Бойгонӣ

Мактаби ғолиб

Вақте шогирди муаллим нафари обрӯманд мегардад, агар шогирди  вафодор бошад аввал аз устоди худ ёдовар мешавад, ки алфози накуяш омӯхтааст. Зеро, агар устод ӯро ба роҳи рост ҳидоят намекард,  ҳеҷ гоҳ шарафманду комёб намешуд. Воҳид Тешаев, устоди фанни таърих ва ҳуқуқи МТМУ №3-и ноҳияи Ховалинг аз зумраи чунин омӯзгорони арзанда аст.
Воҳид Тешаев хатмкардаи факултаи таърих ва ҳуқуқи ҳозира Донишгоҳи миллииТоҷикистон мебошад. Баъди хатми донишгоҳ соли 1989 ба МТМУ 9-и деҳаи Токак, Даҳани Шоли ноҳияи Ховалинг ба кор омад. Муддати солҳои 1989–1992 дар МТМУ № 9 кор кард ва аз соли 1992 ба МТМУ № 3 ба кор омад ва то ба имрӯз дар ин муассиса фаъолият карда  истодааст. Бо сабаби нарасидани омӯзгори фанни таърих ҳамон солҳо дар баробари МТМУ №3 ҳамчунин дар МТМУ №12 ҳам ба шогирдон аз фанни таърих дарс медод. Муддати 30 соли зиёди ҳаёти омӯзгори ӯ дар ҳамин мактаб гузаштааст. - Тӯли 14 сол шогирдони банда 16 медал дар сатҳи ҷумҳурӣ ба даст овардаанд, ки аз ин 6 адади он медали тилло, 7 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ аст. Ѓайр аз 16 медали умумии синфҳои болоӣ боз хонандагони аз синфи 6 то 9 низ 4 медал ба даст овардаанд. Дар масъалаи ҳавасмандгардонӣ бошад дар муддати 14 сол фақат дар давраи раиси ноҳия будани Сафаралӣ Раҷабов, Вализода Қодир ва Нурулло Мирзозода ҳар кадомеашон солҳои медал овардани шогирдонам моро ҳавасманд гардонида буданд. Дар давраи раиси ноҳия будани Парвиз Акрамзода ва Муътадӣ Маҷидӣ бошад фақат як ифтихорномаӣ ҳавасмандӣ гардонидаанду халос. Дар даврони Шуравӣ Маҳфили таърихчиёни ҷавон ва Маҳфили бостоншиносону кишваршиносони ҷавон доштем.Бо устод Саидзода Амирхони Мункӣ, ки он вақт роҳбари ҳамин муассиса буд, ҳамкорӣ мекардем. Шогирдони мактаби мо дар даврони собиқ Шуравӣ дар байни осорхонаҳои ҷумҳуриявӣ дар як озмуне, иштирок карда, дар Тоҷикистон соҳиби ҷои дуюм гаштанд ва ба ҷойҳои таърихии шаҳрҳои қадимаи Самарқанд, Бухоро ва Панҷакент сафар карданд. Хушбахтона, инак 14 сол мешавад, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ шогирдони мактаби мо ҳар сол аз фанни таъриху ҳуқуқ ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуда меоянд. Соли гузашта хонандаи синфи 11-и мактаби мо- Қурбоналӣ Сафаров аз фанни таърих дар сатҳи ҷумҳурӣ соҳиби медали тилло шуда буд, ки ҳозир донишҷӯи курси якуми факултаи фалсафаи шуъбаи сиёсат ва идоракунии давлатии ДМТ аст. Соли ҷорӣ хонандаи синфи 11-и мактаби мо Сафархон Муродов аз фанни таърих дар озмуни ҷумҳурӣ сазовори ҷои 2 ва медали нуқра гардид. Маҳмадрофеъ Раҳмонов бошад аз фанни таърих дар сатҳи ҷумҳурӣ соҳиби медали биринҷӣ шуд. Ҳамчунин, хонандаи синфи 9- уми мактаби мо Саидхоҷаи Назрулло дар байни хонандагони синфи 9–10 аз фанни таърих ҷои сеюм, хонандагони синфи 8 Навшод Шарифов аз фанни ҳуқуқ ҷои дуюм, Фаридуни Сиёвуш аз фанни таърих ҷои дуюм, Хуршед Давлатов хонандаи синфи 6 аз фанни таърих ҷои сеюмро ҳама дар сатҳи ҷумҳурӣ соҳиб гаштанд.Бояд гуфт ки дар озмуну олимпиадаҳои фани таъриху ҳуқуқ дар сатҳи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон пешсафиро аз даст намедиҳад,ки ин бо шарофати се- чор нафар омӯзгорест, ки ба таври ҳақиқӣ шогирдонро имтиҳон мегиранд ва мақомеро, ки дар сатҳи дар вилоят соҳиб мешаванд дар ҷумҳурӣ ҳамин мавқеашонро аз даст намедиҳанд. – мегӯяд, В. Тешаев. Муаллими соҳибтаҷриба ба пурсиши он, ки оё ягон нафар шогирде доред, ки дар оянда ҷойгузинатон дар мактаб бимонад ва мисли худатон чунин шогирдони донишманду ѓолиби озмунҳоро тарбия карда тавонад, мавсуф иброз дошт, ки камбудии кори мо ҳамин аст, ки шогирдони беҳтарину боқувват тайёр мекунем, вале онҳо дар деҳот намеистанд. 
Имсол як дастпарвари беҳтаринамон Некрӯз Қубонов баъди хатми донишгоҳ ба ноҳия баргашт, ки умедворам рисолати моро идома хоҳад дод. Дар сатҳи ноҳия ҳамчунин, Фатҳиддин Сулаймонов дар МТМУ№ 16-и деҳаи Садбаргои ноҳия фаъолият дорад, ки  шогирдони ӯ се медали тиллову як биринҷӣ гирифтанд,- афзуд В. Тешаев. Ба гуфтаи Воҳид Тешаев, дар назди муассисаи таълимии онҳо Маҳфили таъриху ҳуқуқ фаъолият дорад, ки барои озмунҳо шогирдони беҳтаринро тайёр мекунад. Айни замон 20 нафар дастпарварони ин маҳфил дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат карда истодаанд. Ҳамчунин дар сафҳои КАМТ ва қисми дигарашон устодони донишгоҳҳо мебошанд, ки чанд нафаре аз онҳо рисолаҳои номзадӣ ҳимоя кардаанд. Ногуфта намонад, ки МТМУ №3-и ноҳияи Ховалинг омӯзгорони хуби фанни химия ва биология низ дорад. Ҳар сол шогирдони мактаб Квотаи президентии ноҳияро соҳиб мешаванд. Воҳид Тешаев оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад. Ду духтарчаи калонӣ оиладор буда, паи зиндагии мустақилонаи худ буда, духтарчаи хурдӣ бошад ДДТТ – ро хатм карда, ҳоло дар шаҳри Исфара ба ҳайси табиб фаъолият дорад. Писари калонии ӯ устоди Донишкадаи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва писарчаи хурдиаш барои донишҷӯ шудан ба муассисаи махсуси таълими ҳарбӣ ҳуҷҷат пешниҳод карда, алаккай чанд зинаи санҷишу имтиҳонҳоро паси сар намудааст. 

Билоли ШАМС, ноҳияи Ховалинг
Похожие новости:
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Варзиш / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019