Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҲАҚНАЗАР ВА ШЕЪРИ НАРМИ Ӯ
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб иҷрокунандаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид собиқадори меҳнат, Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоибро аёдат намуданд. Роҳбарияти вилоят барои хизмати содиқонаву бисёрсола ва саҳмгузориаш дар рушди адабиёти тоҷик, тарбияи насли наврасу ҷавон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд. Ҳар боре, ки дар бораи шахсияти дӯсти азизам Ҳақназар Ѓоиб ва чигунагии шеъри ӯ андешиданӣ мешавам, манзарае пеши назарам меояд, ки дар зодгоҳаш деҳаи Офтоблиқо дар боѓи падариаш рӯи кат зери дарахти олу солҳо пеш аз ин бо устоди зиндаёд Лоиқ, Сорбон, худи Ҳақназар ва дӯстони дигар менишастем. (с. 1966) Субҳи барвақт буд. Офтоб нав аз паси пуштаҳои деҳа тулӯъ мекард ва ба нурафкани бузурге монанд буд, ки равшанӣ ва гармиашро дар гумонам маҳз дар ҳавлии Ҳақназар ва гирду атрофи он равона мекард. Ба ҳавлиҳои дигар, ки ба пуштакӯҳ наздиктар буданд ва дар сояи он қарор доштанд, нур ва гармии офтоб нарасида буд. Модари меҳрубону «меҳмонгузарони» Ҳақназар, ки аз чеҳрааш нур меборид, бароямон хӯроке овард, ки ман онро бори аввал медидам ва номаш «нашоиста» буд. Аз он айёми хуш то ҳоло 42- сол (аз соли 2013) сипарӣ шудааст, аммо он нури офтобию инсонӣ, он гармию меҳри инсонию офтобӣ аз ёдам нарафтааст, ҳамеша бо ман аст ва хоҳад монд.
Ва шодам аз он ки ин эҳсоси фаромӯшнашудании даврони ҷавониям ҳар дафъа бо дидани рӯи дӯсти азизам ва хондани шеъри ӯ тоза мешавад.Ба Ҳақназар Худованд дили пур аз меҳрро ато фармудааст. Агар ба таъбири худаш гӯем, «меҳри оламгир» дорад. Дар тасаввури ман, ӯ ҳамаро бидунӣ истисно дӯст медорад ва ба касе кина намеварзад ва ҳатто ба ҳасудонаш ва бадхоҳонаш. Ман дар ҳеҷ нафаре аз адибони тоҷик надидаам, ки ба андозаи Ҳақназар Ѓоиб ба одамони зиёде, аз деҳқони хокпош то сиёсатмадорони маъруф шеър бахшида ва аз онҳо бо меҳр ва эҳтиром зикре карда бошад. Аз ин сабаб Ҳақназарро дар тамоми кунҷу канори Тоҷикистон, дар ҷанубу шимол, дар ѓарбу шарқи он, дар Бадахшону Зарафшон, дар Ҳисору Рашту Хатлон дӯст медоранд ва дар интизораш ҳастанд, дӯсти ҷонии худ, меҳмони азизи худ медонанд.
Ҳақназар бинобар гуфтааш, «нусхаи офтоб», «муҳраи меҳр» ва аз «аҳли садоқат» буда, ҳамеша дар бар «каҷкули вафо» дорад, ба ин мақому мартабаи басо нодир, ба ин «тахти султонӣ» «зи шеъру меҳри дил» мушарраф гардидиааст.
Шоир, ки шеърашро «Шеъри нарм» номидааст, ман ба ин гуфта сифати «гарм»-ро низ ҳамроҳ карданиям. Шеъри ӯ шеъри якдаст ва ҳамвор аст, мисли оби ҷӯйборони зодгоҳаш, ки аз канори хонадонаш равон аст. Дар осораш шеъри нимоӣ, шеъри нав ва манзумаю достонҳо кам нестанд. Вале асосан дар қолабҳои суннатӣ ва маъмулӣ: ѓазал, тарона, рубоиву дубайтӣ ва чаҳорпора, вазнҳои хушу равон: ҳаҷазу рамал, қофияву радифҳои дурусту маъмул шеър мегӯяд ва хуб ҳам мегӯянд.
Агарчи Ҳақназар солҳои 90 – ум эълом дошта буд, ки :
Баъд аз ин шеъри ман гул не,
Баъд аз ин шеъри ман аз оҳан аст, эй қавм!
Бо нидоҳои ниҳоди оҳанини хеш,
Шеъри ман аз нолаву аз шеван аст, эй қавм!
Нармиям дар шеърҳои ошиқона буду он бигзашт,
Нармиям дар ишқу дар созу тарона буду он бигзашт.
Дар ѓазалҳои пур аз сӯзу фасона буду он бигзашт…
Шаърҳояш мисли пешина чун офтоби зодгоҳи муборакаш Офтоблиқо, чун нигоҳи модари зиндаёдаш, ки солҳо пеш дида будам, чун чеҳраи ҳамеша хандону меҳрубони худаш гарму нарму зебост. Барои тасдиқи ин суханам яке аз шеърҳои нимоии ӯро, ки «Хазонрез» ном дорад, далел меорам:
Шохаҳо урёну урён,
Баргҳо ҳар сӯ парешон.
Абрҳо чун раҳгузоре,
Роҳпаймо аз диёре то диёре.
Боѓҳо доданд он чи доштанд,
Дар назар дасти тиҳиянд…
Баргҳо андар кафи барги хазон,
Дар само як села мурѓони раҳиянд.
Чӯҷаҳо азбаски парвозӣ шуданд,
Озими дигар диёранд.
Лонаҳо…
Лонаҳо чашмони дар раҳ интизоранд.
Пуштаҳои пушти ҳам зери туман,
Ёд орад аз сукути сарди пирони куҳан.
Одамони хиратаъберо ба хотир оваранд
Осмони тираву дашту даман.
Аз ҳавои ѓуссавар,
Мешавад пайдо маро дар чашми тар
Акси ранҷӯри падар…
Шохаҳо урёну урён,
Баргҳои зардрӯ ҳар сӯ парешон.
Чун ятимон,
Дар фазои хотири ман.
Сайр дорад абри гирён…
Боз шояд дар хазонат, эй падар,
Фасли гул хандад баҳорон?..
Дӯсти азизам! Илоҳо, худат ва шеърат ҳамеша ҳамин тавр гарму зебо бимонед.
Абдунабӣ Сатторзода, профессор
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС


