ЯКҶОЯ АЛАЙҲИ КОРРУПСИЯ!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди амали номатлуб гуфтаанд: "Яке аз хатарҳои дигаре, ки ба рушди устувори давлат монеъ шуда, ба нуфузу обрӯи он дар арсаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ мерасонад, коррупсия мебошад. Ҷиҳати мубориза бар зидди ин кирдори номатлуб солҳои охир дар кишвари мо заминаҳои дахлдори ҳуқуқӣ ва ташкилӣ муҳайё карда шудаанд, вале ҷиҳати паст намудани шиддати омилҳои коррупсионӣ зарур аст, ки иштироки боз ҳам фаъолтари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт таъмин гардида, нисбат ба амалҳои коррупсионӣ фазои воқеан оштинопазир фароҳам оварда шавад".

Коррупсия як намуди амали ғайриқонунии бадбахткунандаи инсонҳо мебошад, ки ҷомеаро ба қафо кашида, сабаби паст рафтани шаъну шараф ва обрӯи ҷомеа мегардад. Коррупсия ин дарди ҷонсӯз, ки дар вақтҳои охир дар сайёра бештару фарохтар доман паҳн карда истодааст, аҳли башарро ба таҳлука афкандааст.
Коррупсия ё худ ба ибораи дигар ришва ин аслан ба даст овардани пулу моли бедарди миён буда, асосан аз ҷониби баъзе шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ, кормандони соҳаҳои мухталиф ба мушоҳида мерасад, ки он рафта – рафта, оташи умеди мардумро ба ҳокимияти кунунӣ сард намуда, охируламр ба фалаҷ гардидани ин дастгоҳи пурқудрат оварда мерасонад, ки ин вазъ боиси нигаронист.
Муборизаи беамон бурдан бо ин амали нангин муҷиби устувору пойдор нигоҳ доштани пояҳои давлатдорӣ, рушди суботи иқтисодиву иҷтимоии давлат ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум мегардад. Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-августи соли 2021, №222 қабул карда шудааст.
Коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад. Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи муқовимат бо коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ин аст, ки муқовимат бо коррупсия мунтазам чораҳои мақсаднок роҳандозӣ гардида, барои ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ пайваста заминаҳои ташкиливу ҳуқуқиро амалӣ гашата истодааст.
Баъди ба тасвиб расонидани “Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия” минбаъд (Конвенсия СММ зидди коррупсия), яъне, шурӯъ аз 25 майи соли 2006 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати имрӯза зиёда аз 26 санади меъёриии ҳуқуқие, ки асосҳои ташкиливу ҳуқуқии самтҳои муқовимат бо коррупсияро муқаррар менамоянд, қабул карда шуда, барномасозии муқовимат бо коррупсия дар сатҳи давлатӣ ба роҳ монда шуд.
Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар ин самт пешгирифта то ин муддат ду санади барномавии дурнамо, аз ҷумла бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008 таҳти №34 “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013 таҳти №1504 “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” қабул карда шуданд. Тасдиқ гардид, ки дар доираи ин стратегияҳо аксари масъалаҳо баҳри тақвияти мубориза ва пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ ҳалли худро ёфтанд.
Тазаккур бояд дод, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳз дар доираи стратегияҳои мазкур амалӣ намудани чорабиниҳо доир ба муқовимат бо коррупсия гувоҳи ташаккули сиёсати зиддикоррупсионӣ ва кафолати ноил гардидан ба дастовардҳо дар ин ҷода шинохта шудааст.
Мӯҳлати амали “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013 таҳти №1504 тасдиқ карда шудааст, ба итмом расид. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар давраи амалисозӣ Стратегияи мазкур барои паст кардани шиддати коррупсия ва баланд бардоштани обрӯю нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
“Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ҳамчун барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия ба ҳисоб рафта, дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмиллалӣ амалӣ карда мешаванд.Чорабиниҳои дар Стратегия пешбинишуда ба меъёр ва принсипҳои қонунгузории миллӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таҳлили вазъи ҷинояткорӣ ва пешгӯии раванди он, натиҷаҳои равандҳои муштарак, ки аз ҷониби коршиносони байналмиллалӣ, намояндагони мақомотҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод шудаанд, асос ёфтааст.
Мақсад ва вазифаи асосии амалисозии Стратегия аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ бо коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмӯъ паст намудани шиддати коррупсия давр Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум равона карда шудааст.
“Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” яке аз муҳимтарин ва асоситарин ҳуҷҷат маҳсуб гардида, дар ташкили мубориза бар зидди коррупсия, пешгирии коррупсия ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, дар бартараф намудани оқибатҳои номатлуби кирдорҳои коррупсионӣ нақши калидӣ дорад.
Ҳадафи асосии Стратегияи мазкур таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, суботи сиёсӣ, устувор намудани эътиқоди мардум ба давлат ва иштироки васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар идоракунии давлатӣ, тавсеаи маърифати ҳуқуқии ҷомеа, баланд бардоштани сифати омодагии касбии мутахассисон дар соҳаи ташкили пешгирӣ ва муборизаи бевосита бар зидди коррупсия, таҳқиқоту сабабу оқибатҳои коррупсия дар рафти омодакунии кадрҳо, иштирок дар семинарҳо, конференсияҳо ва мизҳои мудаввар, таъмини ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷараёни муқовимат бо коррупсия мебошад.
Мо тарафдори сиёсати зиддикоррупсионӣ ҳастем ва дар мубориза алайҳи он бояд якҷоя амал кунем.
Сумангули Асадбек