Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ШУЪЛАИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР ЗАМИРИ ҶАВОНОН
“Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд”.
Эмомалӣ Раҳмон
Мусоҳибаи ходими маҷалла бо Қурбон Қурбонзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ифтихори миллии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии онҳо дар Паёми имсолаи худ таъкид намуданд, ки бояд мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд» шиори ҳаррӯзаи аҳли ҷомеа ба хусус ҷавонон бошад. Ба назари Шумо чӣ гуна метавон ба ин мақсад ноил шуд?
Сараввал бояд гуфт, ки кору пайкор, садоқату муҳаббати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин давлату миллат худ нишони олии ватандӯстию ватанпарастӣ аст, ки ҳар амалу рафторашон барои на танҳо ҷавонон, балки ба кулли мардуми диёрамон намунаи ибрат мебошад.
Ин дафъа низ дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси олии кишвар Пешвои миллат ба ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию адабии ҷавонон ва пешрафту мушкилоти онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, иброз доштанд, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад.
Ба назари мо барои расидан ба ин ҳадаф пеш аз ҳама худшиносии милии ҷавононро баланд бояд бардошт, то онҳо донанд, ки гузаштагонамон аз аҳли илму адаб буданду дар роҳи расидан ба Истиқлолияти комили Ватан шуҷоатмандона чӣ ҷонбозиҳо кардаанд. Падарону модарон дар баробари тарбияи маънавии фарзандон бояд онҳоро на танҳо бо вожаи “ватандӯстӣ” шинос намоянд, балки бо ҳисси баланди миллӣ ва ифтихори ватандорӣ тавре рафтор кунанд, ки дар симоашон писарону духтарон қаҳрамони худро бинанд. Дар мактаб бошад, омӯзгорон дар мисоли корнамоию садоқатмандии бузургони миллат ватандӯстиро ба наврасону ҷавонон талқин намуда, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят менамоянд. Аҳли ҷомеа низ дар ин роҳ бояд бетараф набошанд. Зеро тавре Сарвари давлат зикр намудаанд ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонони худогоҳу ватанпараст ва донишманду тавоно аст. Яъне дар ҳамбастагӣ мо метавонем шуълаи ватандӯстиро дар замири ҷавонон биафрӯзем.
Гузашта аз ин тарғиби ҳарчи бештари ғояҳои ватандӯстию хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию давлатӣ ба манфиати кор буда, фаъолияти босифат ва якҷояи низоми идеологӣ миёни ҷомеа низ метавонад дар роҳи расидан ба мақсуд хизмат намояд.
Воқеан, дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имконоти зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои калидии инкишофи устувори давлат мебошад. Ҷавонони соҳибистеъдод ва босавод дар ҳама давру замон дар рушди босуботи кишвар нақши созанда мегузоранд.
Барои ҳамин ҳам Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо талош менамояд, ки бо ташкил ва баргузории якқатор чорабиниҳо ҷавононро роҳнамоӣ намуда, дар тафаккури онҳо “ватандӯстӣ”-ю “рушд”-ро ҷо намояд, то ин вожаҳо бо маънои томаш шиори ҳар яки мо бошад.
Ин аст, мо миёни ҷавонон хонишҳои сиёсӣ, суҳбату вохӯриҳо, мизҳои мудаввар, аксияҳо, ҳамоишҳо, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва даҳҳои номгӯи дигари чорабиниҳо барпо намуда, садҳо ҳазор ҷавононро ҷалб намуда истодаем.
Аз ҷумла соли гузашта мо дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ панҷ маротиба фестивали ҷавонони вилояро дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Бохтар, Восеъ, Шамсиддин Шоҳин, Ховалинг, Данғара, Темурмалик ва Норак таҳти унвони «Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир...» ва “Пешвои миллат ҳомӣ ва раҳнамои мо” доир намудем, ки дар онҳо ҷавонони фаъол, кормандони соҳа, донишҷӯён ва гирандагони стипендияи президентӣ иштирок намуданд.
Дар доираи “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон”, ки барои солҳои 2023- 2027 қабул гардид, пайваста дар қисмҳои ҳарбӣ, ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар мақомоти низомии мамлакат чорабиниҳои ҳарбӣ- ватандӯстӣ ва суҳбату дидорбиниҳо доир намуда истодаем, ки дар онҳо аксаран ҷавонони синни даъватӣ ва волидайнашон вохӯрда, аз рафти хизмат, шароити қисми ҳарбӣ ва вазъи буду боши аскарон аз наздик шинос мешаванд. Ҳамчунин дар ин тадбирҳо барномаҳо махсуси фарҳангӣ ва ҳавасмандагардонии ҷавонон ташкил карда шудаанд, ки ин ҳам як василаи ҷалби онҳо ба хизмати Ватан мебошад.
Ҳукумати мамлакат «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027»-ро ба тасвиб расонида, дар ин замина қабули барномаҳои маҳаллии кор бо ҷавононро зарур шуморидааст. Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят дар ин самт чӣ тадбир меандешад?
- Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ҳамчун ниҳоди масъул дар доираи стратегияву барномаҳои давлатӣ ва нақша-чорабиниҳои худ пайваста талош менамояд, ки ин қишри ҷомеаро ҳамаҷониба дастгирӣ намояд. Бо ҳамин мақсад соли гузашта ба 210 нафар ҷавонони имконияти ҷисмониашон маҳдуд, бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат аз ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят ба маблағи умумии 30 ҳазор сомонӣ кумаки яквақтаина расонида шуд.
Тазаккур бояд дод, ки сол то сол бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат баҳри ҳавасманд намудани наврасону ҷавонон ба донишомӯзӣ, забондонӣ, ҳунармандӣ, эҷодкорӣ ва дигар малакаҳои касбӣ тадбирҳои судманд андешида мешавад. Яке аз ин дастгириҳои рӯзафзуни Роҳбари давлат Стипентияи президентӣ барои ҷавонони фаъолу лаёқатманд мебошад, ки гирандагони он дар вилоят 1 ҳазору 200 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин замина стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, стипендияи раиси вилоят ва бархе аз шаҳру ноҳияҳо низ роҳандозӣ гардидаанд. Соли 2022 танҳо шумораи гирандагони стипендияи раиси вилояти Хатлон ба 130 нафар расид, ки ин худ гувоҳи ғамхории давлат нисбат ба ҷавонон аст.
Имсол мо тасмим дорем, ки бо ғояҳои нав, ташаббусҳои созанда ва роҳандозии тадбирҳои муҳим, ки мароми ҳамаи онҳо пешбурди босифати сиёсати давлатӣ кор бо ҷавонон аст фаъолиятамонро боз ҳам беҳтар ба роҳ монем.
Баҳри оммавияти варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон чӣ корҳо ба анҷом расонида шуд?
Оммавияти варзиш ва ҷалби ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба намудҳои гуногуни он яке аз ҳафаҳои асосии мо ба ҳисоб меравад. Зеро варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ василаи хуби тарзи ҳаёти солим буда, на танҳо ба саломати инсон манфиат бахш аст, балки он беҳтарин роҳи пешгирӣ аз амалҳои номатлуб миёни ҷавонон мебошад.
Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят дар як якҷоягӣ бо сохторҳои маҳаллӣ дар баробари ташкили мусобиқаҳо аз рӯи намудҳои гуногун миёни варзишгарон ҳамчунин баҳри тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷомеа бо усули деҳа ба деҳа байни кормандони ташкилоту муассисаҳо бозии волейбол, футбол, тениси рӯй миз, шашкаю шоҳмот ва варзиши гуштини миллиро дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда, бо ташкили мусобиқаҳои гуногун беш аз 137 ҳазор нафарро фаро гирифааст.
Варзишгарони вилоят давоми соли гузашта дар 132 чемпионат ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазовори 1 ҳазору 48 медали тилло, 918 медали нуқра, 1 ҳазору 96 медали биринҷӣ гардидаанд.
Инчунин онҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар 29 мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш иштирок намуда, 53 медали тилло, 41 медали нуқра ва 70 медали биринҷӣ, дар маҷмуъ 164 медал ба даст оварданд, ки ин нишондодҳо нисбати солҳои пешин зиёд мебошад.
-Дар раванди корҳои ободонию созандагӣ таваҷҷуҳ ба бунёду азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди иншооти варзишӣ дар вилоят чӣ гуна аст?
Бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори ҷашнҳои миллию давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят даҳҳо адад иншооти варзишӣ бунёд гардида, мавриди истифодаи умум қарор дода шуданд. Хурсандибахш аст, ки ин раванд ҳоло ҳам идома дошта, дар доираи ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру навоҳии мамлакат сохтмони толору майдончаҳои варзишӣ, маҷмӯаҳои варзишӣ, ҳавззои шиноварӣ ва амсоли ин ба нақша гирифта шудааст. Танҳо соли 2022 дар аксари шаҳру ноҳияҳои вилоят дар маҷмӯъ 31 адад иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шуд, ки дар бунёди онҳо саҳми соҳибкорону ҷавонони ватандӯст зиёд аст.
Имрӯз дар вилоят 3 ҳазору 171 майдончаи варзишӣ, 40 варзишгоҳ, 569 толори варзишӣ, 11 маҷмааи варзишӣ, 231 иншооти махсуси варзишӣ (тенис, боулинг, фитнес ва ғайра) ва 37 ҳавзи шиноварӣ мавҷуд мебошад, ки аз онҳо ҳазорҳо нафар наврасону ҷавонон баҳравар гардида истодаанд. Дар муассисаҳои мазкур аз рӯи 34 намуди варзиш 170 ҳазор нафар аз он ҷумла 2 ҳазору 600 нафар бонувон ҳамарӯза ба машқу тамрин фаро гирифта шудаанд.
Амонулло Бахтиёрзода

Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД