Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ноумед нашав, духтарам
Саҳарии барвақт дарвоза тақ-тақ шуду овози ҳамсоядухтарро шунидам. -Муаллима, ҳоло ба кор нарафтаед? –пурсид ӯ.
Биё, биё, ман имрӯз дар хона, -гуфта вайро ба ҳавлӣ даровардам. Кӯдаки якунимсолааш аз хунукии субҳ худашро ба оғӯши модараш часпонда гарм шудан мехост. Аз саросемагӣ сарпӯшашро ҳам напӯшондааст.
«Чӣ шуда бошад? Дар ин вақт занон акнун аз хоб хеста, субҳона омода мекунанд. Ӯ чӣ мушкилӣ дошта бошад?»-хавотир шудам. Бӯйи гарди сурхкарда ва тухму ҳасиббирён аз хонаҳои ҳамсояҳо дар ҳавои тозаи саҳар ба димоғ мерасид. Ҳама дар тараддуди гуселонидани кӯдакон ба мактабу боғча ва ё ба кор мешитобанд.
Бахтинисо ҳам мегуфту ҳам мегирист, ором шуда наметавонист. Шояд ин одати маъмулии занҳост, ки эҳсоси худро баробари дидани одами наздикашон фош мекунанд. Баланду сахт мегирянд, то дилашон холӣ шавад.
Шумо бо модарам дугона будед, оилаи моро хуб медонед. Агар модари раҳматиам мебуданд, ин қадар хору зор намешудем. Пеши шумо омадам. Намедонам чӣ кор кунам? Дар хона рӯзи сиёҳ дорам. Бародарам, янгаам азобам медиҳанд. Падарам ҳам тарафи онҳоро гирифта, маро ҷанг мекунанд. Ману хоҳарам дар як хона бо падари беморам сукунат дорем, зеро ба хонаи модарам даромаданӣ намемонад. Мегӯяд, ки писарашро хонадор мекунад.
Неши забони янгааам ба ҷонам задааст. «Ту сархӯрӣ, барои ту шуда модарат бемори қанд шуд. Аз ин дунё рафт. Кай аз шумоён халос мешавем?- гӯён дод мезанад. Инсоф надорад янгаам. Ба акоям хабар кашида, маро азият
медиҳанд. Нону хӯрокро пинҳон кардааст. Боз духтари холаам мешавад. Бегона ин корро намекунад. Чӣ маслиҳат медиҳед?- гуфтани Бахтинисо аз сард будани муносибатҳои оилавии онҳо дарак медод.
Ба ҳаёти оилаи дигар, ҳаёти шахсии касе дахолат кардан дуруст нест, аммо дар ин вазъият ӯро дар гирдоби мушкилот танҳо гузоштан бешафқатист. Охир ӯ назди ман ба умеде омадааст, чун аз раиси занони маҳалла буданам умед дорад, ки кумакаш расонида метавонам.
Бахтинисо дар зиндагӣ бахти оилавӣ надид. Волидон бо ҳавас барои хушбахт шуданаш номашро Бахтинисо гузошта бошанд ҳам, тақдир ӯро сиёҳбахт кард. Дар 18-солагӣ ба як ҳофизи тӯйгард ба шавҳар доданд. Домод, ки шабҳо тӯй ба тӯй, аз зиёфат ба зиёфат мегаштааст, арӯси танҳо аз интизорӣ ва хавотирӣ бемор шуд. Ба хона оварда, падару модараш табобат карданд. Ду-се бор қаҳр карда омад.Тарафи домод ӯро «бемории рӯҳӣ дорад» гуфта туҳматаш карданд. Падару модар, ки вайрон шудани оилаи духтарашонро намехостанд, ӯро маҷбур боз ба хонааш бурданд. Вақте фаҳмиданд, ки домод нашъаманд аст, барои ҷудо шудан розӣ шуданд.
Борҳо модараш пушаймон шуда ба ман гуфта буд, ки духтарам мехост хонад, аммо ӯро аз ин ҳаққаш маҳрум кардем. Дугонаҳояш ҳоло дар хонаи падару модар бозӣ карда гаштаанд, ин бошад хонавайрону зани бешавҳар. Ҳамон вақт маслиҳат додам, ки Бахтинисо бояд маълумот гирад, ба худаш даркор мешавад. Вай ҳуҷҷатҳояшро ба коллеҷи омӯзгорӣ супорид. Баъди хатми он омӯзгор шуд. Хостгорҳо зиёд буданд, аммо ӯ рад мекард. Нобарории тақдираш ӯро тарсон карда буд.
Танҳо баъд аз ҳафт сол мардеро вохӯрд ва оила барпо кард. Аввал индагиашон хуб буд. Ба хотири хушбахтӣ пӯшидани сатр, ба кор нарафтанро ҳам қабул кард. Баъд аз таваллуди писар авзои хушдоману зани ҳевар дигар шуд. Хонае, ки онҳо зиндагӣ мекарданд, дар номи ҳевари калонӣ буд. Вай дар Россия муҳоҷири меҳнатӣ буду се духтар дошт.
Хонаро холӣ кунед, ба иҷора бароед,исрор дошт зани ҳевар. Дар зимистони хунук бо кӯдаки навзод ноилоҷ манзилеро иҷора гирифтанд. Барои иҷора, рӯзгор пул намерасид. Модари Бахтинисо аз нафақааш ғизои кӯдак ва уребчаҳои ӯро мехарид. Хушдоман писарашро маҷбур кард, ки аз Бахтинисо ҷудо шавад. Ҷавон, ки бори чорум зан гирифта буд, бо маслиҳати модараш зану кӯдакашро танҳо гузошт. Барои бекор кардани ақди никоҳ ва гирифтани алимент то як сол кашокаш карданд. Дар садама ҳалок шудани шавҳар боз як зарбаи дигари тақдир буд. Ҷавонзан бо кӯдак дубора ба хонаи падар баргашт. Бахтинисо рӯзе ба наздам омада, илтиҷо кард, ки модарашро барои идомаи таҳсил дар донишгоҳ розӣ кунонам. -Дугона, илмашро баландтар кунад, нағз, аммо пули шартномаашро чӣ хел месупорем? –фаҳмонд модараш.
Баъд донистам, ки Бахтинисо тилловориҳои арӯсиашро фурӯхта, пули таҳсилро пардохт кардааст. Духтарам, зиқ нашав. Ҳаминро дон, ки духтар ба хонаи падар бозгашт шавад, бегона мешавад. Он давраи эркагиҳои духтариат не. Ба аҳли оила хидмат мекуниву нон мехӯрӣ. Ҳар як сухан ва муносибати наздиконат ба ту сахт расад ҳам, рӯйи хотири кӯдакат сабр кардан лозим мешавад. Маълумоти олӣ дорӣ, маош мегирӣ, пас, бояд худат мустақилона рӯзгоратро пеш бурда тавонӣ. Дастнигари бародаронат нашав,дилбардорӣ мекардам вайро.Кӯдакам дар боғча, худам дар мактаб. Рӯзи дароз нестем, зарарамон намерасад. –идома медод вай. Агар маслиҳати маро гирӣ, маошатро дуруст тақсим карда, зиндагиро пеш бурда метавонӣ. Илова бар ин, хоҳаратро ба тиҷорат ҷалб кун. Ҳамон пештахтаи фурӯши қаламу дафтарро ба вай супор. Ҳамааш хуб мешавад,- насиҳат кардам ӯро. Аз ҳамсоязанҳо шунида будам, ки тобистон, дар давраи таътил падари бемору оҷизаш барои тиҷорати хурди духтарҳояш маблағ додааст. Сухани падар ҳам дар он хонадон намегузашт, зеро баъди ҷарроҳӣ 5- 6 соли охир нобино шудаву дастнигари писарон буд. Ҳол он ки тамоми умр бо савдо машғул буда, 5 фарзандро серу пур ба воя расондааст. Бозгашти Бахтинисо ба қавле дарди сар шуда буд. Духтар дигар шавҳар накард, бахташ кушода нашуд. Чаро мо калонсолтар мешавему меҳру муҳаббатамон камтар? Баъд аз оиладор шудан хотири модару падар ва бародару хоҳар не, зан ва ё шавҳарро болотар медонем?
Ё фарзанду наберагонамон азизтару муҳимтар менамоянд? Шояд ин барои одамизод меросӣ бошад? Мегӯянд, ки субҳро чӣ хел пешвоз гирӣ, тамоми рӯзат чунин мешавад. Дилам ба Бахтинисо сӯхт, аммо хостам худаш роҳи зиндагиашро ёбад. Зиндагӣ пастиву баландӣ дорад. Танҳо саъю кӯшиши худи инсон мушкилоти ӯро ҳал мекунад. Гоҳо раҳнамоӣ, як сухани таскинбахш ва ё насиҳати беғаразона ба дарди диле марҳам мешавад. Ҳафтаи гузашта Бахтинисоро дар роҳ дидам. Писарчаашро ба кӯдакистон оварда, ба мактаб мешитобид.
Муаллима, гуфтагиатонро кардам, дигар на гапи зиёдативу на ҷанҷол ва асабҳои ҳама ҳам ором, – гуфт ӯ. Ман ҳам сӯйи донишгоҳ раҳсипор шудам. Хурсанд будам, ки дар ин хонавода ҳамдигарфаҳмӣ пайдо шудааст. Раҳораҳ андеша мекардам, ки шикастани дили инсон, ноумед кардан кори осон аст. Як сухани хубро аз якдигар дареғ надорем, чӣ шавад? Пас аз гум кардани инсонҳо пушаймон мешавем, ки чаро чунин муносибат кардаем. Қадри якдигарро донем, якдигарро эҳтиёт кунем, ҳаёт ҳам зеботар менамояд.
Дилором МАҲКАМОВА

Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР