Бонуе исмаш бо ҳарфҳои заррин

Агар феҳристи фаъолзанони шаҳри Бохтарро дар тӯли солҳои Истиқлоли давлатӣ тартиб дода шавад, бе шакку шубҳа дар сатри аввали он исми номвари маорифпарвари асил, бонуи солеҳа, як тан аз собиқадорони соҳаи таълиму тарбия ва идеологи маъруф Қосимзода Солеҳамо бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ мегардад.

 Ин бонуи соҳибэҳтиром миёни пиру барнои ин шаҳри сокинонаш гуногунмиллат маълуму машҳур аст. Қосимзода Солеҳамоҳ  аз зумраи шахсиятҳои хидматнишондодаест, ки тӯли зиёда аз чаҳор даҳсола фаъолияти меҳнатӣ, бештари он дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият дошта, бо дасту дили поку хислатҳои адолатхоҳӣ ва поквиҷдониву одоби шоистаи муошират бо атрофиён миёни ҳамкорону мардуми одӣ маҳбубият пайдо кардааст.
Достони ба фаъолияти сиёсӣ ворид шудани Солеҳамоҳ аз тирамоҳи соли 1992 оғоз меёбад, ки дар саросари кишварамон ҳушу ёди ҳама ба рафти Иҷлосияи 16 - уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон банд буду, пиру барнои Тоҷикистон интизори ба сари қудрат омадани шахсияте буданд, ки сулҳу оромиро дар Ватанамон кафолат диҳад. Ҳамин тавр ҳам шуд, баъди аз минбари Шурои Олӣ садо додани паёми «Ман ба шумо сулҳ меорам» дар қалби ҳазорон сокинони кишвари дар гирдоби ҷанг умед ба ояндаи некро бахшид. 
-Дар баробари дигар қишрҳои мухталифи ҷомеа  тарбиятгарони насли наврас низ бо дили гарму шавқу рағбат ба рисолати муқаддаси хеш фаъолияти худро идома бахшиданд. Гарчанде норасоии маблағи нақдӣ дар бонки давлатӣ мушоҳида шуда, кормандони соҳаи буҷетӣ моҳҳо бе музди маош кор мекарданд, аммо умед ба ояндаи нек моро неруи тоза мебахшид,  - ба ёд меорад гузаштаро Солеҳа Қосимзода. – Таърихи пурфоҷиаи миллати тоҷик бори дигар собит намуд, ки илму дониш, устоду донишмандон дар ҳама давру замон наҷотбахши мардум аз мушкилоту муаммоҳои зиндагӣ буда, танҳо ақлу андешаи солим тиннати поку арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддас наҷотбахшу роҳнамои ҷомеа ба сӯи ояндаи дурахшону шукуфоии ҷамъият мебошад.
Маҳз ғояи сулҳу Ваҳдати миллӣ сарҷамъии миллати пароканда ва бунёдгузории давлати соҳибихтиёру мутамаддин аз ҳадафҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки бо саъю талошу сабру таҳаммулпазирӣ ва иродаи усутувор  ба он ноил гардиданд. Омӯзгорони шаҳри Бохтар ба хотири таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ҷалби мардум ба корҳои ҷамъиятӣ ва илму донишандӯзии фарзандони онҳо тариқи суҳбату вохӯриҳои хона ба хона сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти мамлакатро миёни мардум тарғиб менамуданд.
-Дарвоқеъ, маҳз он наврасоне, ки дар мушкилтарин шароитҳои иҷтимоӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда буданд, имрӯз дар вазифаҳои баланди роҳбарӣ кору фаъолият дошта, дар рушду нумуи вилоят ва кишварамон саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд, - мегӯяд Қосимзода Солеҳа. – Аз ҷумла дар он шабу рӯз бинобар фаъолият надоштани муассисаҳои томактабӣ тифлонамро ба тарбияи модарам вогузоштам, то дар рушду эҳёи навини соҳаи маорифи шаҳрамон, ҷалби толибилмон ба мактаб ва таҳияву татбиқи тарҳҳои гуногуни самти таълиму тарбия хизмати бештаре анҷом дода, ҳамзамон дар дигар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзам.
Дастоварду собиқаи зиёди фаъолияти омӯзгориашро ба инобат гирифта, ӯро зина ба зина дар вазифаҳои роҳбарии соҳаи маориф таъйин менамуданд. Ҳамин сон дар замони фаъолият ба симати мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар таҷрибаи дар ин ҷода паси сар намудааш кор омад. Маҳз дар он солҳо ба вазифаҳои сарварии муассисаҳои таълимӣ ва таҳсилоти томактабӣ кадрҳое таъйин мешуданд, ки на кам аз 8-10 соли фаъолияти пурсамари омӯзгорӣ доранд. Ин буд, ки дар ду давраи роҳбарии шуъбаи маорифи шаҳри Бохтарро бар зимма доштанаш сатҳи таълиму тарбия дар мактабу муассиаҳои томактабии маркази вилояти Хатлон беҳтар гардида, толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳр бо дастовардҳои назаррас муаррифгари вилояти Хатлон дар арсаи ҷумҳурӣ ва фаротар аз он буданд.
Дар ин миён Солеҳамоҳ Қосимзода давоми як сол  ба ҳайси сардори он вақт Кумитаи кор бо занон ва оилаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон фаъолият бинмуда, аз соли 2006 аз нав ба  вазифаи мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар таъйин гардид. Баъдан давоми панҷ соли дигар муовини раиси шаҳри Бохтар фаъолият намуда, аз соли 2017 дубора ба кори таълиму тарбия баргашт. Муддате сарварии Литсейи «Ориёно»-и шаҳри Бохтарро бар зима дошт. Айни замон ба ҳайси муовини аввали директори Муассисаи давлатии таълимии литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бохтарро ба уҳда дошта, бо таваҷҷуҳ ба такмили ихтисоси муаллимони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи курсҳои такмили ихтисоси кормандони соҳаи маорифро тақозои замон мешуморад.
Ба гуфтаи собиқадори соҳаи маориф бидуни бозомӯзӣ ва такмили донишу табодули таҷрибаи пешрафта омӯзгорони ҷавон дар таълими насли замони муосир муваффақ гардида наметавонанд. Аз сӯи дигар садоқат ба пешаи омӯзгориву меҳру муҳаббат ба насли наврас тарбиятгари асилро водор месозад, ки ба мушкилоти соҳа нигоҳ накарда рисолати касбии худро содиқона иҷро намояд. 
 Ҷавобан ба ғамхориҳои Сарвари давлат, ки бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи маориф иқдомҳои ояндасозеро амалӣ карда истодаанд,  омӯзгорони ҷавон бояд дониши худро такмил дода, бо омодагии ҳамаҷониба ба дарс ҳозир шаванд. Зеро насли имрӯз, ки ба воситаҳои гуногуни иттилооту фарҳанг дастрасии осон дорад, ба дарсҳои дар чаҳорчӯбаи қолабҳои шахшуда таваҷҷуҳ нахоҳад кард.
Солеҳа Қосимзода давоми солҳои вазифаи муовини раиси шаҳри Бохтарро бар зимма доштанаш оид ба сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар, моҳияти рушди соҳаи маориф, омӯзиши афкори умум ва мафкурасозӣ дар ҷомеа донишу таҷрибаи зиёд андухта, ҳама ҳастии худро ба таълими илм ва тарбияи маънавии насли наврас дар рӯҳияи инсондӯстиву эҳсоси ватандорӣ бахшидааст.
                                 Ҳолнома.
Солеҳамоҳ Қосимзода соли 1960 дар шаҳри Бохтар дар оилаи хизматчӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Баъди хатми МТМУ №6  ба Филиали Донишкадаи омӯзгорӣ имрӯза ДДБ ба номи Носири Хусрав дохил шуда, онро бо ихтисоси омӯзгори фанни забон ва адабиёти рус ба итмом мерасонад. Фаъолияти омӯзгориро аз МТМУ №45-и ноҳияи Кӯшониён имрӯза МТМУ №14 шаҳри Бохтар оғоз бинмудааст. Аз соли 2000 ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар фаъолият карда, давоми ҳамон сол ба вазифаи мудири шуъбаи маорифи шаҳр таъйин мегардад. Солҳои 2005-2006 сардори Кумитаи кор бо занон ва оилаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ва аз соли 2006 то соли 2012 бори дувум ба симати мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар фаъолият бинмудааст. Солҳои 2012-2017 муовини раиси шаҳри Бохтар ва сипас як соли дигар сарварии Литсейи давлатии Ориёнои шаҳри Бохтарро бар зимма дошт. Айни замон Солеҳамоҳ Қосимзода дар баробари рисолати омӯзгорӣ вазифаи муовини аввали директори Муассисаи давлатии таълимии литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бохтарро бар зимма дорад.
  Юсуфи Собир
Похожие новости:
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Варзиш / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий