Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Гусели наваскарон
Имрӯз 3 октябри соли равон дар шаҳри Бохтар маросими тантанавии гусели даъватшавандаҳо ба сафи Артиши миллии кишвар доир шуд.
Зиёда аз 1000 нафар ҷавонони бонангу номуси шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, ки бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, арзи садоқат ба Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли худ довталабона ба сафи Артиши миллии мамлакат пайвастанд, аз назди Комиссариати ҳарбии вилоят то варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав роҳпаймоии идона намуданд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни ироаи сухани табрикии худ ба ҷавонони далеру матинирода ва шуҷоатманди Хатлон, ки аввалин шуда барои адои хизмати низомӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир гаштаанд, аҳсану офарин хонданд.
- Қувваҳои Мусаллаҳ кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буда, шумо – даъватшавандагон, яъне дар оянда хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар саҳми бузург хоҳед дошт, — зикр намуд Қурбон Ҳакимзода.
Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид қайд намудаанд: «Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт – дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегирад. Вақте ки мо дар боби ватандӯстӣ сухан мегӯем, пеш аз ҳама, муҳофизати Ватан ва тамомияти арзии кишварро дар назар дорем».
Тарбияи ватандӯстӣ рукни асосии сиёсати давлатии ҷавонон маҳсуб меёбад. Баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон, дар равнақи худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллии онҳо дар шароити соҳибистиқлолии мамлакат яке аз омилҳои таҳкиму тақвият бахшидани истиқлолият ва муҳим фишанги ҳаракатдиҳандаи пешрафти ҷомеа мебошад.
Дар идомаи Рӯзи даъватшаванда Шоҳиён Абдусатор, муовини вазири мудофияи ҶТ оид ба корҳои сиёсӣ- тарбиявӣ доир ба шароити хизмат дар сафи Қувваҳои мусалаҳи ибрози назар намуд.
Ҳамчунин як тан модари наваскар аз шуҷоату қаҳрамонии ҷавонон ва ташаббусу дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ кард.
Дар идомаи тантанаҳои Рӯзи даъватшаванда як қатор сарбозон доир ба хизмат дар сафари Артиши миллӣ андешаронӣ намуданд.
Далер Шарифов
Зиёда аз 1000 нафар ҷавонони бонангу номуси шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, ки бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, арзи садоқат ба Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли худ довталабона ба сафи Артиши миллии мамлакат пайвастанд, аз назди Комиссариати ҳарбии вилоят то варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав роҳпаймоии идона намуданд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни ироаи сухани табрикии худ ба ҷавонони далеру матинирода ва шуҷоатманди Хатлон, ки аввалин шуда барои адои хизмати низомӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир гаштаанд, аҳсану офарин хонданд.
- Қувваҳои Мусаллаҳ кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буда, шумо – даъватшавандагон, яъне дар оянда хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар саҳми бузург хоҳед дошт, — зикр намуд Қурбон Ҳакимзода.Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид қайд намудаанд: «Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт – дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегирад. Вақте ки мо дар боби ватандӯстӣ сухан мегӯем, пеш аз ҳама, муҳофизати Ватан ва тамомияти арзии кишварро дар назар дорем».
Тарбияи ватандӯстӣ рукни асосии сиёсати давлатии ҷавонон маҳсуб меёбад. Баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон, дар равнақи худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллии онҳо дар шароити соҳибистиқлолии мамлакат яке аз омилҳои таҳкиму тақвият бахшидани истиқлолият ва муҳим фишанги ҳаракатдиҳандаи пешрафти ҷомеа мебошад.
Дар идомаи Рӯзи даъватшаванда Шоҳиён Абдусатор, муовини вазири мудофияи ҶТ оид ба корҳои сиёсӣ- тарбиявӣ доир ба шароити хизмат дар сафи Қувваҳои мусалаҳи ибрози назар намуд.Ҳамчунин як тан модари наваскар аз шуҷоату қаҳрамонии ҷавонон ва ташаббусу дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ кард.
Дар идомаи тантанаҳои Рӯзи даъватшаванда як қатор сарбозон доир ба хизмат дар сафари Артиши миллӣ андешаронӣ намуданд.Далер Шарифов
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН


