Талабот ба моҳӣ меафзояд
Маҳсулоти моҳӣ дар маҷмуъ ба саломатии инсон фоидабахш буда, дар организм нақши таҷзиякунандаро мебозад. Одамоне, ки доимо маҳсулоти моҳигӣ истеъмол мекунанд, нури чашмро аз даст надода, доимо саломатанд. Вобаста ба бурду бохти ин соҳаи сердаромад, хабарнигори маҷалла мусоҳаберо бо раиси Ассотсиатсияи моҳипарварони вилояти Хатлон, духтури тибби ветеринарӣ, номзади илмҳои биологӣ Алимаҳмад Гулов анҷом дод, ки онро манзури шумо мегардонем.
Мегуфтед, ки дар ҳудуди вилоят чӣ қадар хоҷагиҳои моҳипарвар фаъолият доранд?
Дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳу дастгириҳои давлату Ҳукумат ҷиҳати рушди ин соҳаи камхарҷу сердаромад хеле зиёд аст. Аз ҷумла қабули «Барономаи рушди соҳаи моҳипарварӣ» барои панҷ соли минбаъда имконияти хуберо фароҳам овард. Имрӯзҳо тамоми хоҷагидорону соҳибкороне, ки майл ба соҳаи моҳипарварӣ доранд, аз имтиёзҳои фароҳамнамудаи Ҳукумати мамлакат, дастгириҳои бевоситаи Роҳбари давлат ҳавасманд шуда, баҳри васеъ намудани майдони хоҷагиҳои моҳипарварӣ ҷаҳду талош намуда истодаанд. Дар вилояти Хатлон низ шароиту имконият баҳри рушди соҳаи моҳипарварӣ зиёд буда, сол аз сол натиҷаҳои истеҳсолӣ дар ин самт афзоиш ёфта истодааст. Дар ҳудуди вилоят 276 хоҷагии моҳипарварӣ
фаъолият менамоянд, ки масоҳати ҳавзҳои онҳо дар маҷмуъ 2703 гектарро дар бар мегирад. Дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта, дар ҳудуди вилоят 16 адад хоҷагиҳои моҳипарварии нав ташкил ёфтааст. Хурсандибахш аст, ки ҳамасола аз 40 то 50 гектар дар ҳудуди вилоят ҳавзҳои моҳӣ зиёд шуда истодаанд.
Дар зарфи ҳафт моҳ дар вилоят чӣ қадар моҳӣ истеҳсол шудааст?
Давоми ҳафт моҳи сипаригардидаи соли ҷорӣ хоҷагиҳои моҳипарвари вилояти Хатлон 816,1 тонна моҳӣ истеҳсол кардаанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 237 тонна зиёд мебошад. Тибқи дурнамо, соли ҷорӣ, бояд ин хоҷагиҳо 4500 тонна моҳии хушсифат истеҳсол намоянд. Моҳипарварони хатлонӣ тавассути ҷорӣ намудани самтҳои афзалиятноки соҳа нақша доранд аз ҳар як гектар ҳавз ба миқдори 2 тонна моҳӣ истеҳсол намуда, бо ин роҳ дар баробари таъмини бозорҳои дохилӣ, ҳамзамон дар солҳои оянда содироти онро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд. -Дар соҳаи моҳипарварӣ яке аз самтҳои асосии фаъолият бозтавлиди моҳичаҳо ба ҳисоб меравад.
Мегуфтед, ки дар ин самт чӣ тадбирҳо роҳандозӣ шудааст?
-Бале дуруст аст. Бозтавлиди моҳичаҳо ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи хоҷагиҳои моҳипарвари вилоят қарор дорад. Айни замон дар кӯлу ҳавзҳои моҳипарварии вилоят 3 миллиону 587 ҳазор кирминамоҳиҳои гуногун, аз қабили зағорамоҳӣ, амури сафед, пешонапаҳми сафед, карп ва карпи ялаққосӣ парвариш ёфта истодаанд, ки нашъунамои онҳо хуб мебошад. Ҳамчунин ҷиҳати таъмини моҳичаҳо ба дигар хоҷагиҳои моҳипарвар бо ибтикори Корпоратсияи «Моҳии тоҷик» дар ноҳияи Дӯстӣ бунёди корхонаи истеҳсоли моҳичаҳо бомаром идома дорад. Рӯзҳои наздик дар ин корхона дастгоҳу таҷҳизоти муосир насб шуда, бозтавлиди моҳичаҳо ба роҳ монда мешавад. Иқтидори истеҳсолии ин корхона 10 миллион моҳича дар як сол буда, баъди якмоҳагӣ тибқи талабот онҳо ба дигар хоҷагиҳои моҳипарвар фиристода мешаванд.
Бо мақсади барқарор кардани экосистемаҳои дарёҳо ҳамасола таҷрибаи ба обанборҳо сар донани моҳичаҳо амалӣ карда мешавад. Соли ҷорӣ низ ин таҷриба роҳандозӣ карда шуд?
-Бале. Шурӯъ аз соли 2017 то инҷониб ба обанборҳои Норак, Бойғозӣ, Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 ба миқдори 2 миллиону 125 ҳазор кирминамоҳӣ сар дода шудааст, ки ин иқдом ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти парҳезӣ ҳамасола ба роҳ монда мешавад. Бояд қайд кард, ки ин ташаббус бо ҷори гардидани сабукиҳои андоз, ҳамасола аз ҳисоби фоидаи хоҷагиҳои моҳипарвари вилоят амалӣ карда мешавад. Дар маҷмуъ дурнамои соҳаи моҳипарварӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар вилояти Хатлон умедбахш буда, он рӯз дур нест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз истеҳсолкунандагони асосии ин маҳсулоти парҳезӣ табдил ёбад.
Барои суҳбат аз Шумо миннатдорем.
- Саломат бошед!
Сулаймон СУЛТОН