Ядвига

Як рӯзи ҳаёти шахсони бознишаста, ё ба қавле рӯзгори нафарони ба нафақаи синнусолӣ баромада, аз мавзӯъҳои ибратомӯз барои хонандаест, ки аз ҳоли ҳозир барои худ барномаеро тарҳрезӣ менамояд, то дар овони пиронсолӣ ҳам ба андешаҳои созандаву ташаббускориҳои ҷолиб хушбахту саодатманд бошад. 
  Самадова Ядвига аз арбобони маъруфи деҳоти Навобод, зиёда аз 55 сол боз ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти руси МТМУ №36 –и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ фаъолият дорад. Дар баробари фидокориҳо ба хотири рушди забони русӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна, ва хизматҳои шоёнаш дар таълиму тарбияи насли наврас, ӯ бо хислатҳои ҳамидаву рафтору пиндори накукоронааш намунаи ибрати ҳамдеҳагон буда, ҷавонону бонувон дар симои вай идеали худро мебинанд. Ҳанӯз 20 сол дошт, ки аз зодгоҳаш шаҳри Минск ба Москав ва аз он ҷо дар қатори даҳҳо омӯзгорони фанни забони русӣ ба пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ҳиҷрат намуд. Шояд дар он лаҳзао гумон надошт, ки дар ин ҷо ҳамсафари ҳаётии худро пайдо карда, барои ҳамешагӣ дар Тоҷикистон мемонад. 
 Овони таҳсил дар омӯзишгоҳи педагогӣ дар зодгоҳам, Ҷумҳурии Белорусия забони русиро хуб медонистам, бинобар ин моро барои идомаи фаъолияти омӯзгорӣ ба ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону  Тоҷикистон даъват намуданд, ки дар қатори даҳҳо ҷавонони белорусӣ ман низ ин таклифро ба хушнудӣ пазируфтам,- қисса оғоз кард муаллима Ядвига Самадова. Баъди хатми таҳсилоти касбӣ мо тавассути қатора нахуст ба шаҳри Москав ва аз он ҷо ба Душанбе раҳсипор шудем. Аз шавқу ҳаваси бепоён ба пешаи интихобнамуда ва ё ангезаҳои ҷавониву сафар ба кишвари бароямон ношинос буд, ки ҳатто фикр ҳам намекардем, ки чӣ рӯзу рӯзгороне моро интизор аст. Нахуст моро ба ноҳияи он вақт Ленин имрӯза Рӯдакӣ фиристоданд. Аммо дасти сарнавишт будааст, ки як суҳбати сарироҳӣ бо бонуе сабаб шуду дубора ба Вазорати маорифи Тоҷикистон муроҷиат кардем, то моро ба дигар ноҳияҳо сафарбар намоянд.
Ҳамин тавр, бону Ядвига бо раҳнамоии шуъбаи маорифи имрӯза ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳия омада, дар бинои дуошёнаи барои омӯзгорон бунёдгардида сукунат ихтиёр намуд. Фаъолияти омӯзгориро аз МТМУ №35-и деҳаи Комсомол оғоз намуд. Дар ҳамин ҷо ҳамсафари ҳаётиаш омӯзгори фанни риёзӣ Саидмурод Самадовро вохӯрда, баъди чандин моҳҳои шиносоӣ ба ҳамдигар дилбастагӣ пайдо карда, оила барпо намуданд.  Зиндагӣ дар хонаводаи шавҳарам, ки урфу  одатҳо сарулибоспӯшӣ ва фарҳангу ҳама расму оинҳои миллии тоҷикӣ бароям нофаҳмо буд, ҳам фараҳбахшу ва ҳамзамон имтиҳони ҷиддӣ ба ҳисоб мерафт. Зеро дар солҳои 1967 мо нахустин оилаи башардӯстона будем, ки ақди никоҳамон мавзӯи мавриди таваҷҷуҳи сокинони бумӣ буду бисёриҳо гумон доштанд, ки муаллимаи забони русӣ ба реҷаи зиндагиву шароитҳои тоҷикӣ тоб намеорад. Аммо ба нишони арҷгузорӣ ба ишқу муҳаббати фарзандашон зодмандони Саидмурод ба издивоҷи мо ризоят дода буданд,- овони навхонадориро ба ёд меорад муаллима Ядвига Самадова. Бо шарофати лутфу меҳрубониҳои зодмандони шавҳари меҳрубонам ҳама корубори хона ва ҳунарҳои кадбонугиро аз бар намудам. Дар баробари ишқу муҳаббати ҷовидонӣ ба ҳамсафари ҳаётиам, боз фарҳанги хонаводагӣ ва урфу анъанаҳои мардумии тоҷикӣ ба ман ангезаи худсозиву шукуфоӣ мебахшид, ки дар баробари пешбурди пешаи омӯзгорӣ мекӯшидам тоҷикӣ зисту зиндагонӣ дошта бошам. Шояд ҳамин ҳаёти ошқиона ва меҳру муҳаббат ба ҳамсояву ҳампешаҳо ва обу хоки ин диёр буд, ки ҳатто баъди ба манзили алоҳида кӯчиданамон ҳам хусуру хушдоманам маро миёни дигар келинҳои хонавода намунаи ибрат медонистанд. Баъди чанде дар деҳоти Навобод МТМУ №36 ифтитоҳ гардид, ки аз лиҳози фарогирии хонандагон аз калонтарин мактабҳои ноҳия ба ҳисоб рафта, он барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандони оилаҳои гуногунмиллати деҳоти мазкур нигаронида шуда буд. Ядвига ва ҳамсараш Саидмурод барои идомаи фаъолияти омӯзгорӣ ба ин дабистон даъват шуданд. Баъди чанд сол раиси онвақта хоҷагии овозадори «Коммунизм» шодравон Ниёзмуҳаммад Бегов дар қатори дигар омӯзгорону духтурон ва дигар кормандони соҳаҳои гуногун,ин ҷуфти ҷавонро ҳам ба манзили истиқоматӣ таъмин намуд. Дар он солҳо дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 хонандагон бо се забонтоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ таълим мегирифтанд ва аз сабаби  норасоии омӯзгорон муаллимаи ҷавон дар баробари фанни забон ва адабиёти рус аз фанҳои география ва биология ҳам дарс мегуфт.Овони ҷавониҳои мо ба даврае рост омад, ки ҷомеа дар рӯҳияи корҳои бузурги ободониву созандагӣ рушд карда, мардум дар баробари заҳматдӯстиву шавқу рағбат ба пешаҳои гуногун ба таълиму тарбияи фарзандон таваҷҷуҳи зиёд доштанд, иброз дошт дар идомаи суҳбат муаллима. Мо дар баробари кору пайкори содиқонаву тарбияи наслҳои ояндаи хеш ҳамзамон ҳаёти хурраму пурнишотеро паси сар намудем, ки ҳаминак, тӯли ҳафт соли баъди реҳлати ҳамсарам бо ёдоварӣ аз лаҳзаи хотирмон зиндагонӣ дорам. Ончунон якдигарро дӯст медоштем, ки давоми ҳаёти оилавӣ миёни шуғлҳои мардонаву занона фарқ намегузоштем. Ба гоҳе маро машғули кори хона дида, таронаҳои дӯстдоштаашро замзама мекард ва дар ҳавом сурудхониҳои ӯ ба як даст корамро анҷом дода бо дасти дигар мерақсидам. Дарвоқеъ оилаи дар пояи ишқу муҳаббати ҳақиқӣ бунёдгардида, дар шебу фарози зиндагӣ натанҳо устувору пояндатар мегардад, балки сарчашмаи хушбахтиву ҳамдигарфаҳмии аҳли хонавода буда, мояи ба воя расидани фарзандони дар зиндагӣ хушбину тавонманд мегардад. Ядвига Самадова баъди ба нафақаи синнусолӣ баромадан ҳам мисли дигар ҳамсолонаш кунҷи хонарои ихтиёр накард, баръакс, дар баробари тариқи шартнома фаъолияти омӯзгориро идома додан, боз машғули кишту кор дар қитъаи наздиҳавлигӣ ва заминҳои ёрирасони оилаашон буд. Рӯзҳои фориғ аз кори таълиму тарбия ба ҷамъоварии ҳосили пахта баромада, бегоҳӣ бо дарзаи алаф ба хона меояд. Ҳатто ҳини саҳару бегоҳиҳо ҳам қарор наистода, дар корҳои хона ба сунҳораш кумак мерасонад ва фарзандон ҳам аз ҷунбуҷул ва дастбакориҳои ӯ нороҳат намешавад, чаро ки сарвари оила бекориро қабул надорад. Ман агар кор намекардам ҳоло кайҳо аз по афтода будам ва бовар мекунед, ҳатто барои баъзан баланд шудани фишорам ҳам ягон навъ дору истеъмол намекунам,- иқрор меояд ӯ. - Ҳатто вақте аз лиҳози ҷисмонӣ худро нороҳат эҳсос мекунам, зуд аз пайи машғулиятҳои касбӣ шуда, ё ҳамту ба МТМ№ №36 меравам, ки қариб 50 соли умрамро дар ин макони муқаддас сипарӣ намудаам, - андешамандона изҳор дошт Ядвига Самадова. – Рӯзҳои панҷшанбе ба зиёрати оромгоҳи ҳамсарам меравам. Солҳои аввал гӯё ба оромгоҳ рафтани занон мамнуъ бошад, духтарам нороҳат мешуд. Зеро зимни зиёрат ман назди оромгоҳи падарашон зиёд рози дил мегуфтам, аз гузаштаи ширину рӯзгори афсонавиамон ёдовар мешудам. Боре дар роҳ сӯи қабристон мошини домуллои маҳалла наздам истода, маро то оромгоҳ бурданд ва раҳораҳ аз вай дар бораи қонунҳои нонавишта пурсон шудам. Он рӯҳонии муътабар қисса карданд, ки қаблан бонувон ҳам ба оромгоҳҳо мерафтанд ва ҳамакнун сол аз сол шумораи занони ба Ҳаҷ мерафта ҳам зиёд шуда истодааст. Бинобар ин, зимни ба оромгоҳ омадан муҳим он аст, ки қонуну қоидаҳои ба оромгоҳ омадани бонувонро риоя кунам. Шукри Худо аз қоидаҳои исломии ба оромгоҳ рафтани хонумон бархӯрдорам ва хушбахтона, нисбат ба ин кирдори ман мардони деҳотамон арҷ мегузоранд.Ба синни 75 расида бошад ҳам, монои ҷавонон рӯҳияи болидаву неруи созанда дорад ва ҳар нафаси ҳаётро чун лаҳзаи нотакрори зиндагӣ самараноку судманд истифода мебарад. Гарчанде ба андешаи ӯ китобҳои фанни забони русӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ нисбат ба барномаҳои таълимии солҳои 1980 мураккаб аст, аммо ба симмати омӯзгори собиқадор кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ба шогирдон илму донишҳои зарурӣ биомӯзад. Ба гуфти ӯ хуб мешуд омӯзгорони ҷавон дар лаҳзаои фориғ аз таълим дар дарсҳои муаллимони собиқадор иштирок намуда, донишу таҷрибаи касбии хешро такмил медоданд. - Мо омӯзгорони аз 30 сол бештар таҷрибаи касбӣ дошта, баъди анҷоми дарс мавзӯи дарси ояндаро дар тахтаи синф навишта мемонем, бегоҳӣ дар хона ба дарсҳои рӯзи дигар омодагӣ мебинем. Хуб мешуд, ки ин шеваи кори таълиму тарбияро омӯзгорони ҷавон ҳам истифода мебурданд ва ҷиҳати такмили донишу таҷрибаи хеш саъю кӯшиши бештар ба харҷ медоданд, иброз дошт дар фарҷоми суҳбат Самадова Ядвига Власовна.
    Юсуфи СОБИР
     
Похожие новости:
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Варзиш / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий