Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ҳашт маркази хизматрасонии нав кушода шуд
Давоми соли 2022 аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ҳашт маркази хизматрасонӣ кушода шудааст, ки аз онҳо 6 ададаш маркази хизматрасонии бонкӣ ва 2 адади дигар маркази хизматрасонии молиявии хурд мебошанд.Ин нуқтаро зимни нишасти хабарӣ мудири Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Фирдавс Самадов зикр кард.
Номбурда афзуд, ки теъдоди марказҳои хизматрасонӣ дар минтақа ба 306 адад расида, дар онҳо 224 адад хазина оид ба мубодилаи асъор фаъолият менамояд.
Гуфта шуд, ки теъдоди банкомат ва постерминалҳо дар ин давра ба 778 адад расида, 244- тои он банкомат ва 532 адади дигар постерминалҳо мебошанд.
-Шумораи умумии истифодабарандагони кортҳои пластикӣ дар соли 2022 ба 687,7 ҳазор нафар расида, дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2021-ум 21,7 фоиз зиёд мебошад,-гуфт Фирдавс Самадов.
Аз ҷониби Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар давоми соли 2022 барои таъмини саривақтии мизоҷон бо пули нақд ба воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар маҷмӯъ зиёда аз 1,7 миллиард сомонӣ пули нақд дода шудааст.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ


