Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ИФРОТГАРОӢ падидаи номатлуб аст

Ин зуҳуроти номатлуб, ки зиёну зарари ба бор овардааш бар кулли сайёра хоҳад расид, моро во- дор менамояд, ки баҳри пешгирӣ аз паҳншавии ин падидаи номатлуб миёни ҷавонон саъю талош намоем. Ин ҳам дар ҳолате, ки шабакаи ҷаҳонии интернет дастраси ҳамагон асту фаъолияти чунин гурӯҳҳои манфиатхоҳро ба маротиб осон менамояд. Айни ҳол, ки ин зуҳуроти номатлуб чун вабои аср паҳн гардидааст, дар баробари хисороти мо- лие, ки бар ҳаёти сокинони сайёра дар натиҷаи таркишу харобкориҳои мусаллаҳона ворид месозад, инчунин ба ҳолати равонии аҳли башар низ бетаъсир намемонад. Ҷойи таассуф аст, ки аксари намояндагони гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, дар амалҳои харобкоронаву даҳшатангези худ аз номи ислом ҳарф мезананд ва зери ниқоби дин амал мекунанд. Ҳол он, ки ҳеҷ таълимоти диние та- рафдори қатлу куштор ва аз байн бурдани осоиши мардум нест. Худ маълумоти нокифояи динӣ доранду бо ин мафкураи хурд ва оҷизашон масъалаҳоро қазоват мекунанд.Бо назардошти чунин вазъияти мураккаб ва ха- тарафзои ҷомеа моро мебояд, ки дастаҷамъона барои аз байн бурдани фаъолияти ин гурӯҳҳо кӯшиш намуда, роҳҳои гаравидани ҷавононро ба ин гурӯҳҳои хатарзо пешгирӣ намоем. Бояд бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ баҳри решакан кардани амалҳову андешаҳои но- солим ва даҳшатафкан дар ҷомеа талош кунем. Ба ҷавонон арзиши истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияти ҷамъиятиро бояд фаҳмонд, то дучори гумроҳӣ нагарданд ва бо ифтихори баланд аз ватану ватандорӣ баҳри ободии боз ҳам бешта- ри кишвар кӯшиш ба харҷ диҳанд. Ба онҳо бояд фаҳмонид, ки ободии имрӯзу фардои ҳар кишваре аз амалкарди афроди он вобаста аст. Ҳар яки моро зарур аст, ки бо ҳушёриву зира- кии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм ва гаравидани ҷавонон ба ин гурӯҳҳо тақвият диҳем. Бо зиракии сиёсӣ бояд дарк намуд, ки паси пардаи ин зуҳуроти даҳшатбор чӣ нақшаҳои бузурги абарқудратҳо амалӣ мегардад. Ба ҳамин тариқ, вазъи кунунии ҷаҳони муосир, хатарҳои рӯзафзуни он ба насли башарият ва умуман сайёраи замин ҳар як инсони соҳибақлро водор мекунад, ки оид ба масъалаи худшиносӣ андеша намояд ва дар пойдории суботу амнияти ватану сарзамини хеш ба бетарафӣ роҳ надиҳад. Дар ин роҳи пурмоҷаро ва душвор ҳамоне метавонад мубори- зона гоми устувор бардорад, ки дарвоқеъ эҳсоси баланди худогоҳӣ ва худшиносии миллиро доро бошад. Боз ҳам таъкид бояд сохт, ки нафарони зери ливои «ҷиҳод»-амалкунанда дар асл ба моҳияти ин мафҳум сарфаҳм намераванд. Чун аслан во- жаи ҷиҳод маънои ҷаҳду талош ва кӯшишро дош- та, беҳтарини он хизмат ба падару модар ва таъ- мини амнияти ҷомеаи хеш аст. Вақте ба амалҳои содиркардаи ин гурӯҳҳои даҳшатафкан менигарем, маълум мегардад, ки то куҷо мусулмонанд ва то чи ҳадде Худоро шинохтаанд. Ҳақ бар ҷониби бузурге, ки гуфтааст: Ҳазорсола роҳ аз ту то мусулмонӣ, Ҳазор соли дигар то ба ҳадди инсонӣ. Одами худошинос ҳеҷ гоҳ ба амалҳое чун қатлу куштор, харобкориву азият додани мардум ва ҳаросафканӣ даст намезанад ва ободиву оромии ҷомеаро осоиши худ меҳисобад. Имрӯз терроризму экстремизм дар шаклҳо ва либосҳои гуногун зоҳир мешавад, ки нахуст барои мубориза бо онҳо шинох- ташон бисёр зарур мебошад. Танҳо дар ин сурат роҳу шеваҳои мубориза бо он самараи дилхоҳ медиҳад. Сарвари давлат ба роҳнамоии шаҳрвандони киш- вар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин маврид барҳақ иброз дошта буданд: «Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бе- гона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре, ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи Замин хавфу хатари ниҳоят зиёд дорад». Бо ҳамин мехоҳем ин ҷо иктифо кунем, ки за- ковату ҳушёрии сиёсиро дар ҳеҷ мавриде набояд аз даст дод, то аз нақшаҳои харобиовари гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ воқиф гардему атрофиё намонро низ аз онҳо дур нигоҳ дорем. Зеро аз чунин афрод ҳеҷ ҳисси худшиносиву худогоҳиро наметавон умедвор буд.
ҲАЙДАРОВА Савригул
КАЛОНОВА Дилноза
донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси рӯзноманигорӣ
Добавить комментарий
Ахбор
БАРОИ “БЕҲТАРКУНИИ НИЗОМИ ОБТАЪМИНКУНӢ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН” 4,8 МИЛЛИОН ЕВРО ҶУДО МЕШАВАД 13:19ҶАВОН ВА ВАТАН: МАСЪУЛИЯТ, ДОНИШ ВА САДОҚАТ 15:04ХАТЛОН: НАЗДИК БА 80% ДУХТАРОНИ СИННИ 10 – 14-СОЛА ИММУНИЗАТСИЯ ШУДАНД 14:48ҶАЙҲУН. БЕШ АЗ ЯК КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД 15:15ЁВОН. НАҚШАИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА ИҶРО ШУД 11:33ФАРРУХЗОДАҲОИ МИЛЛАТ 11:38ПАНҶ. ИММУНИЗАТСИЯ БЕШ АЗ 70 ФОИЗ ИҶРО ШУДААСТ 11:25ЭЪЛОН. "ҚАЛАМИ ДОНИШҶӮ" 10:51
Серхонандаҳо
НАМОИШГОҲИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ, САНОАТӢ, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА ТАОМҲОИ МИЛЛИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ҚАЗОҚИСТОН БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЯК ВОЯИ GARDASIL САРАТОНИ ГАРДАНАКИ БАЧАДОНРО ПЕШГИРӢ МЕКУНАД
СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БО ҒОЛИБОНИ ОЗМУН
Бохтар. Бозсозии муҷассамаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
РӮЗНОМАНИГОРИ БОХИРАДИ САДСОЛА
ҶАЙҲУН. БЕШ АЗ ЯК КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
ПАНҶ. ИММУНИЗАТСИЯ БЕШ АЗ 70 ФОИЗ ИҶРО ШУДААСТ
Иҷрои дурнамои ҷамъоварии пахта дар Леваканту Бохтар
КИТОБХОНАИ ОММАВИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ПАС АЗ БОЗСОЗӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА ИСТИФОДА ШУД
ЁВОН. НАҚШАИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА ИҶРО ШУД