Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
12 фев 21:15Ахбор / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ
КУҲАНСОЛЕ, КИ ДИДА ДУ ЗАМОНРО
Бону Ғамзабӣ Низомоваи 112 сола аз калонсолтарин сокини Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён ба ҳисоб меравад, ки бо шукргузорӣ аз рӯзу рӯзгорони гузашта имрӯз дар фазои сулҳу суботи Ватан ва ҳалқаи пайвандону наздикон давлати пирӣ меронад.Ин солманди барнодил зимни суҳбат аз он изҳори хушнудӣ кард, ки Тоҷикистони биҳиштосо рӯз то рӯз гул – гулшукуфон шуда истода, мардумаш хушу хурсандона дар фазои тинҷию амонӣ бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору зиндагӣ доранд.
Рӯзи 20-уми январ 112 сола шудам ва тӯли умри басар бурдам, пастиву баландиҳои зиёди рӯзгорро дидаам, - қисса оғоз кард бибӣ Ғамзабӣ. –Сесола будам, ки падару модарам аз дунё гузаштанд ва дар тарбияи аммаву холаҳоям ба воя расидам. Соли 1933 моро аз ноҳияи Рашти ҳозира бо водии Вахш муҳоҷир намуданд. Аз хурдӣ рӯз то бегоҳ дар саҳро кор мекардем ва илова аз заҳмати хоҷагӣ маҳали дигарро надида будам. Бо оғози мавсими кишту кори пахта, аз чобуқу ягона то пахтачинию ҷамъовариии ғӯзапоя то фарорасии мавсими сармо саргарми кор будем. Аз хастагӣ вақти хоб сар ба болин гузошта, намедонистем, ки чӣ гуна субҳ медамад ва саҳарии барвақт боз сӯи саҳро роҳ пеш мегирифтем. Ба ҳамин минвол, овони кӯдакиву наврасии мо бо кору бори вазнини саҳро паси сар мешуд, - ба ёд меорад даврони гузаштаро бибии муборакқадам.
Баъди ба шавҳар баромадан низ ҳамроҳи хонаводаи ҳамсараш рӯзи худро дар саҳро сипарӣ мекард. Ҳамсараш ба қавле раис буд вале завҷаи раис ҳавобаландӣ намекард ва дар қатори коргарони саҳро софдилона заҳмат мекашид. Ба гуфти бибӣ Ғамзабӣ гарчанде миллати тоҷик ҷанги вазнини шаҳрвандиро паси сар карда бошад, ҳам дар як муддати кӯтоҳ бо сарварию коргузории оқилона ва сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рӯзҳои нек расид. Сулҳу ваҳдат дар ватани азизи мо ҳукмфармо буда, мардум дар арсаҳои гуногун фаъолият бинмуда, сатҳи зиндагии хешро беҳтару хубтар мегардонанд.
-Ба чеҳраи кӯдакони хушбахти ҳозира менигараму кӯдакии худро ба ёд меорам, ки чӣ сон кори вазнини ҷисмонӣ мекардем. Кӯдакони ҳозира чунон озоду хушбахтанд, ки барои онҳо тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, - иброз дошт дар идома бибӣ Ғамзабӣ. - Тариқи оинаи нилгун мебинам, ки ҳамарӯза дар ину он шаҳру ноҳия боғчаю мактабҳо ба истифода дода шуда, насли ояндаи мо дар беҳтарин шароитҳо ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ғамхории давлатро дар ҳаққи ятимон дида, дилам аз фараҳ лабрез мешавад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар сафари кориашон ба шаҳру ноҳияҳо ҳатман аз аҳволи онҳо бохабар мешаванд. Дар баромадашон таъкид мекунанд, ки раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигар масъулон аз аҳволи ятимон бохабар бошанд. Ман, ки ятим ба воя расидаам, медонам, ки ятимеро хурсанд кардан ва ба ҳарфи дили ӯро гӯш кардан чӣ сон ба онҳо хушнудӣ мебахшад. Сиёсати раиятпарваронаи Пешвои муаззами миллат гувоҳи гуфтаҳои болост, ки мо насли калонсол ҳамарӯза онро мебинему хушҳол мешавем,- бо хушнудӣ иброз кард дар анҷоми суҳбат Ғамзабӣ Низомова.
Бибӣ Ғамзабӣ соҳиби ҳашт фарзанд ва зиёда аз 100 набераю абера буда, шукргузор аз ҳамсояву бошандагони деҳкадаи зисташ дорад, ки ҳурматашро ба ҷо оварда, пайваста аз ҳолаш хабар мегиранд. Ба синну соли хеш нигоҳ накарда, дар ҷашну маросимҳои аҳли деҳа фаъолона иштирок менамояд. Соҳибҷашнҳо бо умеди расидан ба орзуву ормонҳои хеш аз ӯ дуо мегиранд. Бибии аҳли деҳа хушбахт аст, ки ҳашт фарзандро бо меҳнати ҳалол ба воя расонида, соҳиби хонаву дари худ гардонидааст. Айни ҳол ӯ ҳамроҳи писараш Сафарбек Низомов, ки масъулияти раиси кумитаи маҳаллаи деҳаи “Иттифоқ”-и Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониёнро ба уҳда дорад, хурсандона умр ба сар мебарад.
Хубиҳои писараш Сафарбекро дар ҳаққи корафтодагону ташаббусҳои созандагию бунёдкориашро дар деҳа мебинаду меболад, ки чунин фарзанди инсондӯсту некхоҳи мардумонро тарбия ва ба воя расонидааст. Дар фарҷоми суҳбат бибӣ Ғамзабӣ даст ба дуо бардошта, аз Худованд тавалло мекард, ки кабӯтари сулҳу субот ҳамеша дар осмони Ватани азизамон болафшон буда, табассум дар лабони тоҷикистониён ҳувайдо ва Тоҷикистони азизи мо бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам ободу пешрафта ва гул- гулшукуфон гардад.
Хулоса, рӯзгори ин бонуи солманд шабеҳи тараннуми шоири маъруфи миллат Лоиқ Шералӣ аст, ки дар васфи устод Садриддин Айнӣ гуфтааст:
Куҳансоле, ки дида ду замонро,
Ғаму андӯҳ шодии ҷаҳонро.
Куҳансоле, ки дил пур аз умед аст,
Раҳаш монанди мӯйҳояш сафед аст.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:59РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:54РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:48ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГ - НИШОНАИ ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ 18:41МУСОБИҚАИ КУШОДИ ШАҲРӢ ОИД БА ҶУДО БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ БОХТАР 18:34РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА АЁДАТ ВА ТАБРИКИ ИШТИРОКДОРИ 103-СОЛАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ РАФТАНД 18:27ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА 18:21ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД 14:06
Серхонандаҳо
ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО
ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ. АЗ ЧӢ БОЯД ЭҲТИЁТ КАРД?
ҶАЙҲУН. ОЗМУНИ “КИТОБХОНИ БЕҲТАРИН” БАРГУЗОР ГАРДИД
ЁВОН. ЯК КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ ГАРДИД
ҶАЙҲУН. ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ОҒОЗ ШУД
БО ЗАМИН ҲАМНАФАС, БО ЗАҲМАТ САРБАЛАНД
Нақши воситаҳои ахбори омма дар пешгирии коррупсия
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД


