиёсиаш Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ  натанҳо муқовимат ва сулҳи тоҷиконро ба хотир меорад, балки воқеаҳои он солҳои ҳаёти ҷумҳуриро таҳлил ва ҷамъбаст менамояд.
    Абдулмаҷид Достиев, ки иштирокчии бевоситаи ин Иҷлосияи таърихӣ буд, дар китоби худ «Тоҷикистон: шикастанҳо ва бастанҳо»  доир ба нақши  иҷлосияи мазкур дар ҳаёти халқи тоҷик андешаҳои ҷолиб ироа медорад. Муаллиф саҳифаҳои гузаштаи он рӯзҳоро варақ гардонда, менигорад, ки «Кулли воқеаҳо ё рўйдодҳое, ки дар таърихи ин ё он кишвару миллатҳо саҳифаи сифатан нав ворид месозад, аз шаҳре, майдоне, қасре ё мавзеъе сарманшаъ мегиранд ва ҳамчун рамзи ин воқеот абадӣ мемонанд». Муаллиф муҷассамаи Озодии Амрико,  манораи Эйфели Фаронса, аҳромҳои Миср, Тоҷмаҳали Ҳиндустонро   мисол оварда, Қасри Арбоби Хучандро дар радифи онҳо макони  муъҷизаосо меҳисобад.  «Қасри Арбоб дар таърихи мо, тоҷикон рамзи ба ҳам омадани миллат, муҳофизат кардани муқаддастарини муқаддасотамон-Истиқлолияти комили миллиамон мемонад ва ба гузашти вақт ба зиёратгоҳи соҳибмиллатони соҳибдавлат табдил меёбад» -навиштааст ӯ. 
   Публитсист аҳамияти ин рӯйдодро барои ояндаи тоҷикон чунин ба қалам додааст: «Тарафҳои даргир, гурезаҳо ва умуман тамоми мардуми ҷумҳурӣ  ба як ҷаҳон умеду орзу самараи фаъолият ва қарорҳои қабулнамудаи Иҷлосияро, ки аз беҳтарин сарчашмаи зуҳури ақлу хиради сиёсӣ ва ба ҳам овардани мардуми парешонгаштаву дилшикаста ба шумор мерафтанд, дар ҳар як хонадони кишварамон аз радиову телевизион бесаброна интизор мешуданд. Воқеан, мақсаду мароми Иҷлосия ҳамин буд, ки ба сулҳу ваҳдат, якпорчагии Тоҷикистон ва ягонагии халқу миллатҳои он асос гузорад ва барои осоишу амният заминаҳои мусоид фароҳам орад».
   Дар китоби Қурбон Восеъ «Аз Қасри Арбоб то Кохи Ваҳдат» низ   доир ба сабақњои Иҷлосияи шонздаҳум андешаҳои ҷолиб баён гардидаанд. Ба ақидаи ӯ ба даст овардани Истиқрори сулҳ, ки дар саргаҳи он Иҷлосияи XVI   Шӯрои  Олӣ  қарор дошт, барои халқи тоҷик ва кишвари мо сарнавиштсоз буд. Муҳаққиқ  8 сабақи  аз  шарофати Иҷлосияи тақдирсоз  дар ҳаёти  ҷомеаи тоҷикон ба амаломадаро  муҳим арзёбӣ намуда,  мушаххас  ҳар яки онро маънидод кардааст. Ў ба саволи «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ба мо чӣ дод?» чунин ҷавоб мегӯяд. «Ваҳдати миллии  моро ба вуҷуд овард, халқу мамлакатамонро  аз маҳву нобудӣ наҷот дод, элитаи сиёсии мамлакат дар атрофу ҷониби Раиси Шӯрои Олӣ  ва баъдтар Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гирд оварда шуд, барномаи ояндаи давлати демокративу дунявӣ пешниҳод гардид, институтҳои қудратӣ ба вуҷуд омада, густариш ёфтанд, мамлакат ба марҳилаи дувуми созандагиву бунёдкорӣ ворид гардид, ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ  аҳлона рӯ ба инкишоф ниҳод». Ӯ сулҳи тоҷикон ва мактаби сиёсии Эмомалӣ Раҳмонро  «намунаи беҳтарини сулҳофаринӣ  барои тамоми манотиқи даргири дунё ба ҳукми дастури сабақомӯз» меҳисобад. 
   Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Муроҷиатномааш ба халқи шарифи Тоҷикистон, 12 декабри соли 1992 ба мардуми интизори тинҷию амонӣ ва ба сулҳу оштӣ умедбаста гуфта буд: «Ман ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб мефаҳмам, ки дар ин давраи барои Ватан ва халқи ҷумҳурӣ хеле душвор кадом масъулиятро ба зимма дорам. Вазъияти ҷамъиятию сиёсӣ талаб мекунад, ки чораҳои таъхирнопазир ва ҳалкунанда андешем». Сарвари давлат дарк мекунад, ки танҳо сулҳ ба Тоҷикистон ва халқи он осудагӣ меорад, танҳо кишвари тинҷу осоишта барои ҳамкорӣ бо давлатҳои дигар мувофиқ меояд. Эмомалӣ Раҳмон барои ин мақоми Тоҷикистон сулҳро омили асосӣ медонад ва таъкид мекунад, ки Тоҷикистони азиз бояд дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойи худро ёбад. Барои ин пеш аз ҳама ба мо сулҳ ва осоиш зарур буд.
   Муроҷиатҳои баъдинаи Пешвои миллат низ хеле ҳассос ва саршори ҳисси ватанпарварӣ буданд. Дар он давра чунин суханони муассиру боварибахш лозим буданд, чунки ба дарди мардум марҳам шудан, мувофиқи рӯҳияи сулҳхоҳии онҳо амал намудан ба дӯши Сарвари давлат афтода буд.
Тоҷикистон 30-сол аст, ки дар фазои сулҳу субот, бунёдкориву созандагӣ рушд мекунад. Дар ҳама  рукнҳои давлатдорӣ,  соҳаҳои хоҷагии халқ тағйироти куллӣ ба вуҷуд омад. Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ шуд ва  ташаббусҳояш дастгирӣ ёфтанд. 
   Ин  Иҷлосияи таърихӣ ва сарнавиштсоз, ки тавонист саҳифаи тозатарини китоби сулҳу ваҳдати миллат  ва рушди  кишвари моро дар таърих  сабт намояд, аз  ҷоннисориҳои абармардоне мебошад, ки бо роҳи сулҳу оштӣ  пешрафт ва самти ҳаракати ҷомеаи моро  дар чаҳорсӯи мавҷудият ва инкишоф муайян сохтанд.
   Имрӯз мардуми Тоҷикистон зери навои Суруди миллӣ, партавфишонии Парчами давлатӣ барои зиндагии шоиста бо ҳидояти Пешвои миллат пеш меравад. Иҷлосияи ваҳдатофару некқадам дар таърихи миллат сароғози мароми сулҳ ва наҷоти миллат хоҳад монд. 
Дилором Маҳкамова
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон


Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019