Бойгонӣ
Апрель 2025 (19)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)
Декабрь 2024 (12)
Ноябрь 2024 (24)
Октябрь 2024 (27)

Наврӯз- арзишмандтарин ҷашни миллӣ

Наврӯз вожаи паҳлавии нукруч – нав, тоза, нек ва рӯз – рӯзи нав буда, яке аз ҷашнҳои олимартаба ва бостонии мардуми ориётабор ҳисобида мешавад, ки таърихи беш аз шашҳазорсола дорад ва решаҳои побарҷои он аз шоҳрагҳои фарҳангӣ ва маърифатии давраҳои сулолаҳои шоҳони Пешдодиён, Ҳахоманишиҳо, Сосониён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён, Сомониён, Ғазнавиён ва ҳатто Каёниён об мехӯранд.
Наврӯз, дар аҳди салтанати Сосониён ва Сомониён таҳаввулу инкишоф ёфт ва то ба айёми мо расидан мисли забони ноби форсӣ – тоҷикӣ – дарӣ роҳҳои сангин, тӯлонӣ, пурпечутоб, хавфу хатарнок ва хунинро пушти сар намуда, вобаста ба мафкура ва идеологияи ҳукмронони қарнҳои гуногун расму оинҳояш борҳо ба шикасту рехт ва тағйирот дучор шудааст.
Ҷашни Наврӯз ба ягон дин ва мазҳаб қаробат надорад, он ҷашни эҳёшавии табиат, зебоӣ, фарҳангӣ, ҳирфавӣ, ҷавонӣ ва амсоли инҳо мебошад. Дар ин бора олим ва мутафаккири Эрон Ризои Шаъбонӣ менависад: «Ин рӯз гарчи дар асрҳои баъд аз ислом дар назди мусулмонон ба сурати иде мазҳабӣ ҷилва кардааст, вале то он ҷо, ки маълум аст, дар даврони пеш аз ислом аз маншаи мазҳабӣ сарчашма нагирифтааст ва дар ниҳоят, табиати ҷомеаи маънавиятҷӯй ва таолихоҳ металабад, ба аъмоли мазҳабӣ ҳамроҳӣ пайдо кардааст.
Дар Авасто ва мутуни динии куҳан ба ҳеҷ ваҷҳ ёде аз он нест ва ин нукта нишон медиҳад, ки танҳо ба мазҳаби муайяне вобастагӣ надорад, балки ба қавми маълуме низ вобаста нест».  
Наврӯз нахустрӯзи солшумории хуршедӣ, ибтидои моҳи фарвар –дин  – моҳи ҳамал мебошад, ки ба рӯзи 21 март – 20 апрел рост меояд ва дар ин рӯз, ки оғози соли нав аст, шабу рӯз баробар мешавад. Чунончи, халқ мегӯяд: 
Бародар, ҷашни Наврӯзат муборак,
Баробар шуд шабу рӯзат, муборак.  
Қадами хуҷастаи Наврӯз бо омадан ва фарорасии баҳори анбарсиришт тавъам ва ҳаммаъно мебошад. Беҳуда нест, ки дар осори манзуму мансури ниёконамон ва эҷодиёти шоирону носирони имрӯз ин ду мафҳум якдигарро иваз карда меоянд. Мисол, маликушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар осори худ аз дамидани сабза ба кӯҳу биёбон ва омадани баҳори хушпай хабар медиҳад: 
Боз омад баҳори тавбашикан,
Парниён гашт боғу барзану кӯй.         

Фарзан, аз шоир ва мутафаккир Умари Хайём низ дар осори хеш рафтани фасли зимистону омадани фасли баҳору зебоӣ ва Наврӯз тараннум кардааст:
Бар чеҳраи гул насими Наврӯз хуш аст,
Дар саҳни чаман рӯи дилафрӯз хуш аст.
Аз дай, ки гузашт ҳар чӣ гӯӣ, хуш нест,
Хуш бош, зи дай магӯ, ки имрӯз хуш аст.    

Чунончи, дар осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ низ тараннуми баҳор ва рӯйидани сабза, гулу гиёҳон ва ба баҳра даромадани шохи дарахтон нишон дода шудааст:
Ин фасли баҳор нест, фасли дигар аст,
Махмурии ҳар чашм зи васли дигар аст.
Ҳарчанд ки ҷумла шохаҳо рақсонанд,
Ҷунбидани ҳар шох зи асле дигар аст. 

Дар тасвири баҳору Наврӯз, гулу сабза ва таровати ин фасл истеъдоди вижаи Калим ҳувайдо гашта, сабки суханварии ӯ дар ин маврид аз кулли муосиронаш фарқият пайдо менамояд. Ин ҷанба дар ҳама қасоиди баҳорияи шоир ба таври равшан эҳсос мешавад.
                    Дигар баҳор ҷаҳонро чунон гулистон кард, 
                    Ки шавқи сайри чаман сарвро хиромон кард.

Саъдии Шерозӣ бошад дар байти зер мегӯяд, ки одаме нест, ба зебогии табиат ва омадани фасли баҳору рӯзи нав, яъне наврӯзӣ ошиқ нашаванд. 
Одаме нест, ки ошиқ нашавад фасли баҳор,
Ҳар гиёҳе, ки ба Наврӯз наҷунбад, ҳатаб аст.

Фирдавсӣ дар осори гаронмояи хеш ва тасвири зебоии баҳору зебоии сол тасвир кардаву ҷашнгирии Наврӯзро дар ду ҳафта нигоштааст. 
Бад-он боғ рафтӣ ба Наврӯз шоҳ,
Ду ҳафта бибудӣ бад-он ҷашнгоҳ.

Абулфараҷи Рунӣ бошад дар осори хеш аз омадани баҳору рафтани фасли зимистон ва ҷавон шудани пиронро дар Наврӯз хуб тасвир кардааст.
Наврӯз ҷавон кард ба дил пиру ҷавонро,
Айёми ҷавонист заминрову замонро.

          Масалан, дар адабиёти муосир, адиб Низом Қосим доир ба омадани фасли баҳору зебоӣ ва таровати ҷавонӣ ва ҷаҳони шудани Наврӯз хабар медиҳад:
Эй чашма, биҷӯ роҳе, айёми равонӣ шуд,
Эй рӯд, дигар даври дар хешнамонӣ шуд.
Эй олами пир, аз нав даврони ҷавонӣ шуд,
Эй тозаҷаҳони дил, Наврӯз ҷаҳонӣ шуд.   

 Дар боби пайдоиши Наврӯз ва баҳор ривоёт ва фарзияҳои зиёде вуҷуд доранд. Дар аксари ин ривоёту фарзияҳо пайдоиши Наврӯзро ба Ҷамшеди Ҷом нисбат медиҳанд. Аз ҷумла, дар «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ ва «Шоҳнома» - и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ ин иттилоъ оварда шудааст.
Фарзияе аст: дар яке аз рӯзҳо аввалин тахтро Ҷамшед аз тилло сохтааст ва сипас тахти худро ба сари кӯҳи баланде мебарад, офтоб дар он таҷаллӣ мегардад ва ин ҳангом Ҷамшед баробарии шабу рӯзро дармеёбад, ки ин рӯзро Рӯзи нав (Наврӯз) мехонанд:
Ҷаҳон анҷуман шуд бари тахти ӯ,
Фурӯ монда аз фарраи бахти ӯ.
Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро Рӯзи нав хонданд.    
Наврӯзу баҳор васлгари гузаштаву имрӯз ва оянда, пайвандсози инсону табиат, мавсими киштукори баҳорӣ, ба хок пошидани донаи ризқу рӯзии инсон ва дигар ҷонзоди олам ба шумор меравад. Наврӯз рамзи зебоӣ, дӯстӣ, бародарӣ, бунёдкорӣ, созандагӣ, ғалабаи рӯшноӣ бар торикӣ, қувваҳои некӣ бар қувваҳои бадӣ ва ғайраҳо мебошад. 
Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як мулоқоташон бо зиёиёни мамлакат гуфта буданд:«Таърих гувоҳ аст, ки Наврӯз ҷавҳари фарҳанги мардуми ориёиро ташкил карда, гузаштагонамон онро ҳамчун нахустин рӯзи моҳи фарвардин ва оғози соли нав, ҷашни баҳор, ҷашни бедории табиат, баробар шудани рӯзу шаб ва ҷашни аҳди пешдодӣ таъбир кардаанд.
Наврӯз тибқи андеша ва эътиқоди ниёгони мо рамзи пирӯзии нур бар зулмот, адолат бар ҷаҳолат, зебоӣ бар зиштӣ, гармӣ бар сардӣ ва ғалабаи инсони бунёдкору офаранда бар неруҳои бадхоҳи аҳриманӣ буда, маҳз бо чунин сифату фазилатҳои олии худ то имрӯз дар байни мардуми мо маҳбубият дорад».
Ҷашни Наврӯзро на танҳо қавмҳои тоҷиктабор, балки халқҳои дигар; аз қабили халқҳои Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Туркия, Арабистон, Туркманистон, Қазоқистон ва монанди инҳо таҷлил мекарданд, расм, оин, анъана ва суннатҳояшро чун яке аз ҷузъҳои таркибии фарҳанги миллиашон ба ҷо меоварданд.
Мазмун, мақсад ва ғояҳои умумибашарии  Наврӯз ба он оварда расонд, ки 23 феврали соли 2010 Иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи Генералии  Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба ин ҷашни гетинамо қарор дар бораи қатънома оид ба «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» қабул кард. Дар амалӣ шудани ин қарор саҳми кишварҳои Эрон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркия, Афғонистон, Туркманистон, Ҳиндустон ва шабеҳи инҳо мустаҳсан аст. 
Дар ҷаҳонишавии Наврӯз хизмати бебаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи ибрат мебошад. Аз рӯзи нахустини ба сари қудрат омаданаш ин бузургмард барои ба ҷаҳониён нишон додани арзишҳои миллие чун маданият, этника, илм ва фарҳанги меросии қадимаю муосири гузаштагон, ҷаҳду талошҳо кард, ки ҷаҳонишавии Наврӯз ҷузъе аз ин иқдомҳо мебошад.
Қарор дар бораи қатънома оид ба «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» худ фоли нек аст, зеро ин ҷашни тамаддунофар дар таҳкими ҳамкорӣ, сулҳу субот, иттифоқӣ, амният ва фарҳангии ҷаҳониён нақши ҳалкунанда мебозад ва доираи ҷуғрофии он аз ғарби сарзамини Чин сар шуда, то Осиёи Марказӣ, Қафқозу Россия, Аврупои Шарқӣ, Туркия, кишварҳои Араб ва Африқои Шимолӣ мерасад. Наврӯз акнун як ҷузъи тамаддуни башарист.
Бояд тазаккур дод, ки Наврӯз бо соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистони азиз рушду таҳаввули нав пайдо кард ва анъана, расму русум ва оинҳои он бо як шаҳомати хосаю тафаккури ҷадид таҷлил мегарданд ва гузаштаю имрӯз дар пайвастагӣ қарор мегиранд. Ин далоил ба он ишора мекунад, ки қадамҳои мубораки Наврӯз рӯ ҷониби оянда устувор аст. Ба қавли шоири хушсалиқаи тоҷик Муҳаммад Ғоиб:
То ба гардун сухани Наврӯз аст,
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.    

Наврӯз ба худ маъно, вижагиҳо ва фалсафаи (ҳикмати) расм, оин ва суннатҳои хешро дорад. Мо дар поён бархе аз анъана, расм ва оинҳои наврӯзиро, ки миқдорашон дар таърих хеле бисёр аст, «муште аз хирвор» гӯён пешкаши шумо мегардонем. 
Дар маросими гулгардонӣ бошад, аз омадани Наврӯз пеш аз ҳама бачагон бо иҷрои маросими шодии гулгардонӣ ба дигарон хабар медиҳанд. Онҳо як-ду ҳафта қабл аз Наврӯз гурӯҳ шуда, ба кӯҳу пуштаҳо рафта гулҳои баҳорӣ: сиёҳгуш ва гули зардакро чида ба деҳа меоранд ва хона ба хона гашта ба мардум сурудхонон муждаи омадани Наврӯзро мерасонанд. Соҳибхонаҳо гулҳоро буй кашидаву ба чашм мемоланд ва ба бачаҳо кулчаю қанду мавиз, дар баъзе ҷойҳо гандуму нахуд медианд.: 
Гул овардем ба меҳмонӣ,
Ту қадри гул намедонӣ.
Агар донӣ, мусулмонӣ,
Баҳори нав муборак бод!
Соҳибхона дар ҷавоб «баҳор муборак шавад» - гӯён ба бачаҳои гулгардон чизе медод.     
Маросимҳои дигари Наврӯз ширинихӯрӣ, ошу далдахӯрӣ, ланкабозӣ, буҷулбозӣ, аспдавонӣ, бузкашию гӯштингирӣ, лухтакбозӣ, хурӯсҷангу байтбарак, арғунчакбозӣ, номёбак, тирандозӣ, чиликдангал, ниҳолшинонӣ, чавгонбозӣ, найзазанӣ, гулгардонӣ, фурӯши мол ва дигарҳо  дар Эрону  Афғонистон, Ҳинду  Покистон, Осиёи Марказӣ ҳоло ҳам давом доранд.   

Меҳрубон НАЗАРОВ, дотсент, мудири кафедраи забони тоҷикии ДДБ ба номи Носири Хусрав
Похожие новости:
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Варзиш / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019