Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
САРАТОН БЕМОРИИ ТАБОБАТШАВАНДА АСТ
Мусоҳиба
Бемории саратон, мафҳуми он, омилҳои пайдоиш, пешгирӣ ва усулҳои табобат мавзӯи мусоҳибаи ихтисосии рӯзноманигори маҷаллаи “Сафо” бо Самеъ Расулов, номзади илми тиб, мудири кафедраи саратоншиносии Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон ва Идибек Қараев, директори Маркази саратоншиносии вилояти Хатлон аст.
Қаблан мехостем, ки дар бораи саратон маълумот медодед, ки он чӣ гуна беморӣ аст?
Пеш аз он ки дар бораи бемории саратон суҳбат кунем нахуст, мо мехостем, ки каме аз таърихи он маълумот диҳем. Ин маризи аз азал вуҷуд дошт ва табибон баҳри табобати он бо ҳар роҳ кӯшиш мекарданд. Аввалин бор маълумоти муфассалро дар бораи бемории мазкур ва роҳҳои табобати он Суқрот (Гиппократ) ва Ибни Сино пешниҳод намуда буданд ва мафҳумҳои "саратон"-у "саркома" -ро бори аввал онҳо кашф намудаанд. Ин беморӣ барои он саратон (рак) ном гирифтааст, ки афзоиши вай ба ҳаракати харчангаки баҳрӣ монанд аст. Ибтидои пайдоиши саратон бофтаҳои пӯсти (эпителӣ) мебошанд. Гурӯҳи дигари омосҳои бадсифатро, ки ба гӯшти моҳӣ шабоҳат доштанд "саркома" номиданд. Ин гуна омосҳо аз бофтаҳои пайвасткунанда пайдо мешаванд.
Ба омосҳои бадсифат (саратон ва саркома) хусусияти беист тақсимшавии ҳуҷайраҳо хос аст . Ин хуҷайраҳое мебошанд, ки сохт ва хусусияти тақсимшавии худро гум кардаанд. Ҳуҷайраҳои омоси бадсифат ба бофтаҳои ҳамсоя гузашта, онҳоро вайрон мекунанд, ба воситаи хун ва лимфа ба тамоми организм паҳн мешаванд ва ба манбаъи нави омос табдил меёбанд, ки онҳоро "метастаз" меноманд.
Метастазҳо одатан дар давраҳои охирини беморӣ пайдо мешаванд. Аз ин рӯ омоси бадсифатро дар дараҷаи аввали инкишоф бояд ошкор намуд, ки ин барои табобати саривақтӣ хеле муҳим аст.
-Сабабҳои пайдоиши омосҳоии бадсифат дар чист ва онҳо чӣ гуна ба вуҷуд меоянд?
-Яке аз масоили муҳими илми тиб дар замони мо ҳам ин муайян намудани сабаби пайдоиши омоси бадсифат мебошад. Олимон маълум кардаанд, ки ин омосҳо дар натиҷаи таъсири як қатор омилҳои дарунӣ ва берунӣ ба ҳуҷайраҳои солим пайдо шуда метавонанд. Инҳо омилҳои кимиёвӣ, физикавӣ ва биологӣ мебошанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки омосҳои бадсифат дар байни коргарони саноати кимиë (корхонаҳои истеҳсолии семент, нафту газ, нассоҷӣ, маҳсулоти чармӣ ва ғайра) бештар вомехӯранд. Ба омилҳои физикавӣ таъсири нурҳои радиоактивӣ ва рентгенӣ, инчунин лат хурдан ва амсоли инҳо дохил мешаванд.
Ғайр аз ин инкишофи омоси бадсифат аз холати умумии организм низ вобастагӣ дорад. Чунончӣ ин равандро то андозае ба фаъолияти системаи асаб вобаста медонанд. Мо аз таҷрибаи худ медонем, ки аксарияти беморон баъди ҳолати ташаннуҷи рӯҳӣ (стресс) пайдошавии омосро дар организми худ мушоҳида кардаанд.
Аз маълумотҳо бармеояд, ки омосҳо бадсифату хушсифат ҳам мешудаанд. Онҳо аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Бале, илм исбот намудааст, ки яке аз манбаҳои пайдоиши омосҳои бадсифат дар организм вуҷуд доштани намуди дигари омосҳо бо номи "омосҳои хушсифат" мебошад, ки метавонанд ба омосҳои бадсифат табдил ёбанд. Ин гуна омосҳо суст инкишоф меёбанд, болои онҳоро парда (кансула) пӯшидааст ва онҳо метавонанд солҳои дароз вуҷуд дошта бошанд. Омосҳои хушсифат аз ҷиҳати сохти худ аз бофтаҳое, ки онҳоро ба амал меоранд фарқ намекунанд, инкишофи онҳо хеле суст буда, оҳиста-оҳиста калон мешаванд. Атерома, линома, доғҳои модарзод (хол), фиброаденома, ангиома ва ғайраҳо аз ҷумлаи омосҳои хушсифат мебошанд, ки аксар вақт дар одамон пайдо мешаванд. Ҳангоми мушоҳида намудани сахтшавӣ, инкишофи тез ё дигар тағйирот дар омоси хушсифат ҳатман бояд ба духтур муроҷиат кард, зеро ин гуна тағйирот нишонаҳои аввалини ба омосҳои бадсифат гузаштани онҳо мебошад.
Сабаби дигари пайдоиши омосҳои бадсифат ин дар организм вуҷуд доштани бемориҳои доимӣ мебошад, ки онҳо метавонанд бо таъсири ин ё он омил ба омоси бадсифат бадал шаванд. Ин бадалшавиро дар илми тиб "малигнизатсия" меноманд. Масалан, саратони меъда метавонад дар заминаи полип, захми куҳнашуда ё гастрити солҳои сол вуҷуддошта пайдо шавад; саратони шуш - дар аденомаи бронх, бронхити куҳнашуда, пневмония, саратони гарданаи бачадон дар заминаи гиперплазия лейкоплокия ё полип пайдо шуда метавонанд.
Истеъмол кардани нӯшокиҳои спиртӣ, сигоркашӣ, носкашӣ, таомҳои тунду сӯзон ва ғайраҳо ба инкишофи бемориҳои пеш аз саратонӣ оварда мерасонанд, ки дар заминаи онҳо метавонанад омосҳои бадсифат пайдо шаванд.
Омосҳои бадсифат асосан дар синни аз 40-50 солагӣ боло вомехӯранд, вале солҳои охир дар синни то 30 солагӣ низ зуд-зуд мушоҳида мешаванд. Дар мардон бештар саратони сурхрӯда, меъда, шуш, пӯст ва ҷоғҳо дида мешаванд. Дар байни занҳо бисëртар саратони ғадуди ширӣ, бачадон, меъда ва пӯст паҳн гаштаанд.
-Омосҳои бадсифат чӣ гуна аз худ дарак медиҳанд. Яъне нишонаҳои онҳо чист?
Албатта, аломатҳои ин беморӣ вобаста ба ҷойи пайдошавиаш дар организм гуногун мешаванд. Фақат дар ҳолати муносибати ҷиддии бемор ба организми худ ва муоинаи бодиққати духтур метавон сари вақт мавҷудияти омоси бадсифатро дар шахс ошкор кард. Ҳаминро гуфтан лозим аст, ки пайдошавии дард ин яке аз охирин нишонаҳои саратон мебошад. Бинобар ҳамин пайдошавии дардро интизор нашуда, ҳангоми мушоҳидаи ягон тағйирот дар организм сари вакт бояд ба духтур муроҷиат кард.
Аломатҳои пешакии саратон вобаста ба узве, ки дар он ҷой мегирад чунинанд:
1. Саратони сурхрӯда аксар вақт дар одамони синашон аз 40 сола боло вомехӯрад. Нишонаи асосии вай гузаштани душвори хӯрок аз гулӯ ва сурхрӯда мебошад. Дар аввал хӯроки сахт ба душворӣ мегузарад ва баъд хӯроки моеъ низ боз дошта мешавад. Бемор рӯз то рӯз лоғар ва камқувват мешавад.
2. Саратони меъда бисёртар дар мардони аз 40 сола боло мушоҳида карда мешавад. Одатан иштиҳо кам мешавад, одам лаззати таомро намефаҳмад. Баъзан иштиҳо барҳам хӯрда, нисбат ба таом тамоман рағбат намемонад. Баъди қабули таом дар меъда вазнини ҳис карда мешавад. Бемор тадриҷан хароб ва камқувват шуда, зуд монда мешавад, нисбат ба меҳнат шавқу ҳавасе намемонад. Дар дараҷаҳои охирини беморӣ қайкунӣ ба вуҷуд меояд ва дард пайдо мешавад.
3. Ба саратони шуш аксаран мардон гирифтор мешаванд ва дар байни одамони тамокукаш бештар паҳн шудааст. Одатан саратони шуш аз пайдоиши сулфа сар мешавад. Сулфа аввалҳо ҳар пагоҳӣ сар шуда, минбаъд гоҳ-гоҳ шабона мушоҳида карда мешавад ва тоқатфарсо мегардад. Дертар ҳангоми сулфа балғам омада, дар он лахтҳои хун дида мешаванд. Ҳарорати бадан як андоза баланд мешавад. Ҳангоми кори ҷисмонӣ ë роҳгардии тез нафасгирӣ мушкил мегардад.
4. Саратони ғадуди ширӣ дар байни омосҳои бадсифати занон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекунад, дар мардон хеле кам вомехӯрад. Дар заноне, ки таваллуд намекунанд ва аз сина шир намедиҳанд, инчунин бисёр бача мепартоянд саратони ғадуди ширӣ бештар мушоҳида карда мешавад. Ин ғадуд сахт буда, бедард аст ва дар ғафсии сина воқеъ мегардад. Пистон аз дарун кашида шуда, нисбат ба пистони муқобил болотар ҷой мегирад. Пӯсти болои омос аксар вақт дар намуди пӯстлоқи лимӯ зоҳир мегардад. Ҳангоми осеб дидани ғадудҳои лимфатикӣ онҳо дар зери бағал ҳис карда мешаванд.
5. Ба саратони гулӯ асосан мардон гирифтор мешаванд. Аломати пешакии он хира шудани овоз мебошад. Аксар вақт тағйир ёфтани овозро одамони атроф ҳис мекунанд. Шахси бемор ҳангоми фурӯбарии обу хӯрок азоб кашида, нафасгириаш душвор мегардад.
6. Саратони бачадон дар гарданаи бачадон пайдо мешавад. Дар натиҷаи инкишоф ва пӯсидани омос зардоб пайдо шуда, аз он буйи бад меояд. Дар ин ҳолат хунравӣ ба амал омада, баъзан бисёр хун меравад. Дар занони пиронсол хунравӣ аломати асосии вуҷуд доштани ин беморӣ мебошад.
7. Саратони пӯст бештар дар пӯсти сару рӯй ва гардан дида мешавад. Дар пӯст захми бедард пайдо шуда, рӯи онро қишр мепушонад. Агар қишр нест карда шавад, дере нагузашта он аз нав пайдо мешавад. Атрофи захмро ҳалқаи сахтшудаи пӯст иҳота карда, дар маркази он чуқурчае пайдо мешавад. Захм тадриљан калон шуда, одатан зардоб пайдо намекунад.
Баъзе бемориҳое ҳастанд, ки онҳо аз насл ба насл мегузаранд ё ба қавле ирсӣ мебошанд, саратон чӣ?
-Аз насл ба насл гузаштани саратон диққати бисёре аз олимони соҳаро ҷалб кардааст. То ҳол хусусияти ирсӣ доштани ин беморӣ амиқ исбот нашудааст. Вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар баъзе ҳолатҳо, масалан, саратони ғадуди ширӣ ë саратони меъда дар наслҳои як авлод такрор мешаванд. Вале ин беморӣ сирояткунанда нест ва аз бемор ба одами солим намегузарад. Бинобар ин нигоҳубини бемороне, ки ба ин касалӣ гирифтор шудаанд, хавфе надорад.
-Ҳоло кадом усулҳои табобат ва пешгирии бемории саратон мавҷуд аст?
Комёбиҳои имрӯзаи илми тиб имкон медиҳад, ки саратон дар ибтидои пайдоишаш бо муваффақият табобат карда шавад. Аз ҳама муҳимаш сари вақт ошкор кардани он аст. Барои ин ғайр аз донистани аломатҳои беморӣ боз истифодаи апаратҳои рентгенӣ ва ташхиси лабораторӣ имкони бештар медиҳанд. Ҳар қадар, ки муолиҷа сари вақт оғоз гардад, табобати бемории саратон ҳамон қадар осонтар мешавад. Бинобар ин ақидаи табобатнашаванда будани ин беморӣ, ки дар байни халқ паҳн гаштааст, билкул хато ва беасос аст.
Ҳоло якчанд усули табобати саратон ба кор бурда мешавад, ки ҷарроҳӣ, шуоъдиҳӣ ва кимиëтерапия аз ҷумлаи онҳоянд. Бо истифода аз ин усулҳо ҳазорҳо беморон табобат ёфта, ба назди оилаҳои худ бармегарданд ва мисли пештара кору зиндагӣ мекунанд.
Ақидаи нодуруст дар байни мардум паҳн шудааст, ки ба саратон теғ задан мумкин нест. Ҳаминро бояд дарк кард, ки мо ҳангоми ҷарроҳӣ ба омос теғ намезанем, балки онро дар ҳудуди бофтаҳои солими атрофаш гирифта мепартоем. Агар бемор ба духтур муроҷиат накарда табобати хонагиро пеша кунад, он гоҳ фурсати табобати саривақтиро аз даст медиҳад, ки дар ин муддат беморӣ боз авҷ мегирад.
Яке аз воситаҳои асосии мубориза бар зидди саратон ин пешгирӣ намудани пайдошавии он аст. Аз ин рӯ касалиҳои доимиро (гастрит, захми меъда, бронхит ва ғайра), ки боиси пайдоиши саратон мегарданд, бояд сари вақт табобат кард. Аз истеъмоли таомҳои тунд ва аз ҳад гарм худдорӣ бояд намуд. Гигиенаи хӯрокро риоя карда, аз пурхӯрӣ, истеъмоли нушокиҳои спиртӣ парҳез кардан лозим аст. Инчунин аз носкашию сигоркашӣ даст кашида, қоидаҳои гигиенаи даҳонро риоя кардан зарур аст. Барои пешгирии саратони шуш дар корхонаҳои истеҳсолӣ баҳри тоза нигоҳ доштани ҳаво пайваста талош бояд кард. Дар натиҷаи ин чораҳо метавон пайдоиши саратони даҳон, сурхрӯда ва меъдаро хеле кам кард.
Барои пешгирии саратони ғадуди шири занҳо бояд аз исқоти ҳамл (аборт) худдорӣ намоянд. Баъди таваллуд ба кӯдак то синни 1,5- 2 солагиаш аз сина шир додан зарур аст. Ғадуди шириро аз зарбхӯрӣ эҳтиёт бояд кард. Агар зан дар синаи худ ягон ҳолати сахтшавиро мушоҳида кунад, фавран бояд ба духтур муроҷиат кунад. Дар он сурат омосҳои хушсифати пеш аз саратонии сина ба монанди мастопатия, фиброаденома ва киста сари вақт ошкор ва муолиҷа карда мешаванд.
Ҳоло дар марказҳои саломатӣ азназаргузаронии профилактикӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин ба пешгирӣ кардани бемории саратон ëри мерасонад. Ҳангоми ин гуна азназаргузарониҳо бемориҳо ё омосҳои пешазсаратонӣ ошкор карда мешаванд ва ин гуна шахсонро барои табобат ба бемористон мефиристанд. Ҳамчунин азназаргузаронии профилактикӣ барои сари вақт, дар дараҷаи аввали афзоиш ошкор намудани саратон мусоидат мекунад ва имкон медиҳад, ки ин беморӣ пурра табобат карда шавад.
Амонҷон Маҳкамов
“САФО”
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД