Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ПАРВАРИШИ ЗАНБӮРУҒ ДАР ШАРОИТИ ХОНА
Талаботи сокинон ба занбӯруғ дар ҷумҳурӣ зиёд асту арзишаш бошад хело гарон. Аз ин рӯ, парвариши он дар шароити хона, сол то сол рушд меёбад. Чун деҳқонону кишоварзон дар ин самт таҷриба андухта, фоидаи хуб низ ба даст оварда истодаанд.Зубайдулло Ҳамроев, иқоматкунандаи шаҳри Левакант, инак 4 моҳ мешавад, ки бо бунёд кардани як гармхона, ин намуди растаниро парвариш дорад. Дар ин муддат, аллакай ду маротиба ҳосили занбӯруғи дар гармхона парвариш намудаи худро ба бозор бароварда, ҳосили сеюми онро интизор аст.
Ба андешаи ӯ, тамъу маззаи занбӯруғе, ки парвариш мекунад, аз занбӯруғи табиӣ тафовуте надорад. Дар бозор ҳам, харидоронаш фаровон аст ва як килограми он бо нархи яклухт 30- 35 сомонӣ арзиш дорад.
Занбӯруғе, ки ман парвариш мекунам, навъи “вешенка” буда, серҳосил асту дар 20- 25 рӯз пухта мерасад,- мегӯяд Зубайдулло Ҳамроев. –То имрӯз аз ҳисоби ин намуди растанӣ, беш аз 2 ҳазор сомонӣ фоида ба даст овардам. Аз ин лиҳоз, бо маслиҳату пешниҳодҳои олимони соҳа истеҳсоли онро зиёд намуда истодаам. Дар таркиби ин навъи занбӯруғ, наздики 20 намуд моддаву витаминҳо ҷой дорад, ки истеъмоли он ба саломатии инсон бисёр муфид аст. Тибқи маълумотҳо дар Аврупо кишоварзон ҳанӯз асри 17, дар Федератсияи Россия аз асри 18 ба парвариши занбӯруғ шурӯъ кардаанд. Ин таҷриба дар кишвари мо дастгирӣ меёбаду шавқу рағбати деҳқонон ба парвариши он зиёд мегардад.
Парвариш осону фоидааш хуб аст Ба гуфтаи Зубайдулло Ҳамроев парвариши занбӯруғ дар шароити хона мушкил нест ва барои ҳосили хуб гирифтан қоидаҳои агротехникии парвариши онро бояд риоя кард. Барои ба роҳ мондани парвариши занбӯруғ қабл аз ҳама таҳхона ё гармхонае бунёд карда, девори онро сафед кардан лозим меояд.
Қабл аз он, ки дар халтаҳои махсус, тухми занбӯруғро мепошем, ба мо майдаи тахта ё миқдоре коҳ ва пунбадонаи майдашудаю оҳаки обнарасида лозим мешавад, то ҳамаро якҷо омехта намуда, сипас онро ба об тар мекунем.
Зубайдулло иброз медорад, ки барои кам гаштани оби ҷабидашуда, маҳсулоти худро ҳудуди 6- 7 соат нигоҳ медорем, то намнокии он ба миқдори 70 фисад расад. Баъдан, онро дохили халта кардаю тухми омода шудаи занбӯруғро мекоранд ва халтаҳои махсуси дохилаш тухми занбӯруғро, дар ҳарорати на камтар аз 20 дараҷа гармӣ, нигоҳ доштан зарур меояд.
Зубайдулло Ҳамроеви занбӯруғпарвар ният дорад, бо касби таҷрибаи бештар метавон парвариши ин намуди растании серғизоро дар шаҳри Левакант густариш дод. Бо ин васила, имкон фароҳам мегардад, ки бозори истеъмолиро бо занбӯруғи хуштамъу бомазза таъмин намуда, ҳамзамон аз ҳисоби даромади хуби он сатҳи зиндагии худро беҳбуд бахшид.
Низоми ИСО, “Сафо”
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС


