Бойгонӣ

ТАНӮРСОЗ

Ҳоло ӯ тибқи фармоиш танӯрҳои гуногунҳаҷм омода мекунад. Мизоҷони ӯ на  танҳо сокинони маҳаллӣҳастанд, балки соҳибкорон ҳам барои дуконҳои нонпазӣ аз вай танӯр мехаранд. - Танӯрсозӣ касби аҷдодии мост. Падару бобоям ҳунарманд буданд. Ман кори онҳоро идома дода истодаам. Бародару хоҳар ва фарзандонам ҳам ба ин шуғл машғуланд. 

Зеро  ин касб мояи даромади мост. Аз ин ҳисоб барои рӯзгор, хонаву дар обод кардем, писарону духтаронро тӯй кардем ва миёни мардум соҳибэҳтиром гаштем, - мегӯяд Дусанбой Йигитов.Дар баробари мардон ба ин кори даромаднок, вале заҳматталаб занону духтарони хонадон низ машғуланд. Онҳо мувофиқи дархости мизоҷон танӯр сохта, дар ҷойи лозима насб мекунанд. Ҳарчанд ҳоло печҳои барқию газии замонавии нонпазӣ хеле зиёд шудаанд, аммо ҳамоно мардум нони танӯриро меписанданд ва анъанаҳои миллиро ҳеҷ фаромӯш накардаанд. -Мо хокро худамон дастрас мекунем. Барои танӯрсозӣ қариб чизе намехарем. Танҳо заҳмат мекашем. Ҳамаи корро дастӣ анҷом медиҳем ва ба сифати он бештар аҳамият медиҳем. Агар нағз кор кунем дар як рӯз 5- 6 танӯр месозем ва он дар 3- 4 рӯз хуб хушк шуда, барои истифода омода мешавад. Барои ҳамин нархи маҳсулоти мо зуд-зуд тағйир намеёбад - иброз медорад ҳунарманд. Сарвари хонавода аз таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат нисбат рушди ҳунарҳои мардумӣ изҳори хушнудӣ намуда, зикр менамояд, ки аз андоз озод шудани ҳунармандон онҳоро боз ҳам ба касби худ дилгарм намуд ва барои ин ғамхорӣ ӯ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккур мегӯяд. Амаки Дусанбой таъкид мекунад, ки дар замони наврасию ҷавонии онҳо аксарият ҳатман ҳунар меомӯхтанд. Аммо ба гуфтаи ӯ аз чӣ бошад, ки имрӯз ҷавонон чандон ба касбомӯзӣ майл надоранд. Ӯ иброз медорад, ки ҳар нафар дар баробари илму дониш бояд ҳунареро аз худ кунад, то дар зиндагӣ дар намонад. -Ман ҳамеша панди бузургонро, ки мегӯянд ҳунарманд ҳеҷ вақт хор намешавад, пайваста ба фарзандону наберагон мегӯям. Чунки падару бобокалонҳои ман аз ҳунар барака ёфтаанд ва имрӯз мо меросбарони касбу кори онҳо ҳастем, - илова намуд Дусанбой Йигитов.

М. АМОНҶОН


Похожие новости:
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Варзиш / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019