Бойгонӣ

ТОҶИКФИЛМ: марҳилаи нави рушд

Синамо муаррифгарӣ ҳар як миллат буда, тавассути он давраҳои гуногуни сарнавишти халқҳо, зиндагию рӯзгори онҳо инъикос мегардад. Солҳои охир Ҳукумати мамлакат ба ин соҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Зеро ғамхорӣ нисбат ба рушди кинои тоҷик яке аз роҳҳои муҳими тарғиби фарҳанги миллӣ ва дастовардҳои давлати соҳибистиқлоли мо, омили эҳё намудани таъриху маданияти қадимаи халқи тоҷик ва инъикоси масири пешрафт ба ҳисоб меравад. Синамои миллии мо тамаддуни бостон, расму оин ва дигар анъанаҳои миллии мардуми тоҷикро ба риштаи тасвир кашида, ҳамчун намунаи фарҳанги волову оламшумул дар ташаккули тафаккури миллӣ саҳми арзанда гузоштаву имрӯз низ ҳамин рисолатро бар дӯш дорад. Мусоҳибаи котиби масъули маҷаллаи «Сафо» бо Хуршед Сафаров, сардори Раёсати Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар вилояти Хатлон
Нахуст аз дирӯзи кинои тоҷик ёдовар мешудед. Ба назари шумо чаро филмҳои солҳои пеш сабтшуда мондагоранд? 
Кино дар ҳаёти мо рӯз то рӯз мавқеи бештарро ишғол менамояд. Зеро ба воситаи он мо таърихи куҳан ва навро меомӯзем, талхию шириниҳои зиндагиамонро дар нақши ҳунармандон мебинем ва дар тахайюли худ орзуҳои рангинро мепарварем. Санъати филми тоҷик, чун қисмати таркибии кинои шуравӣ ривоҷу равнақ ёфта истодааст. Фарҳангшиносон таърихи эҳёи синамои тоҷикро ба 16-уми октябри соли 1929 рабт додаанд. Дар ин сана Анҷумани фавқулодаи Шурои Тоҷикистондекларатсия оид ба таъсиси Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул шуда буд. Баъди ба тасвиб расидани ин санади таърихӣ барои иштирокчиёни он ҳамоиш, нахустин киножурнал дар бораи омадани аввалин қатора аз Тирмиз ба Душанбе намоиш дода шуд. Ҳамин тавр, зангӯлаи омадани якумин қатора ба Тоҷикистон аз милоди синамои тоҷик мужда медод.Дар давраи на начандон дури таърих санъати кинои миллии мо марҳилаҳои гуногунро паси сар намуд. Солҳои 50–80-ум он инкишоф ёфт. Ва дар ин давра филмҳои «Дохунда», «Ман бо духтаре вохӯрдам», «Чароғ дар кӯҳсор», «Қисмати шоир», «Одам пӯсташро иваз мекунад», «Ҳасани аробакаш», «Зумрад», «Коваи оҳангар», «Марди судхӯр», «Рустам ва Сӯҳроб», «Сиёвуш» ва ғайра ба навор гирифта шуданд, ки ҳамаи онҳо имрӯз ҳам маҳбубияти худро миёни тамошобинон гум накардаанд. Чунки филмҳои номбурдашуда маз- муну муҳтавои баланд доранд ва онҳоро мутахассисони варзидаи соҳа мисли Б. Кимёгаров, К. Ёрматов, С. Тӯйбоева, Т. Собиров, М. Юсупова, Н. Тиллоев, И. Барамиков, В. Кузин, М. Миршакар, И. Луковский, Т. Зулфиқоров, М. Исоева, М. Қосимова, Ҳ. Гадоев, Р. Раҳимов, А. Муҳаммаҷонов, М. Воҳидов, З. Дахте, У. Мирзоширинов ва даҳҳо каси дигар офаридаанд. –
Имрӯз синамои тоҷик чӣ ҳолу ҳаво дорад?
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди кино барои солҳои 2018– 2022» қабул ва амалӣ карда шуда, дар доираи он сол то сол заминаи моддӣ-техникӣ ва фаъолияти эҷодии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва зерсохторҳои он мустаҳкамтар гардид. Ҳоло лоиҳаи барномаи дигар дар ин соҳа таҳия гашта истодааст, ки фарогири рушди минбаъдаи синамои тоҷик ва инфрасохтори он мебошад. «Тоҷикфилм» дар марҳилаи нави рушд аст ва он албатта обрӯву эътибори пешинаи худро касб мекунад. Имрӯз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо роҳбарии мутахассиси варзидаи соҳа Мадмадсаид Шоҳиён ба дастовардҳои зиёд ноил гардида истодааст. Филмҳои ҳунарие, ки ахиран рӯи пардаи синамои тоҷик омаданд «Бачаи обӣ», «Додараки фариштаҳо», «Автобус», «Охирин сайди сайёд», мустанади «Морхӯр» ва чанди дигар дар ҷашнвораву фестивалҳои  байналмилалӣ соҳиби ҷоизаҳошудаанд. Айни замон ба наворгирии якчанд филми дигар идома дорад.
Аввали сол аз таъсиси студияи «Хатлонфилм» хабар дода будед. Аҳли эҷоди вилоят то ба имрӯз ба чӣ муваффақиятҳо ноил гардиданд?
Бале, бо ташаббуси роҳбарияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар вилояти Хатлон ҳам студияи филмофарӣ таъсис ёфта, ба фаъолияти эҷодию техникии он ҷавонони болаёқату мутахассисони соҳибтаҷриба ҷалб карда шуданд. Мақсад аз ин ибтикор боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти эҷодию истеҳсолии муассиса дар вилоят буда, мустаҳкам намудани заминаи эҷодӣ ва моддию техникӣ имконият фароҳам меорад, ки минбаъд аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, маконҳои табиии сайёҳӣ, расму оин ва санъати миллӣ, ҷашну маросимҳои аҷдодӣ ва табиати назаррабои вилояти Хатлон филмҳои мустанаду ҳунарӣ ва лавҳаҳои ҷолиби телевизионӣ омода карда шаванд.
Ҳайати эҷодии студияи «Хатлонфилм» аз рӯзҳои нахустини фаъолият тасмим гирифтаанд, ки вобаста ба имконоти мавҷуда ба наворбардории филмҳои мустанади таърихӣ, ки дар онҳо ғояҳои ватандӯстию хештаншиносӣ ва тарбияи ахлоқию маънавии ҷомеа бахусус наврасону ҷавонон тараннум мегарданд, машғул шаванд. То ин вақт онҳо доир ба кӯҳи намаки «Ҳоҷамуъмин», шаҳри қадимаи «Лағмон», ёдгории «Хоҷа Машҳад» ва мавзеи таърихии «Тахти Сангин» филмҳои мустанад ва илмию оммавӣ омода намуда, тариқи телевизион манзури тамошобинон гардониданд. Ҳоло аҳли студияи «Хатлонфилм» саргарми омода намудани филми «Бешаи палангон» ҳастанд, ки дар он аз олами ҳайвоноту наботот ва махсусиятҳои хоси ин мамнуъгоҳ намоиш дода мешавад.
Филмҳои ҳуҷҷатӣ умри дарозтар доранд ва онҳо бозгӯи таъриху тамаддуни бостон мебошанд. Мо мехоҳем, ки ба ҳамин восита ҳувияти миллии  насли наврасу ҷавонро бедор созем ва онҳоро ба илму маърифат талқин намоем.
 «Тоҷикфилм» тадбиқкунандаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи кино мебошад. Ба ҷуз филмофарӣ боз чӣ фаъолиятро пеш мебаред? 

