Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
18 мар 16:15Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Шеъру адаб
Мешамад бӯйи Ватан з-ашъори ӯ
Шоири ширинкалом Хосият Вализода аз шумораи адибони пурмаҳсулу навоварест, ки зиёда аз 50 сол боз бо қалами пурэъҷозу сеҳрофар ва диду нигоҳи тоза шеър мегӯяд. Шеърҳояш бо санъати баланди бадеӣ, нозукӣ ва мазмуни барҷаста эҷод гардида, аз ашъори пурғановати қиблагоҳаш, шоир, мутриб ва ҳофизи халқӣ устод Сайидалӣ Вализода сарчашма мегирад. Нахустин шеъри худро бо дуои хайри падар пешкаши толибони каломи бадеъ намуда буд. Ҳамин сон тӯли умри пурбаракати хеш аз қалами пурэъҷози ин шоири ширинкалом ашъори пурѓановате мисли «Давоми роҳ» (1986), «Пайғоми Кӯлоб» (1992), «Дуруди сапеда» (2000), «Меҳани ҷон, Тоҷикистон» (2004), «Таърихи сабз» (2006), «Лаҳзаҳои бо ту будан» (2007), «Парвозро даричае бикшо» (2011), «Садоқати сапед» (2014), «Дар соясори Ваҳдат» (2019) рӯи чоп омадааст.
Тавре худ и қрор омада буд, шеърҳои бо хуни дил навиштааш, ки саросар тасвирҳои зебои мантиқӣ, манзараи табиати биҳиштосои Ватан, ғояҳои бузурги инсондӯстӣ бо мазмуну бадеияти баланд суруда шудаанд, дар тарбияи маънавии насли пеш аз Истиқлолу замони соҳибистиқлолӣ нақши муассир хоҳанд гузошт.
Эҷодиёти Хосият Вализода саршори меҳру вафо тараннуми дӯстиву арзишҳои муҳими инсонӣ буда, хонандаро ба инсондӯстиву рафоқат ва дӯст доштани якдигар тал қин менамояд. Шоир мекӯшад, то миёни одамон эҳсоси кинаю адоватро нобуд карда, хонандаро ба хайру накукорӣ даъват кунад.:
Одамон дигар бас аст ҷангу ҷидол, эҳсон кунед,
Ҳар дили афсурдаро лутфан баҳористон кунед.
Кинаҷуву бад набошед, ошиқи некӣ шавед,
Дар ҳама ҳавои ҳастӣ дӯстро пурсон кунед.
Боғҳои отифат бунёд созед ҳар куҷо,
Бор орад, қатраҳои ҷони худ борон кунед.
Одамон, лутфан ба ҳам оед алайҳи деву дад,
Субҳи фардои башарро офтобборон кунед.
Шеърҳои Хосият Вализода бо забони шеваю сода ва дилнишин эҷод гардида, ифодагари рӯзгори во қеии одамон буда, чеҳраҳои мондагор ва таърихи бостонии миллати куҳанбунёди тоҷикро моҳирона инъикос кардааст. Афкору андешаҳои ватандӯстона дар ашъори шоир аз таърихи пурифтихори миллати тамаддунофари тоҷик сарчашма мегирад.
Рӯдҳои дарёҳои ҷориам, ориёиям,
Даштҳои ташналабро обёриям, ориёиям.
Ҳастиам пиндорҳои некро дорост,
Зардуҳушт аст ҷавҳари хешутабориам, ориёиям.
Ҳамчу «Шоҳнома»-ст оре, қиссаҳоям сабз,
Аз канори ҷаҳлу нодонӣ фарориям, ориёиям.
Дар миёни баҳру уқёнуси боварҳо,
Мавҷҳои зиндагониро савориям, ориёиям.
Рӯйише дар мағз –мағзам медамад з-ин рӯ,
Субҳи сулҳу ваҳдату умедвориам, ориёиям.
Шоири ватансаро аз таърихи пурифтихори миллати куҳанбунёди хеш огаҳии хуб дошта, бо ифтихор аз таваҷҷуҳу талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи фарҳанг ва бунёду эҳёи ёдгориҳои таърихӣ андар шеъри «Ҳулбук» овардааст:
Ин ҷо қадам оҳиста мон,
Ин ҷо қадам поянда аст.
Вайронаи пандомӯзаш,
Ободии оянда аст.
Оре, қадам оҳиста мон,
Бар рӯи ин хоки дурушт.
Шояд, ки ин ҷо зистааст,
Авлодҳои Зардуҳушт.
Шояд дар ин ҷо салтанат,
Авлодҳои Зардуҳушт.
Шояд дар ин ҷо салтанат,
Бунёд буд аз шоҳ Сабал.
Ё шоире чун Рӯдакӣ,
Озод мегуфтӣ ғазал.
Ҳар зарра хокаи достон,
Дорад, агар ки бишнавӣ.
Аз фазли шоҳони Хутал,
Хунрезиҳои Ғазнавӣ…
Шоири фидоии Ватан дар шеъри «Сирдарё», ки руҷӯе барои бузургдошти рӯҳи поки модараш намудааст, мегӯяд:
Сиришки шодии Зурвонӣ Сирдарё,
Замоне к-он сари кӯҳи Булур.
Ғелиду шуд дарё,
Аҳуро з-он ки ҷон Аҳриман омад.
Ва торикии мутлақ рафт аз дунё,
Аз он дам бо тамоми сирру асрорат.
Равониву равон,
Сикандар омаду рафт.
Муслими аъробу Чингизхон,
Темурланги одамхор.
Дилатро сахт дод озор,
Бигӯ дарё,
Бигӯ, ки модари ман ҳам ба ёдат ҳаст?
Дарво қеъ ҳам ашъори пурғановати шоир ба шарҳу тафсир ниёз надорад. Зеро шеърҳояш пурмазмун ва содаву равон суруда шудаанд. Ӯ шоирест, ки ашъори дилнишинашро ҳазорон нафар дӯстдорони каломи бадеъ пазируфтаву худашро дӯст медоранд. Оҳангсозону овозхонҳои номвари кишвар ва кишварҳои ҳамҷавор ба шеърҳояш оҳанг баставу он сурудҳои мондагорро манзури ҳаводоронаш мегардонанд.
Хосият Вализода барои бузургдошти хотираҳои падар, ҷовидон намудани ному ашъор дар ҳавлии падар осорхонае бунёд кардааст ва дар пайравӣ ба ашъори қиблагоҳ дар майдони адабиёт гомҳои устувор мегузорад. Ӯ бунёдгузори ташкилоти ҷамъиятии «Армуғони сулҳ» дар суҳбату вохӯриҳо бо мардум сулҳу дӯстиро ташвиқу тараннум менамояд. Дар баробари узви фахрии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» будан, ҳамзамон раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ва муовини раиси Бунёди сулҳи Тоҷикистонро низ ба уҳда дорад.
Қисми зиёди ашъораш аз ҷониби адибон Мария Фофанова ва Карим Ҳайдар ба забони русӣ тарҷума шудаанд.
Шоири мумтоз Хосият Вализода аз тинҷиву амонӣ, рушди босуботи кишвар ва шукуфоии он ифтихор мекунад ва орзу дорад, ки ҳамеша дар оғӯши модаронаи ӯ бошад. Тавре дар саҳифаҳои мондагори ашъори ватандӯстонааш овардааст:
Зеботарин таронаи дил, ҷони ман Ватан,
Эй субҳи пуршукуфаи хандони ман Ватан.
Кӯҳу доманат тандиси таърихи ранг-ранг,
Хатлону Рашту Суғду Бадахшони ман Ватан.
Баъди ҳазорсола раҳи ормону ишқ,
Мелоди Сулҳу Ваҳдати Раҳмони ман, Ватан.
Аъзамҷон Бобозода, шаҳри Кӯлоб
Добавить комментарий
Ахбор
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид 13:03МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ 13:25ХАТЛОН.РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД 15:18ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БОРИ НАХУСТ КУРСИ АЗНАВТАЙЁРКУНИИ КАДРҲОИ ДАР ЗАХИРАБУДАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ РОҲАНДОЗӢ ГАРДИД 11:12ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН 10:05НАХУСТНАМОИШИ “МЕТРАНПАЖ” ДАР ТЕАТРИ ВИЛОЯТӢ 10:56ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИК 10:49ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН 16:35
Серхонандаҳо
МАРҲИЛАИ ДУЮМИ АЗНАВСОЗӢ ВА ТАЪСИСИ МЕДИАТЕКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТИИ БА НОМИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ОҒОЗИ АЗНАВСОЗИИ КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
ҶАЙҲУН. 1,1 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
БОХТАР. БОЗ ЯК КӮДАКИСТОНИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
ЛЕВАКАНТ. НИЁЗМАНДЕ СОҲИБИ ХОНА МЕШАВАД
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД
ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГ - НИШОНАИ ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА АЁДАТ ВА ТАБРИКИ ИШТИРОКДОРИ 103-СОЛАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ РАФТАНД
ҶАВОНОН ВА МАСЪУЛИЯТИ ОИЛАДОРӢ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД


