Зи ҳунар ёфт ӯ бахту саодат
Дар деҳаи Зағиртут оилаи Ашуровҳоро ҳамчун ҳунармандони асил ҳама мешиносанд. Вақте ки мо вориди ҳавлии онҳо гардидем, чошти рӯз бошад, ҳам модари хонадон Гулчиной Саидова ҳамроҳи духтаронаш бо- лои кат, зери сояи дарахтон машғули бофтани сабадҳои зебою хушсифат буданд. Оре, ӯ аз зумраи занони хушбахту босаодат ва ҳунарманди асил аст, ки бештари умри бобаракаташро барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ сарф намудааст. Аслан ман ин ҳунарро аз падари шавҳарам Ашур Гулов омӯхтам, -мегӯяд апаи Гулчиной. Вақте ки арӯс шуда ба хонадони шавҳарам омадам, хусурам дар ҳавлӣ зери сояи дарахтон аз навда ва химчаҳои дарахтони гуногун сабадҳои зебою ҳархела тайёр мекард.
Ин барои ман хеле аҷиб менамуд. Баъдтар бо хоҳишу ҳаваси зиёд дар тайёр намудани сабадҳои зебо барои нигаҳдории кабк (қафас), барои доштани моҳӣ ба хусурам кумак менамудам. Ана ҳамин тавр меҳри беандозаи ин ҳунари аҷдодӣ дар дили ман маскан гирифт. Дар тайёр кардани сабадҳои зебо ба ӯ шавҳараш Ҷалолиддин Ашуров ва духтаронаш ёрӣ мерасонанд. -Сабадбофиро ба ҳамаи фарзандонам, аз ҷумла ба духтаронам- Гулҳарам, Маърифат ва Дилрабо, ки ҳоло муҳассилини МТМУ №10-и шаҳри Левакант мебошанд, омӯзондам. Онҳо низ аллакай сабадбофи моҳиранд. Зеро нағз медонанд, ки ҳунар сармоя ва омили рӯзгори хушу гуворост. Ба гуфти шоир:
Калиди ризқу қисмат дар мушт,
Чароғи дилафрӯзӣ дар даҳ ангушт.
Ҳунармандони ин оила бо дарназардошти зарурат ва талаботи мардум 10–12 намуди сабадҳо- кӯзашакл, моҳишакл, дарозрӯя, ба ландпоя, конусшаклро тайёр намуда, ба бозор мебарорем. Сабадҳои тайёркардаи онҳо асосан барои гирифтан ва нигаҳдории нон, қанду шириниҳо, меваю сабзавот, қурут бисёр қуллай мебошанд. Инчунин онҳо намудҳои зебою босифати сабадҳоро барои гузаронидани тӯйҳои арӯсӣ низ ба бозор мебароранд. Апаи Гулчиной сабадҳоро аслан аз химчаҳо ва навдаҳои дарахтони бодом, шулаш, бед, анор, себ ва ғайра бофта тайёр менамояд. Воқеан ҳам сабадбофӣ ҳунари нодиру хуб аст. Зеро мардум, хусусан деҳотиён ба маҳсули ин ҳунари воло эҳтиёҷи зиёд доранд. Дар навбати худ ин ҳунар нозукиҳо ва мушкилоти зиёде низ дорад. На ҳар ҳунарманд тавони бардош- ти ин меҳнати мушкилро дорад. Барои тайёр кардани сабадҳои зебо ва хушхарид дасту панҷаҳои боқувват ва иродаю сабурӣ муҳим аст. Ин зани ҳунарманд якчанд маротиба дар озмунҳои шаҳрию вилоятии «Сабадбофи беҳтарин» иштирок карда, сазовори ҷойи якум ва диплому сипосномаҳо гардидааст. Соли гузашта ӯ бо маҳсули ҳунари мардумиаш дар Фестивали ҷумҳуриявӣ, ки таҳти унвони «Кӯлолгарӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ» баргузор гардид, иштирок намуда, соҳиби ҷойи аввал гардид. Соли 2020 Гулчиной Саидова бо пешниҳоди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни ҷумҳуриявии «Ҷилои ҳунар» иштирок карда, ғолиби Гранти президентӣ ва соҳиби 10 000 сомонӣ шуд. Ин ҳунарманди асил дар доираи ҳамкорӣ бо Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Левакант якчанд маротиба курсҳои кутоҳмуддати сабадбофӣ ташкил намуда, даҳҳо нафар духтарону занонро соҳибкасб намудааст.Лекин як чиз таассуфовар аст, ки дарахтоне, ки аз химча ва навдаҳои онҳо сабад тай- ёр карда мешаванд, хеле кам шудааст. Лозим меояд, ки парвариши онҳоро дар боғҳо ба роҳ монем, то ки баъзе ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла чӯбтарошӣ, табақтарошӣ ва сабадбофӣ аз байн наравад,- мегӯяд ӯ. Болои талу теппаҳова кӯҳи Хоҷамастон, ки оилаи апаи Гулчиной ва ҳамдеҳагонаш дар домани он зиндагӣ мекунанд, аз олами набо- тоту ҳайвонот бой аст. Ӯ аз он афсӯс мехӯрад ва изҳори нигаронӣ мекунад, ки бо амали шикорчиёни ғайриқонунӣ дарахтон, гулу буттаҳо ва олами ҳайвонот, ки зеби табиатанд, рӯ ба нестӣ оварда истодаанд. Гулчиной Саидова аз он мамнун ва ифти- хорманд аст, ки маҳсули ҳунари волои ӯ ва аҳли оилааш хонадони сокинонро зебу зиннат медиҳанд.
Дар таҷлили ҷашни Наврӯзи имсола, ки бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти мамла- кат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид, апаи Гулчиной 80 дона сабадҳои зебою ҳархелаи хушсифатро ба маърази тамошо гузошт. «Ба як шахс чил ҳунар кам аст»- мегӯянд дар урфият. Апаи Гулчиной, ки ба қавле «панҷ панҷааш ҳунар аст», ба ғайр аз ҳунари сабадбофӣ боз ҳунарҳои зиёди дигаре ҳам дорад.
Ӯ ҳанӯз аз овони наврасиаш ҳунари чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ, бофандагӣ ва дӯхтани куртаҳои миллии занонаро аз модаркалонаш омӯхтаю ба мерос гирифтааст. Дар деҳа ӯро ҳамчун чевари номдору пуртаҷриба ҳама мешиносанд.Соли гузашта бо дархости роҳбарияти шуъбаи маорифи шаҳри Левакант ӯ ҳамроҳи дӯхтаронаш, ки дар ҳунармандӣ аз модарашон камӣ надоранд, барои 300 нафар хонандагон либосҳои мактабӣ дӯхта, бо нархи арзон пешкаш намуд. Вай доимо серкору серталаб аст, ҳамеша заҳмат мекашад, пайи рӯзгори хушу гуворо ва ободии Ватани азизаш. Ин меҳнати пурмашаққат, ки боиси ҳаловату хурсандии ӯ мегардад, мисраъҳои зерини шоирро ба хотир меорад:
Мавҷем, ки осудагии мо адами мост,Мо зинда аз онем, ки ором надорем.
Таманнои ҳунарманди асил Гулчиной Саидова ба ҳамаи занону духтарон ин аст, ки бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пеш- вои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илму дониш ва ҳунар омӯзанд, то ки дар оянда соҳиби рӯзгори босаодат гарданду хору зор нашаванд. Зеро беҳуда нагуфтаанд:
Касе дорад ҳунар хорӣ набинад,
Ба муҳтоҷӣ гирифторӣ набинад.
Ба ҳар ҷое қадам монад ҳунарманд,
Шавад мардум варо дилбанду пайванд.
Аъзам БОБОЕВ