Бойгонӣ

СОҲИБЭҲТИРОМ

Соли 1961 онро бо ихтисоси муҳандиси автомобил ва мошинҳои хоҷагии қишлоқ хатм карда, як сол ба ҳайси омӯзгори асосҳои истеҳсолоти мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №6, деҳаи Кангурт фаъолият бинмуда, сипас, тайи солҳои 1962–1967 донишҷӯи факултаи географиятабиатшиносии шуъбаи химия ва биологияи Институти давлатии педагогии ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) шаҳри Душанбе буд. Дар давраи донишҷӯӣ аъзои Ҷамъияти кимиёшиносони ба номи Менделееви Академияи илмҳо буда, дар корҳои илмии донишҷӯӣ дар мавзӯъҳои «Нақши полимерҳо ва аҳамияти онҳо дар хоҷагии халқ», «Ҷайра» ва «Паразитҳои мурғ» кор мекард. Ҷои қайд аст, ки ҳоло ҳам суроби ҷайра ва хӯсаҳои тайёркардаи ӯ дар осорхонаи факулта маҳфузанд. Аз соли 1967 то соли 1977 ҳамчун муаллими фанни химия ва биологияи МТМУ № 8, Ҷамоати деҳоти Кангурт кор кард.Аввалин маротиба дар таърихи мактаб ва деҳаи Кангурт шогирдонам, ки Шерхон Салимзода, директори Агентии маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зайниддин Сафаров, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонов Алихон, сардори Корхонаи фаръии хоҷагии манзилию коммуналии Кангурт рӯҳаш шод бод ва Нусратулло Қурбонов, собиқ директори МТМУ №33-и деҳаи Кангурт дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни химия иштирок намуда, ҷои аввалро соҳиб шуда буданд, – мегӯяд Ғанӣ Сафаров. Ӯ солҳои зиёд сарварии якчанд муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияро бар зимма дошта, соли 1971 вакили Иҷлосияи 2-юми химикони СССР дар шаҳри Москва буд. Солҳои 1978–1980 дар вазифаи нозири кумитаи ҳизбӣ, 1980–1986, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи имрӯза Темурмаликро ба уҳда дошта, дар ин давра шуъбаи маорифи ноҳия 3 маротиба ғолиби мусобиқаи сотсиалистии собиқ вилояти Кӯлоб гардидааст. Дар ин миён Ғанӣ Сафаров дар вазифаҳои ҷонишини раиси Ҷамоати шаҳраки Совет, мудири шуъбаи фарҳанги ноҳия, раиси идораи ҳифзи муҳити зист, мудири шуъбаи маънавиёти дастгоҳи раиси ноҳия, мудири осоишгоҳи «Шифо»-и ноҳия низ фаъолият бинмудааст.Давоми фаъолият дар ҷодаҳои гуногун бо унвонҳои «Аълочии маорифи СССР», «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», Ифтихор номаи маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Грамотаи фахрии Академияи илмҳои дар Сибирбудаи СССР, медали собиқадорони меҳнат, медали ҷашнии «70 ва 75- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1941–1945», медали ҷашнии «100- солагии Инқилоби Октябр» сарфароз гардидааст. Ба гуфтаи Айниддин Гадозода, узви Иттифоқи нависандагон ва Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадори меҳнат Ғанӣ Сафаров ҳамеша дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок дошта, айни замон роҳбарии Ҳизби коммунисти ноҳияро низ ба уҳда дорад. Фарзандон хубу соҳибмаълумотро тарбия кардааст, ки дар пайравии падари ғамхору мушфиқашон ба Ватани хеш хизмати садоқатмандона доранд.Барои ҳавасмандгардонӣ ва баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба илму дониш дар ноҳия стипендияи собиқадори меҳнат Сафаров Ғанӣ дар соҳаи маориф дар ҳаҷми 150 сомонӣ таъсис дода шуда, ҳар сол ба ғолибон дар асоси гузаронидани озмун супорида мешавад. Шогирдони устод Шерхон Салимов, Зайниддин Сафаров, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфулло Давлатов, Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Чилахон Холов, Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Азизулло Шарифов, Зариф Сафаров ва дигар ҷеҳраҳои шинохтаи ҷумҳурӣ мебошанд. Аз шахсиятҳои шинохта шодравон Фатоҳ Одинаев оҳангсоҳи машҳур дӯсти давраи мактабхониаш буда, ҳамчунин, бо чеҳраҳои шинохтаи кишвар шодравон Асадулло Ғуломов ва Алимурод Тағоймуродов солҳои зиёд муносибатҳои дӯстона дошт. Ғанӣ Сафаров соҳиби 10 фарзанд мебошад,ки бештари онҳо соҳиби маълумоти олӣ буда, дар ҷодаҳои гуногун кору фаъолият доранд.Бахтиёр, раиси ноҳияи Балҷувон, Баҳрому Маърифат омӯзгор, Дилшод муҳандис, Баҳодур иқтисодчӣ, Диловар соҳибкор ва Лутфияву Хиромон бошанд хонашин паи зиндагии мустақилонаи худ мебошанд. Сарвари хонаводаро гарчанде синнаш ба 80- солагӣ ҳам расида бошад, ҳанӯз ҳам дар хизмати халқу ватани хеш неруи хастанопазир нишон медиҳад.

Билоли ШАМС,

ноҳияи Темурмалик 


Похожие новости:
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Варзиш / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019