Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
23 окт 19:10---
ҚАҲРАМОНМОДАР
ҚАҲРАМОНМОДАРДеҳаи Ҳалқаҷар. Дар ин рустои домони кӯҳу пушта ва мавзеихушбодуҳавои ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон қаҳрамони матлаби мо ба воя расидааст. Дар ин деҳаи кӯчаки кӯҳистон, ки онсолҳо сокинонаш аз нерӯи барқ вадигар имкониятҳо маҳрум буданд, қаҳрамони матлаби мо Ҳанифа ба воя расидааст. Волидонаш бо умеди хату саводи кофӣ гирифтан ӯро ба мактаби деҳа равона карданд. Дар деҳаи “Ҳалқаҷар”мактабебуддар тимсолимактабикуҳнаиСадриддин Айнӣ. Ба ҷузчор деворуфаршигилинубомпӯшихасӣ тахтаи синфии куҳнавуфарсуда ашёи дигаре надошт. Дар ин дабистон кӯдакони деҳа ҳамагӣ то синфи чор таҳсил мекардандупасон, ба деҳаи ҳамсоя барои идомаи таҳсил мерафтанд. Он вақт аксарият духтарони худро намегузоштанд, ки таҳсилашонро идома диҳанд.

Қисса кӯтоҳ солҳопаиҳам гузашт. Ҳанифа Саидоваакнунтифли кӯчак набуд. Ҳусну ҷамолаш аз дигар духтарони деҳа ҳеҷ камиенадошт. Аммо иллатилангиданипояш ӯромиёни ҳамсолон ҳиҷилмекард. Ҳарчанд бо ақли расо ва ҳусни зебояш дили даҳҳо ҷавони деҳро тасхиркарда буд.
Аз миёни ҷавонони рустоӣ Идибек ном ҷавони бомаърифату тарбиядида ошиқи Ҳанифа шуд. ҲанифанизазмуҳаббатиИдибекогаҳ буд. Аз шарму ҳаёи зиёдватарсу ҳаросиатрофиён ба ҳам мулоқот намекарданд, балки муҳаббату самимияташонро бо имову ишорабаякдигар баёнмедоштанд.
Аммо хонаводаи Идибек лангидани пойи духтарро баҳона карда, ӯро келин накарданд. Идибек ҳам зидди хоҳиши волидон баромада натавонист. Дар деҳа тӯйикалон барпо шуд. Тӯйи домодии Идибек. Хурду бузургхурсандӣ доштанд, вале Ҳанифа кунҷи хона нишаста зонуҳояшро оғушкарда, зор-зоргиря мекард. Ин зарбае ба руҳу равонаш буд, ки то дергоҳ таҳаммулаш кард. Ӯ иродаи қавӣ дошт ва аз зиндагӣ дилсард нашуд, баракс умед ба ояндаи нек мекард.
Бо гузашти фурсате аз деҳаи ҳамсоя ҷавонмарде бо номи Тағоймурод хостагори Ҳанифа шуд. Тағоймурод қаблан издивоҷ кардаву ҳатто ду фарзанд дошт. Рӯзи тӯй ҳам фаро расид. Ҳанифаи бечора ҳатто либоси арӯсиронадид. Як куртаи алвони сурх ва як рӯймоли ғиҷими куҳнаву рангпарида, кафшисиёҳихоҳарашропӯшидаву хонаи падариро тарк кард.
Домод, ки дар гузашта тую сур карда зан гирифта буд, ин бор Ҳанифаро ҳамту хоксорона ба хонааш бурд. Ба бахташ Тағоймурод марди ботамкину дидадаро баромад. Нисбаташ муносибати хуб дошту бо лутф сухан мекард. Ҳарчанд зиндагӣ дар хонаи модарандари шавҳар аз нахустин рӯзҳо барояш душвор буд, аммо муҳаббати шавҳараш кифоягӣ кард, ки зиндагиро дӯст дорад. Хушдоманаш бо Ҳанифамуносибати созгор надошт. Ҳар бор мегуфт, ки дар хонадонаш як нонхӯр зиёд шудааст. Таҳаммули ин суханҳо барои Ҳанифа душвор буд. Азм кард, ки бо дӯхтани болинҳои гулдӯзӣ, сӯзаниву деворӣ манфиате ба хонавода оварад.
Аз байн се сол гузашта Ҳанифаву Тағоймурод соҳиби ду духтарча шуданд. Модарандари Тағоймурод бо баҳонаи писардор нашудани Ҳанифа ӯро ба хонаи волидонаш гусел кард. Вақтибозгашт ба Ҳанифа гуфт, ки то писар таваллуд накунад, Тағоймурод ро аз ёдаш барорад.
Бо гузашти вақт Ҳанифафарзанди сеюмашро таваллуд кард. Писар не, ин бор ҳам ӯ духтар ба дунё овард. Модарандари шавҳарашбо шунидани ин хабар Тағоймуродро ҳушдор дод, кихабаргириаш нараваду суроғашнакунад. Тағоймурод як муддат ба суханони модарандар гӯшдод, аммо завҷааш Ҳанифаро ва духтарчаҳоичашмшаҳлояшро, ки хело дӯсташонмедошт, бо вуҷуди таъкидҳои модарандар, ки маротибаи аввал ҳам боиси парешонии оилааш шуда буд, ба суроғашон рафтва завҷаи меҳрубону тифлаконашробо худовард. Модарандар инрафтори Тағоймуродро хуш надошта, онҳоро аз хонаи падарӣ берункард.
Дар гармои тобистонзериякниҳоли ток зиндагиро бо оилаи меҳрубону ҳунарманд ва се тифлакаш ихтиёр кард. Тағоймурод деҳқонӣ мекарду Ҳанифабо дӯхтани болинҳоигулдӯзивушерозаҳоба ҳамсараш дар пешбурди рӯзгор кумакрасон буд. Давоми солҳои зиндагии якҷоя бо Ҳанифа боз ду духтари соҳибҷамол таваллуд кард. Акнун онҳо соҳиби панҷ духтари хубрӯ буданд. Пас аз интизориҳои фарзанди шашуми Ҳанифа ба дунё омад. Ҳукумати Шӯравӣ он замон бисёрфарзандиро таблиғ мекард. Оилаи Ҳанифаву Тағоймурод ҳам паи ҳам соҳиби 5 писари дигар шуданд. Акнун онҳо 5 духтар ва 6 писар доштанду Ҳанифа қаҳрамонмодар шуд.
Вақте фарзандидухтари калонии Ҳанифаву Тағоймурод мактаби миёнаро хатм кард, хостанд, ки ӯро барои идомаи таҳсил ба донишгоҳ равона созанд. Аммо калонҳоидеҳаба ин зид баромада, шарт гузоштанд. Онҳо гуфтанд, ки агар чунин кунанд хонаводаи Ҳанифа ва Тағоймурод ро аз ин деҳа берун мекунанд. Падар ноилоҷ монеи таҳсили духтарашшуд. Аммо духтар, кизавқихондан дошт, як рӯз субҳи барвақт аз хона баромаду ғайбзад.
Модар тамоми деҳаро ҷуст, аз хешутабор, дӯстону дугонаҳо духтарашро пурсон шуд, аммо дер ҳеҷ куҷо ӯро наёфт. Навмед гашт, зор-зор гиря карда, дар ин кор шавҳарашро гунаҳкор донист. Онҳо маҷбур шуданд, ки аз гум шудани духтарашон ба нозири минтақавӣ хабар диҳанд.
Аз байн 4 рӯзгузашту корманди милиса қозағпораеро, бо ишораи суроға овард. Қабл аз он, ки ин хабарномаро ба Тағоймурод у Ҳанифа диҳад, шарт гузошт, ки монеихонданидухтарашон нашаванд. Онҳо розӣ шуданд вамилиса ба онҳо гуфт, ки духтарашон аз вилояти Қӯрғонтеппаисобиқ ба вилояти онвақтаи Ленинобод ҳозира Суғд бароитаҳсилрафтаасту аллакайдонишҷӯёи бахши якуми Коллеҷи тиббиишаҳриХуҷандаст. Падару модар хушҳол шуданд, ки фарзандашонро саломатёфтанд ваазиқдомаш ҳам шод шуданд. Аз ин пеш аз деҳаи онҳо ягон духтар берун аз қишлоқ ба таҳсилнарафта буд. Ин рафтори духтараки деҳотӣ он замон қаҳрамонӣ буд. Зеро ӯ аввалин духтаре буд, ки зидди хости падар ва аҳли деҳа ба хондан рафт. Паиҳам дигар фарзандон ҳам калон шуданду алорағми бадгӯиҳои ашхоси аз маърифат дур таҳсилашонро дар мактабҳои Олӣ идома доданд.
Яке духтур шуду дигаре муаллим, савумин бофандаву дигарӣ соҳибкор. Чор писари калонӣ бамислипадар деҳқониро пешакарданд. Дуи дигар соҳибкор шуданд Оилаи ҲанифавуТагоймуроддар деҳавуноҳия намунаи ибрат шуд.
Қаҳрамониматлабамон хонум Ҳанифабо вуҷуди ҳамагунафишорувазниниҳои ҳаёт тавонист рӯзгори босаодатеро басар барад. Фарзандони солеҳу солиҳаро таълиму тарбия дода, онҳоро соҳиби касбу ҳунар гардонад.
Холаи Ҳанифа Саидова акнун 78 сол дорад. Фарзандони баркамолаш ҳамеша парасториаш мекунанд. Ӯ аз касеву чизе камӣ надорад.Ҳоло ҳам вай бекор нишастанро намеписандад. Ҳанӯз ҳамбадӯхтанирафидавуостинчаҳо шуғл меварзад ва занони деҳаро бо ин ашёҳоирӯзгор таъмин мекунаду аз ин ҳисоб даромад ба даст меорад.
Ҳанифа Саидова қаҳрамонмондар аст. Ӯ соҳиби 11 фарзанд, 38 наберава 24 абера мебошад.
Оймоҳ Ҳасанова
Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи Ташаббуси “Нури Рушноӣ” амалӣ карда мешавад. Ташаббуси “Нури Рушноӣ” як шарикии глобалӣ ва бисёрсола байни Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид аст, то ҳама шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон ва духтаронро то соли 2030 аз байн барад.
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ”
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ НАВИ БЕМОРХОНАИ КАСАЛИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР
Хатлон. Беш аз 190 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД
Ҷ. БАЛХӢ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ВА КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ
ТАҶДИДИ МАКТАБ, БУНЁДИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ВА ТАҚВИЯТИ СОХТОРҲОИ ОТАШНИШОНӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад
Ёвон. Ҷалби беш аз 10 ҳазор кӯдак ба истироҳатгоҳҳо
ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