Мардум ба машварат ниёз доранд

- Шуъбаи САҲШ дар ноҳияи Дӯстӣ ҷиҳати таъмини саривақтии бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, расонидани ёрии ҳамаҷониба ба 
танзими маросимҳо ва расму оинҳои нав ҳангоми байақдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ба қайд гирифтани таваллуд ва никоҳ, анҷом додани назоратаз болои фаъолияти ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, ки асноди ҳолати шаҳрвандиро дар мазалҳо ба қайди давлатӣ мегиранд, тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Риояи интизоми меҳнат, сари вақт ба ҷойи кор ҳозир шудан, дар бахши САҲШ таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шуда, қабули шаҳрвандон реҷаи тибқи ҷадвали тасдиқгардида риоя мегардад. Мо замкориро бо котибону коргузорони ҷамоатзои шаҳраку деҳот густариш дода, бозомӯзии қонунҳои амалкунандаи соҳаро мунтазам ба роҳ мондаем. Натиҷаи чораҳои дар ин самт андешидашуда мусоидат намуд, ки давоми нимсолаи аввал дар ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ 2712 сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта шуда аст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 64 адад ва нисбат ба нимсолаи аввали соли 2020 бошад 
12 адад зиёд мебошад.
Соли гузашта тавассути ВАО кишвар 
аз ғолибияти шумо дар кадом як озмуни сатҳи 
Ҷумҳуриявїэӣ огоҳӣ ёфта будем. Хуб мешуд дар ин маврид каме маълумот медодед.
- Дар доираи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 30- 
солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
бо ташаббуси Вазоарати адлияи кишвар Озмуни 
ҷумҳуриявии беҳтарин мудир, беҳтарин њусни хат, беҳтарин суханвар, беҳтарин бойгонидор, беҳтарин бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ доир гардида буд, ки банда дар бахши «Беҳтарин мудир» ғолиб ва сазовори ҷойи аввал гардида будам. Қобили зикр аст, ки озмуни мазкур дар баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии соҳаи САҲШ дар кишвар нақши ниҳоят муҳим гузошта, имкон фароҳам овард, ки беҳтарин мутахассисони соҳа муайян ва муаррифт шаванд. Зиёд ҳолатҳое мешаванд, ки шаҳрвандон аз ҳусни хат ва хатоҳои имлоии кормандони САҲШ дар рафти пур кардани шаҳодатномаи таваллуд шикоят мекунанд. Ҷиҳати пешгирӣ аз чунин ҳолатҳо шумо 
чӣ чораҳо андешидаед?
- Барои беҳтар намудани ҳусни хат дар рафти ҳуҷҷатгузориҳо ду мутахассис дорем, ки дорои ҳусни хати зебо ва мутахассиси кори худ мебошанд. Аммо бояд тазаккур дод, ки аз соли 2015 инҷониб дар кишварамон лоиҳа барномаи электронии ба қайдгирии шаҳодатномаи таваллуд мавриди амал қарор дошта, тамоми санаҳо бо шакли электронӣ бароварда мешавад ва дар ин самт дигар ҳусни хат ба кор намеояд. Аммо дар сурати содир шудани иштибоҳ зимни бақайдгирии давлатӣ, шаҳрвандон дарҳол метавонанд ба бахши САҲШ муроҷиат намуда, санади расмиро аз нав ба даст оваранд. Бояд гуфт, ки то кунун сокинони ноҳияи Дӯстӣ вобаста ба хатову иштибоҳ пур карда шудани санадҳои расмӣ ба бахши САҲШ муроҷиат мекунанд. Ин шаҳодатнома ё дигар санадҳои расмие мебошад, ки солҳои пешин
ба сокинон дода шудааст, мо вазифадорем, ки 
ба шаҳодатномаҳои таваллуд ақди никоҳ ё дигар зуҷҷатҳои онҳо ислоз, илова ё тағйирот дароварда, 
онҳоро бо намунаи дурусти ҳуҷҷатҳои расмӣ таъмин намоем.Пӯшида нест, ки солҳои пешин дар соҳаи САҲШ бештар русзабонҳо кору фаъолият дошта, дар навиштиному насаб ва ҳатто маҳалли зисту дигар вожаҳои тоҷикӣ ба иштибоҳ роҳ медоданд. Ё ҳолатҳои дигар низ мушоҳида мешавад, ки шаҳодатномаи таваллуди шаҳрванд пурра бо забони русӣ пур карда шудааст, 
ки баъдан, дар асоси он шиноснома гирифтаанд. Аз ин рӯ, дар баъзе ҳуҷҷатҳои сокинон, ки ягон ҳарф ё вожаҳо ба ҳам мутобиқат намекунанд, зарурат пайдо мешавад, ки баъзе тағйирот, илова ва ислоҳот дароварда шавад. Барои он ки минбаъд бинобар иштибоҳи имлоӣ дар шаҳодатномаҳо шаҳрвандон сарсону саргардон нашаванд, онҳо бояд мутобиқи қонунгузорӣ санадҳои пуркардашударо бодиққат муқоиса карда, дар сурати ошкор намудани хатогиҳои имлоӣ, нодуруст пур шудани маълумотҳо ё нодуруст қайд гардидани
ному насаби шаҳрванд, соњиби шаҳодатнома 
бояд сари вақт ба масъулони САҲШ муроҷиат намуда, хатогиҳоро ислоҳ намоянд. Дар сурати муҳлати зиёд гузаштан аз санаи гирифтани инчунин шаҳодатномаҳо шаҳрвандон боҷи гумрукиро аз нав пардохт мекунанд, аммо агар аз гирифтани шаҳодатнома ё дигар санадзои расмӣ муҳлати зиёд нагузашта бошад, яъне, агар ин хатогиро кормандони мо содир карда бошанд, пас, 
хизматрасониҳои иловагӣ барои ислоҳи хатогиҳо 
ройгон аст. Хуб мешуд, каме дар бораи омори 
бақайдгирии давлатӣ асноди шаҳрвандӣ ва вазъи ҷудошавии оилаҳо иттилоъ медодед.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар нозияи Дӯстӣ 2712 сабти асноди ҳоалти шаҳрвандӣ аз қайд гузаронида
шудааст, ки аз ин 1676 сабти таваллуд мебошад. Дар қиёс ба њамин давраи соли 2021 сабти таваллуд 287 адад зиёд мебошад. Аз шумораи умумии таваллудшудагон130 нафар фарзандони модарони танҳо мебошанд. Ҳамзамон дар ин давра ба 905 нафар ба тарзи анъанаҳои миллӣ насаб гузошта шудааст. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бақайдгирии ақди никоҳ 472 ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи
соли гузашта 49 адад зиёд аст. Дар ин муддат 68 
оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 ҳолат кам мебошад. Аз шумораи умумии оилаҳои азҳампошхӯрда 61 ҷуфт бо қарори суд аз ҳам ҷудо шудаанд. Аз ҳисоби оилаҳои пошхӯрда 107 нафар кӯдакон аз падар ятим монда, дар тарбияи модарон вогузор гардидаанд. Ҳамчунин, дар ин муддат ақди никоҳи як ҷуфт бо аризаи яке аз Фонибҳо ва дар шаш ҳолат ақди никоҳи ҳамсароне бекор карда шудааст, ки фарзандони умумии ноболиғ надоранд ва миёни онҳо баҳсҳои молумулкӣ низ пайдо
нашудааст. Ин теъдод аз ҷумлаи оилаҳое ҷавоне мебошанд, ки аз 8–10 соли зиндагии ҳамҷоя фарзандор нашуда, бо ризогии тарафайн аз ҳам ҷудо шудаанд.
Шумо ки ба ҳайси мудири шуъбаи сабти 
асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ду ноҳияи вилояти
Хатлон собиқаи корӣ доред, сабабҳои афзоиши 
Ҳодисаҳои ҷудошавии оилаҳоро дар чӣ мебинед?
