Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Маликаи майдони меҳнат

Роҳи тайкардаи қахрамони мо низ тулонӣ ва пурзаҳмат аст. Сухан дар бораи нафаре меравад, ки зиёда аз 45 соли ҳаёти худро бо замин пайваста, имрӯз синаш аз 60 боло бошад ҳам, мисли даврони баркамолиаш кор мекунад. Ҳеҷ гоҳ бекор намеистад ва зиндагии худро бе замин ва меҳнат тасаввур карда наметавонад. Малика Қурбонова дорандаи ордени «Нишони фахрӣ», Ҷоизаи ҷумхуриявии ба номи Зайнаббибӣ, Ҷоизаи умумииттифоқии ба номи Паша Ангелина ва Ҷоизаи Т. Охунова мебошад. Ду даъват (солҳои 1980-1990) депутати Шурои Олии Тоҷикистон буд. Аз соли 2002 то ҳол раиси хоҷагии деҳқонии ба номи «Фариз», деҳоти Миралӣ Маҳмаадалиеви ноҳияи Восеъ мебошад.
Маликамоҳ Қурбонова 12 апрели соли 1957 дар деҳаи Оғҷари деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев (пештара деҳоти Арал), ноҳияи Восеъ дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Падараш Қурбонов Давлат, коргари фермаи чорводории шириву молии №1-и колхози Ленин ва модараш Каримова Моҳшариф говҷӯши ҳамин ферма буданд. Ҳама 10 нафар фарзанони онҳо, аз ҷумла Малика фарзанди дуюми хонадон бо заҳмат содиқона дар ҷомеа мақоми худро пайдо кардаанд. Малика пас аз хатми синфи 8 МТМУ №3, бо ташаббуси шодравон бобои Миралӣ Маҳмадалӣ ҳамроҳи 10 духтари деҳоти Арал таҳсилоти касбиро аз ОКТ -16 оғоз намудаанд. Он замон духтарон бештар барои таҳсил дар Омӯзишгоҳҳои касбӣ -техникӣ таваҷҷуҳ доштанд, ки баъди хатми он соҳиби ихтисоси механизаторӣ мешуданд.
- Баъди хатми омӯзишгоҳ мо шаш нафар духтарони Ҷамоати деҳоти Арал мувофиқи роҳхат ба собиқ хоҷагии овозадори Ленин ба кор омадем. Пеш аз мо аввалин механизатордухтар Гавҳарбӣ Пиракова буданд, ки духтарони ноҳия дар пайравӣ аз ӯ ин пешаро интихоб мекарданд. Дар оғози фаъолият нахуст раиси номдор Миралӣ Маҳмадалӣ маро назди худ хонда, ба ман мошини пахтачинии чорқатораи навро дод. Соли1974 бо ин мошини пахтачинӣ 250 тонна пахта ҷамъоварӣ намуда будам. Аз соли 1974 то барҳамхӯрии собиқ Шуравӣ ва таҷдиди хоҷагиҳои пахтакорӣ дар ҳамин хоҷагӣ механизатор шуда кор мекардам. Дар баробари ман дар хоҷагиамон Гулинор Рӯзиева низ механизатор буд. Ман дар соли 1987 шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном хатм кардам. Дар умум, тӯли 40 сол дар ин хоҷагӣ ба ҳайси механизатор ва сарвари бригадаи пахтакорӣ кору фаъолият намудаам. – гузаштаро ба ёд меорад Малика Қурбонова.
Ӯ соли 1979 бо Эмомов Саидаҳмад оила бунёд кард. Шавҳараш дар хонаи маданияти шаҳри Кӯлоб ба ҳайси рассом фаъолият дошт. Баъди издивоҷ раиси собиқ хоҷагии Ленин Миралӣ Маҳмадалиев Саидаҳмадро дар хоҷагӣ ба кор гирифта, ҳамин тавр, ин оилаи ҷавон дар ноҳияи Восеъ зиндагӣ ихтиёр намуданд. Намои чойхонаи дуошёнаи сари роҳи деҳаи Қурбоншаҳид, бинои осоишгоҳи Тосқалъа ва чойхонаи маркази ноҳия аз ҳунару истеъдоди Саидаҳмад гувоҳӣ медиҳад.
- Маро ҳамсарам дар кӯчаҳои шаҳраки Восеъ дида, баъди суроғаамро ёфтан, ба хонаамон хосгор фиристод. Ҳамин тавр, бо ризояти бузургсолони хонаводаҳоямон оила бунёд кардем ва бо дастгирии бобои Миралӣ аз ҳисоби хоҷагӣ барои мо хона сохтанд. Дарвоқеъ, шодравон Миралӣ Маҳмадалиев ҷавононро зиёд дастгирӣ мекарданд. Маҳз ҳамин дастгирӣ ва кумакҳои раиси мардумписанд буд, ки мо бонувон обрӯву иззат ёфтем.
Дар раванди таҷдиди хоҷагиҳои коллективӣ ман ҳам аз ҳисоби саҳмияи аҳли оилаамон хоҷагии деҳқонӣ таъсис додам. Чун дар он солҳои фаъолият дар хоҷагии коллективӣ дар баробари фаъолияти механизаторӣ инчунин, дар мавсими кишту кор ва коркарди қаторҳо бошад трактори дигар доштам. Ҳоло ҳам дар кори хоҷагӣ трактори аз солҳои шуравӣ боқимондаро, ки аз хоҷагӣ харида будам, истифода мебарам. Солҳои пешин хоҷагиҳои пахтакорӣ даромади хуб доштанд, ки аз ҳисоби он мо, коргарон низ дар баробари музди маоши баланд соле як маротиба ба истироҳатгоҳҳо мерафтем,- нақл мекунад ӯ.
Соли 1980 барои меҳнати ҳалол ва шоиста ба Малика Қурбонова мошини сабукрави Жигулии 03 туҳфа карда шуд. Умуман, аз баракати заҳмати содиқона ду духтару як писарро хононда соҳиби касбу кор намуд. Духтаронаш яке ҳамшираи шафқат дувумӣ омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик буда, соҳиби ҳамсару фарзандони нозанинанд. Писараш масъулияти хоҷагии деҳқониашонро бар зимма дорад ва дар пешбурди корҳои хоҷагӣ зодмандони собиқадораш ба ӯ кумак мерасонанд. Меҳру муҳаббат ба ҳар порча замини корами Ватан аст, ки имрӯз онҳо дар қитъаи наздиҳавлигиашон гармхона ташкил карда, аз ин ҳисоб бо маҳсулоти тару тоза таъмин мебошанд. - Ҳосили гармхонаҳоямон аз талаботи солонаи хонавода зиёд буда, бештари ҳосили бадастовардаамонро дар бозорҳои ноҳия ба фурӯш мебарорем, - бо изҳори қаноатмандӣ иброз медорад Малика Қурбонова. – Дар 6 гектар замини хоҷагии деҳқониамон пахта ва ғалладонагиҳо кишт менамоем.
Малика Қурбонова 428 сомонӣ нафақапулӣ мегирад ва аз саломатии худ шикоят надорад, зеро доимо ба кори деҳқонӣ машғул аст. Баъзан масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба аёдаташ меоянд, ки аз ин хушнуд мегардад. Зимни суҳбат иброз дошт, ки гарчанде дар солҳои фаъолияти меҳнатӣ ду навбат вакили Шурои Олӣ буд, аммо маблағи нафақапулиаш камтар аст.
Новобаста ба каму костиҳои рӯзгор ӯ аз ҳаёти сипаринамудааш ва рӯзгори имрӯзаи худ қаноатманд аст. -Хушбахтиву саодати зиндагии мо сокинони деҳот аз заҳмати содиқона дар заминҳои файзбор ва шукругзориву қаноатмандӣ аз тинҷиву осудагӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол маншаъ мегирад. Мо ки дар ду давраи таърих умр ба сар бурдаем, ҳаёти имрӯзаи мардуми кишварамро беҳтарин давра мешуморем. Танҳо барои фароҳам овардани шароитҳои зиндагӣ бояд ҳар нафар бо касбу ҳунарҳои гуногун ва заҳмати покдилона мақоми худро дар ҷомеа пайдо кунад. Шахсан ман илова ба пешаи механизаторӣ ҳанӯз аз овони ҷавони ҳунари дӯзандагиро аз бар намуда будам, ки дар ҳолатҳои зарурӣ барои худу фарзандонам сарулибос омода мекардам. Бинобар ин, ҷавонони мо бояд дар баробари илму донишандӯзӣ дигар ҳунарҳои бозоргирро низ омӯхта, аз ин ҳисоб даромади иловагӣ ба даст оваранд, то ин ки дар зиндагӣ муҳтоҷи дастгириву кумаки дигарон набошанд,- иброз дошт дар фарҷоми суҳбат Малика Қурбонова.
Билоли Шамс, ноҳияи Восеъ
Добавить комментарий
Ахбор
ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025 15:48Чор иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд 15:03Фестивал намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор гардид 14:16Аввалин ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар дар вилояти Хатлон анҷом дода шуд 16:48Ҷ. Балхӣ. Корхонаи ордбарорӣ дубора эҳё мешавад 15:36Беш аз 1000 нафар бо ҷои кор таъмин шуд 15:44“Тасмаи бехатарӣ муҳофизи шумо” 14:51Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо баррасӣ шуд 13:30
Серхонандаҳо
Нурализода Наргис: Мароми мо - баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа
Ёвон. Майдончаи варзишӣ ифтитоҳ шуд
Ҷ. Балхӣ. Бунгоҳи тиббии нав ифтитоҳ шуд
Бохтар. Чорабинии мудофиаи ҳудудӣ доир гардид
Дӯстӣ. Бунёди боз як иншооти соҳаи тандурустӣ
Бохтар. Кӯдакон соҳиби майдонаи варзишӣ шуданд
СУХАНИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ЧОРАБИНИИ РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА
Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо баррасӣ шуд
Панҷ. Пиёзи барвақтӣ ба бозор бароварда мешавад
Фестивал намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор гардид