Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Қурбонмаҳмад Шукурзод: «Дар «Қалби зан» муҳаббатро таҷассум кардам»

- Барои як асарро ба рӯи саҳна овардан аввал имкониятҳо ба эътибор гирифта мешавад.

Устод Аловуддин Абдуллозода бо вуҷуди серкориашон пешниҳоди маро ба хушнудӣ пазируфтанд ва ҳатто хурсанд шуданд, ки ман ҷуръат карда, ба таҳияи ин намоишнома тасмим гирифтаам. Ҳамин тавр, барои муваффақияти намоишнома танҳо ба ҳамин ду нафар такя мекардам. Вале, сад дареғ, ки шамъи умри ин ҳунарманди нотакрорро боди аҷал ба якборагиву ғайриинтизор хомӯш намуд… Нақшаҳо дар рӯи коғаз як муддат ҳайрон монданд…
Бо ин вуҷуд, ҳайати театрии мо, ҳайати интихобшуда ва роҳбарияти театр баъди муҳокимаву мубоҳиса ба хулоса омадем, ки ба хотири болида гардонидани рӯҳи устод Аловуддин Абдуллозода ин асари оғозшударо рӯи саҳна хоҳем овард.
Баъди он ки шодравон Аловуддин Абдуллозода моро тарк гуфтанд ва ғайриинтизор қаҳрамони дувум Меҳринисо Ҳоҷибоева низ дар нахустнамоиш иштирок карда натавонистанд, мо нақши марказии мардона - Тоҳирро ба Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Абдураҳмонов бовар кардем ва нақши марказии занонаро дублёр Оимгул Давлатова бозӣ кард. Муваффақиятро тамошобин баҳо медиҳад. Нахустнамоиш бисёр дар сатҳи баланд гузашт ва аз ҷониби тамошобинон баҳои баландро сазовор гардид.
- Дар ин намоишнома мо эҳсос кардем, ки як гурӯҳи ҳунармандони ҷавон ҷалб гардиданд. Ин ягон нақшаи махсуси тарбияи кадрҳост ва ё зарурат?
- Баъди реҳлати Аловуддин Абдуллозода лозим омад, ки ба интихоби ҳунармандони намоишнома бознигарӣ намоем. Албатта, вазифаи театр ин тарбияи кадрҳо низ ҳаст, аммо дар мавриди асари «Қалби зан» агар гӯем, ки зарурат барои тарбияи кадр ва истифодаи онҳо дар нақшҳои марказиву ҷиддӣ кумак расонид, хато намешавад. Дар нақшҳо ба ғайри ду образи марказӣ боз Ҷамила Юсупова, ҳунарманди хушсалиқа, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки солиёни дароз дар театр фаъолияти хеле хуб дорад, ду ҳунарманди ҷавон Фирдавси Турдиалӣ ва Дилафрӯз Саидова ҳунарнамоӣ карданд, ки аз маҳораташон тамошобинон лаззат бурданд.
-Тамошобин дар давоми як муддати хеле кам шоҳиди ду намоишномаи таҳиякардаи шумо гардид, ки мавзӯҳо мутафовит. яке фалсафиву таърихӣ ва дигаре мавзӯи замонавиву тарбиявӣ буд. Манзури мо намоишномаи «Карим-давона», ки баъди даҳсолаҳо дар фестивал- озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту» ҷоизаи сазоворро ба даст овард ва «Қалби зан» мебошад. Чӣ сирест, ки ба ҳар жанри театрӣ ва мавзӯъҳои мухталиф даст бизанед, муваффақ мегардед?
- Ҳар як ҳунарманд, эҷодкор набояд танҳо як роҳро интихоб кунад ва бояд худро дар тамоми жанрҳо, мавзӯҳои мухталиф бисанҷад. Намоишномаи «Карим-девона» тамоман мавзӯи дигар аст. Намоишномаи «Қалби зан» мавзӯи замонавӣ, рӯзмарра, доғи рӯз аст, гӯем хато намешавад. Аз ин нуқтаи назар, чун театр оинаи зиндагӣ аст, ман талош кардам, то ин асарро рӯи саҳна биёрам. Дар саҳнаи театр тамошобин бояд худашро, саҳифаҳои варақгардоншудаи зиндагиашро бубинад, камбудиҳое, ки диққат надодааст ва ё нодида гирифтаасту дарк накардааст, бубинад ва ба як хулоса биёяд, то ҷомеа ислоҳ шавад. Ҷомеа аз бадгӯӣ, камбудии якдигарҷӯӣ монда шудааст ва ман талош кардам, то ҷиҳатҳои хуби зиндагӣ, лаззати бо ҳам будану иттиҳоду якдилии оилавиро дар лаҳзаҳои мушкили зиндагӣ дар ин намоишнома ба маъраз гузорам. Мақсади аслии ман тарғиби муҳаббати оилавӣ буд, ки имрӯз ҷомеа ба он сахт ниёз дорад. Мехостам бузургии оила, бузургии сухани хуш, эҳтироми ҳамсаронро ба намоиш гузорам. Зеро сутуни аслии пойдории зиндагӣ ин муҳаббат аст.
- Ба ростӣ баъди тамошои намоишномаи «Қалби зан» фикр кардам, ки ин мавзӯъ шояд фармоишӣ бошад, зеро ба пуррагӣ мушкилоти имрӯзи ҷомеаро таҷассум мекунад. Гарчанде ки имрӯз мардумро ба театр овардан мушкил аст, аммо дар ин намоишнома тамошобинон бо як таваҷҷуҳи хос, садоҳои «офарин»-у «аҳсан», ҳатто бо эҳсосоту оби чашм рехтану ҳамроҳ бо ҳунарманд дарди ӯро дарк кардан, тамошо карданд. Мегуфтед, ки баъди намоишнома чӣ баррасиҳо шуданд?
- Вақте тамошобин ё мухлис аз оғоз дар намоишнома худро, дарди худро, лаҳзаҳои ҳаёти худро мебинад ва интизор мешавад, ки боз кадом лаҳзаҳои ҳаёташро нишон медода бошанд, ба қавле «нафас намекашад». Мебинад, ки мушкилоте, ки ӯ дошт, қаҳрамони намоишнома чӣ гуна бартараф мекунад, ба пуррагӣ ҳушу гӯш мешавад. Ва дигар, ки ҳунари асил, иҷрои босифати нақш бояд ҳувайдо бошад. Албатта, намоишнома бояд сеҳри худро дошта бошад, ки диққати тамошобинонро ба худ кашида тавонад. Бале, дар баъзе намоишномаҳо мардум гап мезананд, дилгир мешаванд, баромада мераванд, ин аз он аст, ки шояд тамошобин худро дар он наёфт ва ё касбиятро надид. Мо баъзе таҳлилҳои худро вобаста ба истиқболи тамошобин аз намоишнома, вазъи равонии ҳунарманд, бозии партнёр ва бисёр чизҳои дигар дорем.
Ин намоишнома низ ба озмунҳо пешниҳод мешавад?
- Соли 2023 фестивал- озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбии «Парасту» баргузор мешавад. Ман гуфта наметавонам, ки маҳз ҳамин намоишнома ба ин озмун пешниҳод мешавад ё не. Ин аз роҳбарияти театр ва Шурои бадеии театр вобаста аст. Аз «Парасту» то «Парасту» театри мо намоишномаҳои зиёд дорад. Мо, аҳли театр новобаста аз интихоб шудани ин ё он намоишнома барои муваффақ шудани он дар озмуни «Парасту» аз як гиребон сар бароварда, талош хоҳем кард.
- Пеш аз Соли нави мелодӣ тариқи шабакаҳои телевизионии Россия як гузориш пешниҳод гардид, ки мардум беш аз 5- 6 соат дар хунукӣ аз соати 4- и субҳ дар навбат истодаанд, то барои намоишномаи кӯдаконаи «Шелкунчик» чипта харидорӣ кунанд. Қимати чипта, таваҷҷуҳ кунед, аз 15 то 150 ҳазор рубл!!! Бубинед, мардум чӣ кадар фарҳангу ҳунарро қадр мекунанд. Барои ҷалби тамошобин ба театр чӣ бояд кунем?
- Пеш аз ҳама мо бояд намоишномаҳоро тариқи хазинаи озод ба роҳ монем. Бигузор дар навбати аввал 10-20 нафар биёяд. Намоишнома хуб бошад, имрӯз асри технологияву суръати кайҳонист, мардум худаш таблиғ мекунад. Аммо, мушкили дигар он аст, ки мо ҳатто як афишаҳои одиро надорем. Таблиғи намоишномаҳо дар кишварҳои дигар 6 моҳ пеш тавассути ВАО оғоз шуда ва дар ҷойҳои серодам насб карда мешаванд. Вақте тамошобин омаду аз театр чизе ба худ гирифт, ҳатман бори дигар меояд, ба дигарон нақл мекунанд. Боварӣ дорам, ки бо гузашти ду-се соли дигар мо бо таҳияи намоишномаҳои ҷиддиву касбӣ метавонем таваҷҷуҳи тамошобинонро мисли дигар кишварҳои пешрафта ба тамошои театр ҷалб намоем.
Бояд лоиҳаҳо, сармоягузорон бояд ҷалб шаванд, то тавонанд мардумро ба таври ройгон ба театр биёранд, маблағи чиптаҳоро пардохт намоянд, то мардум чӣ будани театр, намоишнома, бозии саҳнавиро бубинад, ба театр одат кунанд.
Чизи дигар ва аз ҳама муҳим мардум бояд интихоб дошта бошад, ки ба кадом намоишнома равад. Баъд рақобати солим пайдо мешавад. Мо меҳнат мекунем, намоишномаро таҳия мекунем, як мавсим намоиш медиҳем, баъдан фаромӯш мешавад. Бояд донист, ки барои таҳияи як намоишнома меҳнати зиёд масраф мешавад. Ҳар ҳафта як намоишнома бояд пешниҳод шавад. Новобаста аз он ки чанд нафар иштирок мекунанд. Ба оҳистагӣ теъдоди тамошобин зиёд мешавад.
- Дар кори пурмашаққати таҳиягарӣ ва умуман ба аҳли эҷоду ҳунари театри овозадори ба номи Ато Муҳаммадҷонов дар соли нави 2023 барори кору муваффақиятҳо таманно дорем. Ташаккур барои суҳбати озоду самимӣ.
- Ба шумо аҳли эҷоди маҷаллаи «Сафо» низ изҳори сипос менамоем, ки дар масири ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба театр саҳми арзандаи худро гузошта истодаед.
Суҳбаторо Ф. Абубакр
Добавить комментарий
Ахбор
Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо баррасӣ шуд 13:30Мазҳакаи “Зангирӣ ё дамгирӣ” 13:27Бохтар. Чорабинии мудофиаи ҳудудӣ доир гардид 15:49Хатлон. Дар майдони беш аз 9 ҳазору 900 гектар пиёз кишт шудааст 16:05Бохтар. Кӯдакон соҳиби майдонаи варзишӣ шуданд 13:04Панҷ. Пиёзи барвақтӣ ба бозор бароварда мешавад 11:53Дӯстӣ. Бунёди боз як иншооти соҳаи тандурустӣ 13:59Ҷ. Балхӣ. Бунгоҳи тиббии нав ифтитоҳ шуд 16:08
Серхонандаҳо
ПЕШАИ ПУРИФТИХОР
Нурализода Наргис: Мароми мо - баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа
Хатлон. 113- солагии матбуоти тоҷик таҷлил шуд
ХОВАЛИНГ. МАТБАА СОҲИБИ ДАСТГОҲИ ЗАМОНАВӢ ШУД
Дар шаҳри Бохтар 350 ҳазор гул шинонида шудааст
Ёвон. Майдончаи варзишӣ ифтитоҳ шуд
Пешвои миллат эҳёгари Наврӯз
Хирад раҳнамою хирад раҳкушой
ДАСТОНИ ПУРҲУНАР
СУМАНАК