Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Аз Боми ҷаҳон то Чашмасорон

Дар Бадахшон волидон ба таҳсилу тарбияи фарзандон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд. Падару модари ман, ки нафарони илмдӯст буданд, кӯшиш мекарданд, то фарзандон бештари вақти худро ба мутолиаи китобу донишомӯзӣ сарф намоянд. Модарам дар ин масъала бисёр ҷиддӣ рафтор мекард, - аз овони кӯдакӣ қисса оғоз кард Сумангул. - Бо дархости модар аз Фирдавсӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода ва дигар шоирони муосири тоҷик ғазалҳо азёд карда, ҳикояву повест ва достонҳои гуногунро мутолиаи мекардем. Модар ҳар сари вақт мо, фарзандонро гирди миз ҷамъ меовард ва ҳар яки мо дар бораи китобҳои хондаамон ҳикоят карда, ғазалу рубоӣ, ва достонҳои азёд кардаамонро қироат мекардем.
Ҳамин муҳити хонаводагӣ буд, ки ҳар нафари мо кӯшиш мекардем, ки бештар китоб хонда, бо қироати шеъру ғазалҳо аз модар таҳсин шунавем. Нармгуфторӣ ва муҳаббати беандозаи модар буд, ки завқи китобхонӣ дар дили ман бедор шуд.
Ҳанӯз хело ҷавон будам, ки падару модарам дунёро падруд гуфтанд. (хонаи охираташон обод бод!). Аммо то ҳанӯз ҳам насиҳатҳои ҳидоятгаронаи онҳо дар гӯшам садо медиҳад, роҳнамои мо дар зиндагӣ буданд. Ботаҳаммул будан ва накукору мардумдӯстдору меҳмоннавоз буданро аз волидон омӯхтем.
Сумангул шуруъ аз даврони мактабхонӣ кулбори пурганҷе дошт, ки аз китобҳои мутолианамудааш маншаъ мегирифт. Ҷаҳонбинии фароху дониши хуб ӯро ба эҷоди шеъру дигар матлабҳо ангеза мебахшид. Салиқаи хуби эҷодиашро дида устодони мактабиаш ба вай тавсия медиҳанд, ки ҳамкориро ба рӯзномаи ноҳиявӣ оғоз намояд. Ҳамин тавр аз овони мактабхонӣ бо рӯзномаи ноҳияи Роштқалъа- “Шоҳдара” ҳамкорӣ дошта, шеъру мақолаҳояш дар ин рӯзнома ба табъ мерасиданд.
Соли 1997 Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоевро бо ихтисоси шарқшинос бомуваффақият хатм карда, фаъолияти омӯзгориро аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 -и ноҳияи Роштқалъа оғоз бахшид.
Моҳи августи соли 2002 дар деҳаи Дашти ноҳияи Роштқалъа офати табиӣ ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷаи он 75 хонавода бехонаву дар монданд. Мутаассифона, 28- нафар ҳамдеҳагони мо зери сел монданд, - ба ёд меорад он рӯзҳоро Сумангул Асадбекова.
Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 75 хонаводаи аз офати табиӣ зарардидаро ба ноҳияи собиқ Бешкенти (ҳозира Носири Хусрав) вилояти Хатлон кӯчонданд. Дар байни ин зарардидагон хонаводаи Сумангул Асадбекова низ ба ин диёри офтобӣ ҳиҷрат намуданд. Иқлими гарми ноҳия, набудани оби тозаи нӯшокӣ мушкили аввалиндараҷа буд, ки мардуми Бадахшон бо он рӯ ба рӯ гардид.
-Мардуми ӯзбек, ки он замон қисмати аъзами аҳолиро ташкил медод, бо мо муносибати самимӣ доштанд. Гарчанде забони тоҷикиро намедонистанд (он солҳо дар мактабҳои ноҳия дарс бо забони ӯзбекӣ мегузашт), аммо тез-тез ба хонаҳои мо омада, аз аҳволамон хабар мегирифтанд, - иброз дошт Сумангул.
Аз он рӯзҳо то ба ҳол дар ин ноҳияи дурдаст дигаргуниҳои зиёде ба вуқуъ пайваста, ободу пешрафта шудааст. Бахусус, дар шаҳраки Баҳори ноҳияи Носири Хусрав кӯчаи Бадахшон, ки дар он зиёда аз 30 хонаводаи мардуми Бадахшон истиқомат мекунанд бо ташаббуси созандаи ин мардуми ободкор ба маҳаллаи зебову сарсабз табдил ёфтааст.
Сумангул ҳанӯз ҳам бо китобу китобхонӣ алоқамандии зиёд дорад ва хомафарсоӣ мекунад. Чакидаҳои қаламаш, шеъру ҳикояҳо ва матолиби дигари вай дар рӯзномаи ноҳиявӣ ва маҷаллаҳои вилоятӣ чоп шудаанд.
-Панҷ сол дар рӯзномаи “Бешкент”-и ноҳияи Носири Хусрав ба ҳайси котиби масъули рӯзнома фаъолият намудам. Он замон сармуҳарририи рӯзномаро Рустам Сафаров, яке аз журналистони ҷавону соҳибистеъдод ба уҳда дошт. Банда аз ин инсони масъулиятшиносу кордон нозукиҳои касбро омӯхтаам ва хеле миннатпазир ҳам ҳастам, - мегӯяд С. Асадбекова
Аз моҳи июли соли 2018 инҷониб ба ҳайси сармуҳаррири рӯзномаи “Бешкент” - и ноҳияи Носири Хусрав фаъолият менамояд. Гарчанде мушкилоти норасоии мутахассисони ин соҳа дар ноҳия мавҷуд аст, аммо бо вуҷуди ҳамаи ин ӯ кӯшиш мекунад, ки нашрияи “Бешкент” моҳе ду маротиба, дар ҳаҷми 8 саҳифа чоп шуда, дастраси муштариён гардад.
Рӯзнома воситаи муҳимест, ки дар тарбияи ахлоқии мардум нақши калидӣ дошта, чун сипари боэътимод дар ҳифзи оромиву суботи ҷомеа хизмат менамояд. Рӯзнома инъикосгари ҳаёти воқеии мардум буда, эътимоди онҳоро ба фардои дурахшон мукаммал менамояд. Рисолати аслии журналист хизмати беғаразона барои миллату давлат ва тарғиби худогоҳиву худшиносии миллист.
Мо бисёр кӯшиш менамоем, ки дар сафҳаҳои рӯзнома маводи хонданбоб нашр намоем, ки дар ташаккули афкори мардум мусоидат намояд,-иброз медорад Сумангул
Чун суҳбати мо бо бонуи қаламкаш дар арафаи идҳои баҳорӣ ва Рӯзи модар рост меомад, мусоҳибам атрофи ин мавзӯҳо ҳам андешаҳои ҷолиб дошт. Ҷавҳари аслии зиндагии инсон зан аст. Зан офаранда, мураббӣ, созанда ва ҳимоятгари миллат мебошад. Зан аст, ки дунё дар назарҳо зебост, зеро зан намоди зебоӣ ва иффат аст. Занон дар баробари мардон дар рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ нақши муассир доранд. Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қувваи созанда ва маърифати волои бонувон эътимод доранд ва ба заҳмату талошҳои онҳо арҷ мегузоранд.
Сарвари давлат пайваста ташаббусҳои созандаи занонро дастгирӣ намуда, доир ба баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа ва фаъолияти онҳо дар тамоми сохторҳои давлатӣ чораҳои зарурӣ меандешанд. Зеро ба қавли бузургони миллат:
Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,
Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.
Дарвоқеъ ҳам имрӯз ноҳияи Носири Хусрав ба диёри дӯстиву муҳаббат табдил ёфта, мардумони гуногунмиллат он - тоҷикону ӯзбекзабонҳо туркммантаборону русҳо дар фазои орому осудаву дӯстона зисту зиндагонӣ дошта, баҳри ободии Тоҷикистони маҳбуб якдилона камари ҳиммат бастаанд. Ин мардуми бунёдкору созанда бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ баҳри ободонии ноҳияи Носири Хусрав содиқона хизмат карда, талош доранд, ки диёри зисти худро ба беҳтарин гӯшаи кишварамон мубаддал созанд.
Латофат Мирзосаидиён, н. НосириХусрав
Добавить комментарий
Ахбор
БАРОИ “БЕҲТАРКУНИИ НИЗОМИ ОБТАЪМИНКУНӢ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН” 4,8 МИЛЛИОН ЕВРО ҶУДО МЕШАВАД 13:19ҶАВОН ВА ВАТАН: МАСЪУЛИЯТ, ДОНИШ ВА САДОҚАТ 15:04ХАТЛОН: НАЗДИК БА 80% ДУХТАРОНИ СИННИ 10 – 14-СОЛА ИММУНИЗАТСИЯ ШУДАНД 14:48ҶАЙҲУН. БЕШ АЗ ЯК КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД 15:15ЁВОН. НАҚШАИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА ИҶРО ШУД 11:33ФАРРУХЗОДАҲОИ МИЛЛАТ 11:38ПАНҶ. ИММУНИЗАТСИЯ БЕШ АЗ 70 ФОИЗ ИҶРО ШУДААСТ 11:25ЭЪЛОН. "ҚАЛАМИ ДОНИШҶӮ" 10:51
Серхонандаҳо
НАМОИШГОҲИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ, САНОАТӢ, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА ТАОМҲОИ МИЛЛИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ҚАЗОҚИСТОН БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЯК ВОЯИ GARDASIL САРАТОНИ ГАРДАНАКИ БАЧАДОНРО ПЕШГИРӢ МЕКУНАД
СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БО ҒОЛИБОНИ ОЗМУН
Бохтар. Бозсозии муҷассамаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
РӮЗНОМАНИГОРИ БОХИРАДИ САДСОЛА
ҶАЙҲУН. БЕШ АЗ ЯК КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
ПАНҶ. ИММУНИЗАТСИЯ БЕШ АЗ 70 ФОИЗ ИҶРО ШУДААСТ
Иҷрои дурнамои ҷамъоварии пахта дар Леваканту Бохтар
КИТОБХОНАИ ОММАВИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ПАС АЗ БОЗСОЗӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА ИСТИФОДА ШУД
ЁВОН. НАҚШАИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА ИҶРО ШУД