Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Аз таъсиси ҷоизаҳо то нашрияи соҳаи фарҳангӣ
Мусоҳибаи вижа бо Насриддинзода Рамазон, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон
Нахуст мегуфтед, ки соли 2022 барои аҳли фарҳанги вилояти Хатлон чӣ гуна сол буд?
Тайи солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳу дастгирӣ ва мусоидати бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи фарҳанги вилояти Хатлон дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омада, дар ҳама самтҳои он рушду нумӯ карда истодааст. Аҳли фарҳангу ҳунар аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои роҳбарияти олии кишвар дар самти дастгирии ҳунармандон, таваҷуҳ ба озмунҳои ба соҳаи фарҳарнг равона гардида ва бунёди иншооти соҳаи фарҳанг, изҳори миннатдорӣ менамояд. Дар соли 2022 ҳунармандону санъатварони вилоят бо иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ баҳри тарғиби сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат саҳми арзандаи худро гузоштаанд.
Ифтитоҳи майдонҳои Парчами давлатӣ дар ноҳияҳои Ҷ. Балхӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Қубодиён, Нишони давлатӣ дар ноҳияҳои Ш. Шоҳин, Ҷ. Балхӣ, Панҷ мавриди истифода қарор додани Мақбараи мутаффакири бузург Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Хона- музей ва осорхонаи муосир дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ ва ҳамчунин, ифтитоҳи Осорхонаи мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ дар ноҳияи Ховалинг масъулияти мо, кормандони соҳаи фарҳангро дар тарғиби сиёсат давлат ва иҷрои рисолати касбӣ дучанд намуд. Мавриди зикр аст, ки давоми панҷ соли охир дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Дӯстӣ, Хуросон, Шаҳритус, Ш. Шоҳин, Муъминобод, Фархор, Ҳамадонӣ, Ховалинг, ва ғайраҳо дар баробари бунёди қасрҳои фарҳангӣ, боғҳои фарҳангӣ- фароғатӣ бо таъмини астраксионҳо низ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ҳамзамон, бунёди китобхонаҳо ва роҳандозӣ гардидани китобхонаҳои сайёр дар шаҳру ноҳияҳо аз дастовардҳои муҳими соли 2022 арзёбӣ мегардад, ки баҳри маърифатнокӣ ва баланд бардоштани ҳисси худшиносии мардум хизмат хоҳад кард.
Оид ба вазъи соҳаи китобдорӣ дар вилоят чӣ гуфтаниҳо доред?
Тайи солҳои охир вазъи китобхонаҳои маҳаллӣ каме беҳтар шудааст, аммо ҳоло ҳам сатҳи хизматрасонии соҳаи китобдорӣ ба беҳбудӣ ниёз дорад. Баъди таъйин ба вазифаи сардори Раёсати фарҳанги вилоят, пеш аз ҳама, барои мутахассисони соҳа дар шаҳру ноҳияҳо чандин семинарҳои омӯзиширо ташкилу баргузор намудем. Вобаста ба рушди соҳаи китобдорӣ, фаъолгардонидани китобхонаҳои сайёр, моҳияту мундариҷаи китобхонаҳои сайёр суҳбату вохӯриҳо гузаронида, дар ин доира тибқи дастуру супоришҳои раиси вилоят ва нақша- чорабиниҳои Раёсати фарҳанг ба хотири табодули таҷриба миёни китобдорони шаҳру ноҳияҳо санҷиши байниҳамдигарӣ ба роҳ монда шуд.
Натиҷаи ин иқдомҳо буд, ки имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Бохтар Норак, Левакант, Ҷ. Балхӣ, Фархор, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Вахш, А. Ҷомӣ, Ёвон, Ҳамадонӣ, фаъолияти китобхонаҳои сайёр беҳтар шудааст, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ метавон аз фаъолияти онҳо огаҳӣ пайдо кард. Бояд гуфт, ки мушкили ҳалталаби ҷиддӣ дар ин самт норасоии китобҳои тозанашр ва камбудии технологияи муосир дар китобхонаҳои маҳаллӣ мебошад, ки аксарияти адабиёти бадеӣ, ки аз даврони шуравӣ боқӣ мондаанд, бо забони русӣ мебошанд. Умедворам, ин мушкилӣ марҳила ба марҳила ҳалли худро пайдо мекунад, зеро имрӯз нигоҳу таваҷҷуҳи хонанда ба китобхонӣ бештар шуда, маҳз Озмуни ҷумҳуриявии “Фурғи субҳи доноӣ китоб аст” масъулияти мардумро ба истифода ва тоза нигоҳ доштани китоб ва таваҷҷуҳу дархости хонандагонро ба китобҳои тозанашр, аз ҷумла, адабиёти классикӣ зиёд намуд. Агар мисли китобхонаи шаҳри Кӯлоб дар ҳама китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо маркази компютерӣ медоштем, иштирокчиёни озмунҳо китобҳои дархостии худро аз китобхонаҳои электронӣ пайдо мекарданд. Хуб мешуд мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии дигар шаҳру ноҳияҳо вилоят низ бо таъмини китобхонаҳо лоаққал бо 5 ҷуфт компютер дар таъмини толибони каломи бадеъ дар дурдасттарин навоҳии вилоят саҳми худро мегузоштанд.
- Бо роҳандозӣ гардидани Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” таваҷҷуҳи наврасону ҷавонони саросари кишвар ба санъати мусиқӣ ва дигар ҳунарҳои касбӣ зиёд аст, аммо на дар ҳама шаҳру навоҳии вилоят мактабҳои мусиқӣ фаъоланд.
- Аслан рӯи кор омадани озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон- Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ...”, “Илм- фурӯғи маърифат” аз иқдомҳои ниҳоят саривақтӣ ҷиҳати дарёфти падидаҳои нодир дар самти рушди фарҳанги миллӣ ва пурзӯр кардани неруи зеҳнӣ арзёбӣ мегардад. Дар соли 2022 дар даври аввали Озмуни “Тоҷикистон -Ватани азизи ман” 931 нафар ширкат варзида, аз ин 497 нафар ба даври вилоятӣ роҳ ёфтанд. Тибқи натиҷагирӣ дар даври вилоятии озмун 81 нафар соҳиби роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ гардид, дар даври ҷумҳуриявӣ 19 нафари онҳо сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Тибқи таҳлилҳо нисбат ба як соли пешин шумораи иштирокчиён дар ин озмун 23 нафар ва дар қиёс ба солҳои пешин 243 нафар зиёд аст. Имрӯз дар ҳудуди вилояти Хатлон 29 мактаби санъати бачагона фаъолият дорад, ки дар онҳо зиёда аз 4 ҳазор хонанда таҳсил доранд. Дарвоқеъ, вазъи мактабҳои мусиқии шаҳру ноҳияҳо моро низ қаноатманд карда наметавонад. Дар баробари камшумории асбобҳои мусиқӣ, инчунин, норасоии мутахассисон дар мактабҳои санъат аз мушкилотест, ки боварӣ дорам марҳила ба марҳила ҳаллу фасл хоҳанд шуд.
Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бунёди чӣ гуна иншооти фарҳангӣ пешбинӣ гардидааст?
Тибқи нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Хатлон вобаста ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди вилоят бунёди 180 иншооти соҳаи фарҳанг пешбинӣ гардидааст. Инчунин, тибқи як лоиҳаи бо маблағгузории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Левакант Носири Хусрав, Шаҳритус, таъмиру азнавсозии Қасрҳои фарҳанг пешбинӣ гардидааст.
Дар доираҳои аҳли фарҳанг суҳбат атрофи зарурати таъсиси Ансамбли рақсии мардона меравад. Шумо дар ин маврид чӣ андеша доред?
- Айни замон дар ансамблҳои вилоятии “Хутал”, “Фалак” ва “Шашмақом” ду- се нафарӣ ҳунармандони рақси мардона фаъолият доранд. Дар Театри мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ва Театри вилоятии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб бошад гурӯҳҳои рақсии духтарона фаъолият доранд. Дар бобати эҳёи рақси мардона мо дар оянда нақшарезӣ хоҳем кард, зеро санъати рақси мардона як жанри асосии фарҳанги миллӣ мебошад.
Дар мавриди рушди театрҳои халқӣ чӣ гуфтанӣ доред?
Дар вилояти Хатлон 3 театри вилоятӣ, 5 театри халқӣ фаъолият доранд. Аз ҷумла, театри “Лухтак”, ки зодаи даврони Истиқлол аст, бо намоишҳои ҷолиби худ миёни тамошобинон маҳбубият пайдо кардааст.
Пӯшида нест, ки солҳои пешин фаъолияти театрҳои халқӣ як кам ба талаботи замон ҷавобгӯ набуд, аммо имрӯз фаъолияти театрҳои мазкур дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Муъминобод, Кӯшониён, Ёвон, Фархор, аз ҷумла, Филармонияи давлатии ба номи Одина Ҳошим дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Театри ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Данғара беҳтар шудааст. Бояд гуфт, ки таъсири як намоиши театрӣ баробари мутолиаи як китоб буда, он дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши муҳим мегузорад. Яке аз омилҳои муҳими рушди соҳаи фарҳанг дар вилоят ин марказонидани воситаҳои фарҳангӣ мебошад, ки бо ин васила метавон клубу китобхонаҳои сайёр, намоиши кино ва дигар саҳнаҳои ҳунариро дар коргоҳу саҳрои кишоварзӣ пешкаши мардум кард.
Оре, имрӯз дар қаламрави вилояти Хатлон 286 адад клубу қасрҳо ва Хонаҳои фарҳанг арзи вуҷуд доранд, вале бинобар надоштани лавозимоти касбӣ, фаъолияти клубҳои фарҳанг ҷавобгӯи талаботи замон нест. Дар баъзе ноҳияҳо клубҳои сайёр барномаҳои омоданамудаи худро дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ пешкаши мардум менамоянд. Зимнан, клубҳо зери назорат гирифта шуда, ҷиҳати пурзӯр намудани фаъолияти онҳо тадбирҳои судманд андешида мешавад.
Дар баробари норасоии кадрҳои тахассусӣ дар соҳаи фарҳанг, баъзан аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо таъйин гардидани кадрҳои ғайриихтисос ва камтаҷриа дар вазифаҳои роҳбарии бахшҳои фарҳанг кори соҳаро ба қафо мекашад. Оё вақти он наомадааст, ки Раёсати фарҳанг тибқи ваколати оинномавии худ ҷиҳати пешбарии кадрҳо дар вазифаҳои роҳбарии сохторҳои зертобеи соҳа таъсиргузор бошад.
Воқеан ҳам, имрӯз дар шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати рушди кори соҳа ба мутахассисони ихтисосманд зарур аст, чаро ки рушду пешрафти соҳа ва муваффаққиятҳои аҳли ҳунар аз маҳорату касбияти масъулони соҳа сахт вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, хуб мешуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар доираи салоҳият ва низомномаи Раёсати фарҳанги вилоят корбарӣ намуда, зимни интихоби кадрҳо ба вазифаи мудирони бахшҳои фарҳанг, осорхонаву китобхонаҳо ва театрҳои халқӣ пешниҳоди Раёсати фарҳангро низ ба инобат мегирифтанд. Масалан, дар шаҳрҳои Норак, Кӯлоб, Бохтар, ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён ва дигар навоҳие, ки соҳаи фарҳанг фаъолият назаррас доранд, маҳз аз интихоби мутахассисони варзида ба вазифаҳои роҳбарии ин соҳаи муҳим маншаъ мегирад.
- Дар фарҷом хуб мешуд оид ба дигар мушкилоти ҳалталаб ва ҳам дастоварду рӯйдодҳои муҳими соҳаи фарҳанг андешаҳои худро иброз менамудед.
- Норасоии таҷҳизоти тақвияти овоз дар клубҳо ва қасрҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо, норасоии компютер ва дигар лавозимоти корӣ барои китобхонаҳо, норасоии адабиёти тозанаш аз мушкилоте мебошанд, ки мо, кормандони соҳаи фарҳанг ҳамарӯза ба онҳо рӯ ба рӯ мешавем. Итминон дорам, ки дар соли 2023 ин мушкилот ҳаллу фасл мегарданд, зеро агар як сол қабл аз норасоии сарулибос барои ҳунармандон мушкилӣ доштем, он давоми соли ҷорӣ ҳаллу фасл гардид. Яъне, бартараф намудани мушкилоти бозмонда давоми як соли оянда имконпазир аст.
Дар мавриди дастоварду рӯйдодҳои муҳими соли ҷорӣ ҳаминро гуфтаниам, ки дар радифи муваффақиятҳои бузурги аҳли фарҳанг айни замон бо ибтикори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз рӯи чор номинатсия ҷоизаҳои раиси вилоят таъсис дода шуд. Ин ҷоизаҳо дар самти эҳёи санъати миллии фалаксароӣ ба номи Одина Ҳошимов, рушду эҳёи эстрадаи миллии тоҷик ба номи Муқаддас Набиева, дар самти рақс бошад ба ифтихори асосгузори гурӯҳи рақсии назди Театри вилоятии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб Тӯйдӣ Бобиева ва дар соҳаи ҳаҷв Ҷоизаи ба номи устоди зиндаёд Аловуддин Абдуллоев таъсис дода мешавад. Инчунин, бо ташаббуси раиси вилоят масъалаи таъсиси нашрияи Раёсати фарҳанги вилоят Хатлон мавриди баррасӣ қарор дорад, ки бо амалисозии ин ташаббуси наҷиб мо бо инъикоси дастоварду пешравиҳо ва навовариҳои соҳа ҷиҳати рушди соҳаи фарҳанг ва эҳёи расму анъанаҳои миллӣ саҳми бештар хоҳем гузошт.
Мусоҳиб Юсуфи Собир

Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР