Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Зиёда аз 273 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуд
Соли 2022 пахтакорони вилоят аз майдони 121 ҳазору 694 гектар замин, 273 ҳазору 230 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки ин нишондод дар қиёс ба соли 2021-ум 3229 тонна зиёд мебошад.Дар ин бора муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Акмал Иброҳимиён зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки давоми соли гузашта дар бахшҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар майдони 141375 гектар ғалладонагиҳо, 130586 гектар зироатҳои техникӣ, 5817 гектар картошка, 20 ҳазору 687 гектар сабзавот, 12 ҳазору 983 гектар полезиҳо ва 16 ҳазору 878 гектар зироатҳои хӯроки чорво кишт шуда буд.
Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ соли гузашта дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят ба 26 миллиарду 419 миллиону 18,1 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2021-ум 6,7 фоиз зиёд мебошад.
-Аз ҳудуди вилояти Хатлон, соли сипаригардида, 23 ҳазору 561 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷӣ кишвар содирот шудааст. Аз ҷумла, 6044 тонна сабзавот, 4157 тонна пиёз, 330 тонна полезӣ, 5038 тонна мевагиҳо, 10 ҳазору 707 тонна ангур ва 1451 тонна дигар маҳсулотҳо. Содирот асосан ба давлатҳои Федератсияи Россия, Афғонистон, Узбекистон, Белоруссия, Қазоқистон, Туркия ва Покистон сурат гирифтааст,- гуфт А. Иброҳимиён.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!


