Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Хаткашон
Бо фармони Дориюши Бузург ду ҳазору панҷсад сол пеш аз ин нахустин бор дар ҷаҳон почта бо номи «чопар» бо назму фосилаҳои ҳисобшуда эҷод гашт, ки шиораш чунин буд: «На гармо, на сармо, на боду на борон чопарро аз рафтан боз намедорад» Эмомалӣ Раҳмон, «Чеҳраҳои мондагор» Ҳар гоҳе, ки бо сафари корӣ ва ё бо зарурате ба маркази ноҳияи Вахш равам, аксар вақт ҷавонмардеро рӯ ба рӯ меоям, ки паси дучархааш бастаҳои рӯзномаю маҷаллаҳо ҳамеша шитоб дорад. Зеро рисолаташ ин аст, ки рӯзномаю маҷаллаҳо ва мактубу ҳуҷҷатҳои заруриро ба муштариён сари вақт расонад.
Сафаралӣ Қувватов, корманди идораи Маркази алоқаи почтаи ноҳияи Вахш 8 сол боз дар идораи Маркази алоқаи почтаи ноҳия ҳамчун танзимгар адои вазифа дорад. Ҷавони меҳнатдӯст ва боиродаест, ки бо вуҷуди маъюби гурӯҳи дуюм буданаш, ҳар рӯз аз зодгоҳаш- деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» масофаи 12 километрро тай намуда ба кор меояд.
Вақте зодмандонаш ӯро барои таҳсил ба мактаб – интернати махсуси шаҳри Ҳисор супориданд, аз тақдири ояндаи ӯ нигаронӣ доштанд. Аммо ӯ баъди хатми мактаб – интернат ба техникуми молияи шаҳри Душанбе дохил шуда, онро бо дипломи аъло хатм мекунад. Ҳаёту фаъолияти ӯ бозгӯи он аст, ки агар азму иродаи инсон қавӣ бошад, метавон мушкилоти зиндагиро сарбаландона паси сар кард.
Сафаралӣ Қувватов бо меҳнатдӯстӣ, поквиҷдонӣ ва бо хислатҳои наҷиби инсонияш миёни ҳамкорон ва сокинони ноҳия соҳиби обрӯву эҳтиром аст. Сарвари Маркази алоқаи почтаи ноҳияи Вахш Назар Нусратов иброз медорад, ки 12 нафар кормандони соҳаи почта ба аҳолии 5 ҷамоати деҳот ва як шаҳрак хизмат мерасонанд. Сокинони ноҳияи Вахш солона ба 30- 32 номгӯи рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ обуна мешаванд ва дастрасии саривақтии онҳо бо матбуоти даврӣ кори саҳлу сода нест.
-Сафаралӣ Қувватов аз зумраи кормандони фаъолест, ки бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва дигар хислатҳои ҳамидааш миёни ҳамкорон соҳиби иззату обурӯст. Новобаста ба имкониятҳои маҳдуд ва аз маркази ноҳия дур зисту зиндагонӣ доштанаш, боре ҳам мушоҳида накардаам, ки вай ба кор дер омада бошад, - мегӯяд Назар Нусратов.
Як бахши муҳими хизматрасониҳои кормандони соҳаи почта ин фиристодан, яъне интиқол додани мактуб, телеграмма, муросилоти шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ва қабули онҳо аз шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ба суроғаи шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад, ки онро бо ҷиддият ва масъулияти баланд иҷро менамоем,- иброз дошт дар идомаи суҳбат Сафаралӣ Қувватов. Биноан, иҷрои саривақтӣ ва расонидани номаву матбуоти даврӣ ва дигар муросилот масъулияти баланд талаб менамояд, ки инро ҳар нафар аз ҳампешаҳои мо ба хубӣ дарк менамоянд.
Мусоҳиби мо дар баробари кору пайкори ибратомӯзаш як фарди аз зиндагӣ хушбин буда, пастиву баландиҳои рӯзгорро мояи обутоб ёфтану ташаккули зеҳнӣ ва такмили касбияту маҳорати инсон дар зиндагӣ мешуморад.
Аъзамҷон Бобозода, ноҳияи Вахш
Добавить комментарий
Ахбор
БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39НАФАҚА – КАФОЛАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ БА ШАҲРВАНДОН 13:32БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД 14:02АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ 13:58РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД 16:52ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 12:56ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД 15:47Ҳамоиш таҳти унвони "Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад" 12:36
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ЯК СИМОЮ ЯК САДО, АММО ДУ САРНАВИШТ
ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН
АЗ УМЕД ТО ХАТАР