-Раёсати «Тоҷикфилм» дар вилояти Хатлон ҳамчун ниҳоди давлатӣ дар баробари фаъолияти истҳесолӣ ҳамчунин, ба паҳнкунӣ, намоиши филмҳо, иҷозатномадиҳӣ ва назорати маводи аудиовизуалӣ машғул аст. Ҳоло мо дар асоси дастури Ҳукумати ҷумҳурӣ зина ба зина кинотеатрҳое, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мавҷуданд, дубора барқарор ва таъмиру азнавсозӣ намуда, намоиши оммавии филмҳои бадеӣ ва мустанаду таърихиро ба роҳ монда истодаем. Ташкили намоиши филмҳои ҳунарию ҳуҷҷатӣ дар қаларави вилоят бо ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯён ва кормандони ташкилоту муассисаҳо яке аз василаҳои асосии расидан ба ҳадафи гузошташуда арзёбӣ мегардад. Мо минбаъд низ барои тарғиби ғояҳои миллӣ ва тараннуми арзишҳои фарҳангию маънавӣ ба ин неруи тавоно арҷ гузошта, барои рушди он дар вилоят ҳамаҷониба талош менамоем.
                                                             Мусоҳибаи Амонулло БАХТИЁРЗОДА
Похожие новости:
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Варзиш / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019