Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
17 мар 17:32Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Маориф / Мақомот
Ҳунарманд ҳарҷо бувад сарфароз

Бузурге барҳақ фармудааст:
Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ,
Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ.
Муҳаммадӣ Ғанизода аз зумраи ҳамин гуна ҷавонони ҳунарманди диёр аст, ки ҳамеша навгонӣ меҷӯяду бо вуҷуди ҷавон буданаш мавқеи худро дар ҷомеа пайдо кардааст. Чун зодмандонаш, бахусус бобои равоншодаш Сафармуҳаммад Аюбӣ, Шоири халқии Тоҷикистон ба шеъру шоирӣ машғул буданд, Муҳаммад низ қадамҳои нахустини хешро дар ин ҷода гузоштааст. Аллакай чакидаҳои хомааш дар чандин нашрияҳои гуногуни даврӣ ба табъ расидаву аз ҷониби толибони каломи бадеъ баҳои баланд гирифтааст. Ӯ бо тахаллуси Ғанизода Муҳаммадии Кангуртӣ шеър эҷод мекунад ва бо шоирони хушбаёни тоҷик Рустами Ваҳҳоб, Хайрандеш, Давлат Сафар, Низом Қосим ва Муҳаммад Ғоиб ҳамкорӣ дошта, худро шогирди ин шоирони маъруф мешуморад.
Ин ҷавони соҳибистеъдод айни ҳол дар курси сеюми факултаи фалсафа, ихтисоси кори иҷтимоии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил дорад. Гарчанде дар риштаи фалсафа таҳсил мекунад, аммо шавқи шеъру шоирӣ дар дилаш маъво гирифтаву дар ин ҷода хомафарсоӣ мекунад. Аввалин шеъри эҷоднамудааш бо номи “Умр” ба табъ расида буд.
Муҳаммадӣ дар баробари эҷоди шеъру ғазалу мухаммасу рубоӣ ба иқдоме даст задааст, ки шоистаи таҳсин аст. Ӯ ашъори шоирони классикони форсу тоҷик ва муосири тоҷикро барномарезӣ мекунаду онҳоро дар пойгоҳи ҷаҳонии барномаҳои Google Play ворид месозад. Ин амали ӯ имкон медиҳад, ки истифодабарандогони телефонҳои мобилӣ барномаҳои таҳиянамудаи ӯро аз ин пойгоҳ боргирӣ намуда, бо ин васила онҳоро мутолиа намоянд. Баъди боргирӣ кардан, онҳо дар телефон насб мегарданду бе масрафи мегабайти интернет метавон аз он истифода кард. То ин муддат Муҳаммадӣ ашъори 30 нафар нобиғаҳои шоирони классик ва муосири тоҷикро барномарезӣ намуда, дар Google Play ворид кардааст.
Аввалин барномаи омодакардаам, ашъори бобоям Сафармуҳаммади Аюбӣ буд, ки ман онро соли 2019 таҳия карда будам, - мегӯяд Муҳаммадӣ. - Ба ҳамин минвол, маҷмӯаи шоири ширинкалом Равшани Ҳамроҳ, китоби шоир Усмон Шарифзода, ашъори Рустами Ваҳҳоб, маҷмӯаи “Соҳили умед”ғи Содиқи Завқӣ, шарҳи муқаддимаи “Ҷаҳор китоб”-и Ғ. Мирзозода ва “Бӯстон”-и Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозиро таҳия карда, дар ин пойгоҳи ҷаҳонӣ пешкаши хонандагон гардонидааст. Ин ҷовони соҳибистеъдод айни замон куллиёти Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртиро омода карда истодааст ва рӯзҳои наздик пешкаши ҳаводорон мегардонад.
- Устоди ман дар ҷодаи барномасозӣ шахсияти донишманду фарҳехта Ёқубҷон Шоимардонов аст, ки нозукиҳои таҳия кардани барномаҳоро аз ӯ омӯхтаам. Ва барои заҳматҳои устодам аз он кас сипосгузорам, - мегӯяд Муҳаммадӣ. – Мақсадам дар ин ҷода ин аст, ки мардуми олам тавонанд бо ашъори пурғановати шоирону нависандагони адабиёти классику муосири халқи тоҷик ошноӣ пайдо намоянд. Ва чун асри ХХ1-ро асри техникаву технология унвон кардаанд, ман низ ҳамқадами замон кори хубу манфиатбахшеро анҷом диҳам.
Муҳаммадӣ Ғанизода дар фарҷоми суҳбат аз он изҳори хушнудӣ кард, ки имрӯзҳо бо сиёсати пешгирифтаи оқилонаю дурбинона ва ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароит барои ҷавонон фароҳам оварда шудааст. Тавре ки Пешвои муаззами миллат дар аксар баромадҳояшон қайд менамоянд, ояндаи ин давлату миллат аз ҷавонон вобастагии зиёд дорад.
Чун ояндаи Тоҷикистони биҳиштосо аз мо, ҷавонон вобастагӣ дорад, пас месазад, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар пешрафту гул-гулшукуфоии ин сарзамини куҳандиёр саҳми арзандаи худро гузорем. Барои хизмат ба халқу Ватан ва аз худ барои наслҳои оянда меросе боқӣ гузоштан завқу истеъдод мебояд, ки ин дар замири ҳар нафар аз ҷавонони кишвари мо нуҳуфтааст. Беҳуда бузургон нагуфтаанд:
Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ДӮСТӢ. ТАБИБОН СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУДАНД 16:02ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН 15:21ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ 10:16МАЪРАКАИ ЧИНИШИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОҒОЗ ШУД 13:22БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ДУСОЛА 13:08КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 400 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:59КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:52МАДИНА ҚУРБОНЗОДА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ФАРЗАНД-БОҒИ ПАДАРУ МОДАР" ГАРДИД 14:20
Серхонандаҳо
Аъзамҷон Чиллазода: 91,3 фоизи маблағҳои буҷетӣ дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоиёт равона карда шудааст
Ташрифи ҳайати экспедитсияи “Саёҳат ба қалби Авруосиё – 2025” ба шаҳри Бохтар
Ҳиссаи омӯзгорони унвондор ба 36,3 фоиз расид
Дар Хатлон 21 нафар ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошанд
Кӯшониён. Як ноболиғ аз ғарқшавӣ наҷот дода шудааст
БУНЁДИ 21 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ШАШ МОҲ
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ 1,5 КМ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТАИ ШАҲРАКИ ЁВОН- МЕҲРОБОД- ДАСТГИРАК- НАВОБОД ВА ПУЛИ МОШИНГУЗАР БАЪДИ ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗӢ
ЁВОН: БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ОҲАКИ СОХТМОНИИ ҶДММ «ҒАЮР ИНДАСТРИАЛ»
ЁВОН: ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ
Тоҷикстандарт. Дар Хатлон 7,3 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор шуд