 Оид ба сабабҳои афзоиши ҳодисаҳои ҷудошавии 
оилаҳо фарзияҳо гуногунанд. Агар дар хонаводаи ангуштшумор бинобар фарзандор нашудан аз ҳам ҷудо бошанд, дар дигар ҳолатњэҳо омили пошхӯрии оилаҳои ҷавон ин носанҷида интихоб намудани ҳамсафари ҳаётӣ аз ҷониби ҷавонон мебошад, ки баъди як муддати кӯтоҳи оиладорӣ сабру таҳаммули ҳамдигарро надошта, ақди никоҳи худро бекор мекунанд. Ҳамзамон, дахолати хушдоман ва дигар аъзои оила ба ҳаёти наварӯсон, ба муддати зиёд аз муҳоҷирати меҳнатӣ барнагаштани ҷавонписарон, ноомода будани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона ва дигар равандҳои иҷтимоӣ аз омилҳои афзоиши ҷудошавии 
оилаҳои ҷавон арзёбӣ мегардад.
- Пас, чӣ бояд кард, то оилаҳои ҷавон устувор 
монда, сатҳи азҳампошхӯрии хонаводаҳо пешгирӣ 
карда шавад?
- Фикр мекунам бо ҷиддӣ ба роҳ мондани 
чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи 
модарон ба тарбияи духтарони ҷавон ва омода намудани онҳо ба ҳаёти мустақилона, метавон сатҳи ҷудошавии оилаҳои ҷавонро коҳиш диҳем. Зеро аз мушоҳида бармеояд, ки дар қиёс ба солҳои пешин зодмандон дар тарбияи духтарон ва такмили ҳунару ташаккули ҷаҳонбинии онҳо беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд. Агар ба вазъи оилаҳо холисона назар андозем, имрӯз бештари бузургсолони хонаводаҳо, бахусус, хушдоманҳо насли ҷавонони солњои 1990–2000 –ум мебошанд, ки аз илму ҳунаромӯзӣ каме дар канор монда, аз фарҳанги хонаводагӣ бархӯрдор нестанд. Аз ин лиҳоз, бо тақвият бахшидани арзишҳои хонаводагӣ ва ба роҳ мондани чорабинињои фарњангӣ фаҳмондадиҳӣ миёни ҳатто солмандони хонаводаҳо, бахусус, хушдоманҳо дар пешгирӣ аз 
баҳсу муноқишаҳои оилавӣ, ки ба пошхӯрии оила 
оварда мерасонад, таъсири муассир хоҳад гузошт.

             Ҳолнома:
Холиқзода Гулракат Абдуманон дар 
ноҳияи Вахш ба дунё омадааст. Баъди 
хатми муассиссаи таҳсилоти миёнаи умумии зодгоњаш ба факултаи ҳуқуқшиносии 
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2010 онро хатм намуд. Фаъолияти
касбиро ба ҳайси ҳуқуқшиноси хоҷагии 
деҳқонии «Абдуғаффор»-и ноҳияи Вахш 
оғоз бахшида, баъди ду сол тариқи озмун 
барои идомаи фаъолияти касбӣ ба бахши САҲШ шаҳри Бохтар роҳ меёбад. Солҳои 
2012- 2015 ба ҳайси мутахассиси бахши 
САҲШ шаҳри Бохтар кор карда, баъдан, ба 
вазифаи мудири бахши САҲШ –и имрӯза 
ноҳияи Кӯшониён таъйин гардид. Сипас аз соли 2021 тариқи гузариш фаъолиятаашро 
ба симати мудири бахши САҲШ дар ноҳияи Дӯстӣ идома дода, то инҷониб дар ин вазифа фаъолият дорад. Оиладор соҳиби ду 
фарзанд.
           Мусоҳиб Юсуфи СОБИР
Похожие новости:
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Варзиш / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий