Ташаббуси шоистаи таҳсин

 Дар даврони соҳибистиқлолӣ, дар сартосари ҷумҳурӣ, аз ҷумла, дар вилояти Хатлон бо ташаббуси соҳибкорони ҳимматбаланди маҳаллӣ садҳо иншооти иҷтимоию, иқтисодӣ ва фарҳангию маданӣ сохта ба истифода дода шуд, ки аз ин ҳисоб ҳазорҳо нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимию мавсимӣ ва маоши хуб гардиданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон қайд кардаанд, ки «Шумо соҳибкорони бонангу номус, ҳамеша иқдомоти Ҳукумати мамлакатро бо дарки амиқи масъулият самимона пуштибонӣ менамоед, барои имрӯзу ояндаи кишвар ва пешрафти давлат кӯшиш мекунед, дар раванди ташкили коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, хулоса, дар таҳкими иқтидори иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ саҳмгузор ҳастед».

Фарҳод Зиёев сокини ноҳияи Қубодиён яке аз чунин соҳибкорони ҳимматбаланду ватандӯст, даст ба хайру чашмикордон мебошад, ки дар радифи дигар соҳибкорон, ҷиҳати дастгириҳои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и деҳаи Бошқалъа, Ҷамоати деҳоти Утақара Назарови ноҳия бо харҷи 2,5 миллион сомонӣ бинои иловагӣ иборат аз 11 синфхонаи барҳавою замонавӣ ва се утоқи корӣ бунёд намудааст.
Тавре зимни суҳбат мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Қубодиён Зокир Амиров иброз дошт, Фарҳод Зиёев хатмкардаи ҳамин муассисаи таълимӣ буда, бо огоҳ гаштанаш аз он ки дар мактаб норасоии ҷойи нишаст пайдо шудааст, ин иқдоми наҷибро пеш гирифт. Дар МТМУ №11 зиёда аз 2070 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нав шароити таълим дар ин муассиса беҳтару хубтар гардидааст. 
Фарҳод Зиёев дар баробари бунёд кардани бинои иловагии мактаб, боз иқдом гирифтааст, ки дар зодгоҳаш як муассисаи томактабии замонавии дуошёна низ бунёд намояд,- иброз дошт дар идомаи суҳбат Зокир Амиров ва илова кард, ки аллакай лоиҳаи ин кӯдакистон омода буда, корҳои сохтмонӣ рӯзҳои наздик шурӯъ хоҳанд шуд. -Вақте мо лоиҳаи кӯдакистонро омода кардем, он аз як ошёна иборат буд ва камхарҷ ба ҳисоб мерафт. Аммо лоиҳаро Фарҳод дида изҳор дошт, ки бояд бо тақозои замон як лоиҳаи бинои ду ошёнаро интихоб намоем. Ба андешаи ӯ бояд кӯдакони замони Истиқлол дар беҳтарин шароитҳо ба тарбия фаро гирифта шаванд ва дар оянда ба халқу Ватани азизи хеш хизмат намоянд. Ҳамин тавр, дар муддати муайян лоиҳаи бинои ду ошёнаи хуштарҳу замонавии иборат аз якчанд ҳуҷра барои фаро гирифтани 120 кӯдак таҳия карда шуд. Умедворем, ки ояндаи на чандор дур ин муассисаи томактабӣ бунёд шуда, кӯдакони ин мавзеъ дар бинои барҳавою дорои беҳтарин шароит ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд, - мегӯяд Зокир Амиров. Фарҳод Зиёев зимни суҳбат хушнудӣ аз он кард, ки сол аз сол дастгириҳои давлату ҳукумат, аз ҷумла, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати рушди соҳаи соҳибкорӣ дар мамлакат афзуда истодааст. 
Барои соҳибкорон тамоми шароит ва  имтиёзҳо муҳайё гардидаанд, ки ин дар пешрафту тиҷорати мо мусоидат карда истодааст. Аз ҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъекҳои соҳибкорӣ» ба тасвиб расид, ки муҳлати он то 1 январи соли 2023 муқаррар гардидааст. Модоме, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин қадар соҳибкоронро дастгирӣ менамоянд, пас, мо низ вазифадорем, ки дар пешрафту гулгулшукуфии Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошем. Пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аз сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф вобастагии зич дорад. Бесабаб дар Тоҷикистон рушди соҳаи мазкур яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар нашудааст. Зеро таҳкурсӣ ва пояи рушди соҳаи иқтисодиёту сиёсат ва иҷтимоиёту фарҳанг аз омода кардани кадрҳои баландихтисос вобаста мебошад. Чун соҳаи маориф дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор гирифтааст, мо назди худ мақсад гузоштем, ки бояд кӯдакони мо ҳам дар беҳтарин шароит ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд ва бо маслиҳати падару модарон бинои иловагии мактабро сохта ба истифода додем, - изҳор намуд Фарҳод Зиёев. 
Хизматҳои арзандаи ин соҳибкори ватандӯстро ба назар гирифта, шуъбаи маорифи ноҳияи Қубодиён дар ҳамбастагӣ бо Раёсати маорифи вилояти Хатлон ба Вазорати маориф ва илми мамлакат пешниҳод кардааст, ки Фарҳод Зиёев барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди маорифи мамлакат, ба унвони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шавад. Ин соҳибкори ватандӯст дар фарҷоми суҳбат андешаи мутафаккири барҷастаи фаронсавӣ Густав Лебонро ёдоварӣ кард, ки ӯ чигунагии вазъи ояндаи ҳар миллатеро вобаста ба тарзи  тарбия ва таълими насли ҷавони он донистааст. -Ба таъкиди Густав Лебон «Бар асоси таълиму тарбияе, ки ҳар миллат ба насли ҷавони худ медиҳад, метавон пешбинӣ кард, ки чӣ оқибат ва ояндае онро интизор аст.» Бо хушнудӣ гуфта метавонам, ки дар натиҷаи ғамхориҳову сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насли ояндасози миллати мо донишманду соҳибмаърифат ба камол расида, дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзандаи хешро хоҳанд гузошт. Аз ин рӯ, барои насли ояндасоз аз ҳозир бояд шароит муҳайё карда шавад, - иброз медорад Фарҳод Зиёев.
                                                                    Сулаймон СУЛТОНОВ
Похожие новости:
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Варзиш / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий