Бойгонӣ

Талабот ба кӯдакистон меафзояд

  Ҳанӯз сеюним сол қабл Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми  худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъкид намуда буданд, ки; «Мо, пеш аз ҳама ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, бояд  шумораи муассисаҳои томактабиро 
бамаротиб зиёд намоем ва барои рушди
қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити 
мусоид фароҳам созем. Дар доираи 
барномаҳои давлатӣ ва бо иштироки 
аҳолӣ дар се соли оянда беш аз 1050 муассисаи 
таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ бунёд карда 
мешавад, ки қисми зиёди онҳо дар деҳоти 
кишвар пешбинӣ гардидааст.… Бо вуҷуди ин, 
ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва 
илм, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш
дода мешавад, ки рушди муассисаҳои 
таълимӣ, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва 
то соли 2021 ба 30 фоиз расонидани фарогирии
кӯдаконро ба зинаи таҳсилоти томактабӣ
таъмин намоянд» Мутаассифона, то имрӯз ба 30 фоиз расонидани фарогирии кӯдакони 
то синни мактабӣ амалӣ нагардидааст.
Бинобар иттилои расмӣ айни замон
дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи 
Кӯлоби вилояти Хатлон 49 муассисаи 
томактабӣ бо фарогирии 4651 нафар
кӯдак фаъолият менамоянд, ки 
ин ҳамагӣ 2,5 фоизи кӯдаконро ташкил
медиҳад.Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки як 
сабаби нишондоди ками фарогирии кӯдакон 
ба муассисаҳои томактабӣ ин солона афзудани
шумораи аҳолӣ аз ҳисоби кӯдакони навзод 
мебошад. Аз рӯи маълумотҳо имрӯз дар 10 шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб 49 муассисаи томактабӣ фаъолият менамоянд ва онҳо дар мачмӯъ 4651 нафар кӯдаконро фаро гирифтаанд.
Ҳамчунин, дар 442 маркази инкишофи
кӯдак 12 ҳазору 493 кӯдакони то синни 
мактабӣ ба таълиму тарбия ҷалб карда шудаанд.
Шумораи муассисаҳои томактабӣ бештар 
дар ноҳияи Фархор 10 адад ва марказҳои 
инкишофи кӯдак 60 адад, шаҳри Кӯлоб 12 
кӯдакистон ва 44 маркази инкишофи кӯдак ва 
ноҳияи Восеъ 8 кӯдакистон ва 67 маркази инкишофи кӯдак фаъолият менамоянд, – мегӯяд, 
Насрулло Амирализода, мудири шуъбаи маорифи
дар минтақаи Кӯлоб будаи Раёсати маорифи
вилояти Хатлон. – Дар ноҳияи Шамсиддин
Шоҳин ҳамагӣ 1 кӯдакистон ва 28 
маркази инкишофи кӯдак, дар ноҳияи 
Ховалинг 2 кӯдакистон ва 40 маркази 
инкишофи кӯдак ва ноҳияи Балҷувон 
2 кӯдакистон ва 12 маркази инкишофи 
кӯдак фаъолият менамояд.
Бинобар маълумотҳои оморӣ шумораи
аҳолии минтақа, ки 1 миллиону
200 ҳазор нафар мебошад зиёда 
аз 200 ҳазор нафари онро кӯдакони 
синни томактабӣ ташкил мекунад. Ба 
ҳисоби фарогирии кӯдакон бошад ҳамагӣ 7- 8 фоизи онҳо ба муассисањои томактабӣ фаро 
гирифта шуданд.
Насимҷон Ғоибов, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ иброз медорад, ки дар онҳо фарогирии кӯдакон ба 
муассисаҳои томактабӣ 10 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба нишондоди дигар ноҳияҳои минтақа беҳтар мебошад. Тибқи 
пешбиниҳо ва ҳам талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ба муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ бояд даҳҳо боғчаҳои 
кӯдаконаро бунёду мавриди истифодабарӣ 
қарор дод, ки мутаассифона ин масъала аз 
мадди назари масъулон дур мондааст.
Тавре аз суҳбат бо сокинони ноҳияҳои 
минтақаи Кӯлоб бармеояд, новобаста аз он, ки зодмандон ҷойе кор мекунанд ё аз кадом ҳисоб 
рӯзгори оиларо пеш мебаранд, аммо ҳамагон аз кишоварзи одӣ то омӯзгору намояндагони 
дигар минтақаҳои ҷомеа ҳамагӣ мехоҳанд, ки 
фарзандонашон ба кӯдакистонҳо фаро 
гирифта шавад. Тавре сокинони ин 
ноҳия иқрор меоянд, аксарияти онҳо 
барои дар муҳити боғчаи кӯдакона 
тарбия гирифтани фарзандонашон 
имконият доранд.
Ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни 35- солагии
Истиқлоли Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бунёди даҳҳо иншооти гуногуни 
хизматрасонӣ пешбинӣ гардидааст, 
хуб мешуд масъулон сосибкорон бобати
сохтмони муассисаҳои томактабӣ иқдом 
менамуданд. Марвиди зикр аст, ки дар радифи бунёди муассисаҳои давлатии таҳсилоти 
томактабӣ ҳамчунин соҳибкорон имкон доранд, ки ҷиҳати таъсиси муассисаҳои хусусии таҳсилоти томактабӣ иқдом гирифта, дар рушди соҳаи маориф ва фарогирии теъдоди бештари кӯдакон ба боғчаҳои кӯдакона саҳми арзандаи худро гузоранд.

Билоли ШАМС, 
минтақаи Кӯлоб
Похожие новости:
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Варзиш / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019