Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Панҷ ихтисоси нав таъсис дода шуд
Аз нишастҳои матбуотӣ
Соли таҳсили 2021 – 2022 дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон панҷ ихтисоси нав таъсис дода шуд, ки аллакай довталабон тариқи Маркази миллии тестии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ихтисосҳоро интихоб карданд.
Дар ин бора ректори донишкадаи болозикр Диловаршо Исозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки айни замон дар донишкада 2121 нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 883 нафарашон дар шуъбаи фосилавӣ таҳсил мекунанд.
Аз 480 нафар хатмкунандагони дараҷаҳои бакалавр, мутахассис ва магистр 13 нафар дар соли хониши ҷорӣ соҳиби дипломи аъло гардиданд.
92 нафар донишҷӯёни донишкада пас аз супоридани имтиҳонҳои давлатӣ, ҳимояи рисолаҳои хатм дар кафедраи ҳарбӣ айни замон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат сарбаландона хизмати Ватан – Модарро адо намуда истодаанд.
Дар ин давра се нафар омӯзгорони донишкада, як нафар рисолаи докторӣ ва ду нафари дигар рисолаҳои номзади илмро ҳимоя намуданд.
Чор нафар омӯзгорони донишкада дар Форуми минтақавии таълимии “Манбаҳои барқароршавандаи энергия”, ки рӯзҳои 26 – 27-уми апрели соли равон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок намуданд.
-Аз моҳи апрели соли ҷорӣ, бо мақсади амалигардонии Барномаи давлатии “20 – солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи имлу маориф барои солҳои 2020 – 2040” маҷаллаи илмии “Паёми Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон” таъсис ёфта, дари он барои аҳли эҷод, омӯзгорон, олимону докторантон ва аспирантон барои таблиғу татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ дар соҳаи илм боз шуд, - гуфт Диловаршо Исозода.
Рӯзноманигорон перумуни омода кардани мутахассисон дар соҳаи энергетика, дастрасии таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир ва дигар самтҳои донишкада суолҳо дода ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Соли таҳсили 2021 – 2022 дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон панҷ ихтисоси нав таъсис дода шуд, ки аллакай довталабон тариқи Маркази миллии тестии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ихтисосҳоро интихоб карданд.Дар ин бора ректори донишкадаи болозикр Диловаршо Исозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки айни замон дар донишкада 2121 нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 883 нафарашон дар шуъбаи фосилавӣ таҳсил мекунанд.
Аз 480 нафар хатмкунандагони дараҷаҳои бакалавр, мутахассис ва магистр 13 нафар дар соли хониши ҷорӣ соҳиби дипломи аъло гардиданд.
92 нафар донишҷӯёни донишкада пас аз супоридани имтиҳонҳои давлатӣ, ҳимояи рисолаҳои хатм дар кафедраи ҳарбӣ айни замон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат сарбаландона хизмати Ватан – Модарро адо намуда истодаанд.
Дар ин давра се нафар омӯзгорони донишкада, як нафар рисолаи докторӣ ва ду нафари дигар рисолаҳои номзади илмро ҳимоя намуданд.
Чор нафар омӯзгорони донишкада дар Форуми минтақавии таълимии “Манбаҳои барқароршавандаи энергия”, ки рӯзҳои 26 – 27-уми апрели соли равон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок намуданд.
-Аз моҳи апрели соли ҷорӣ, бо мақсади амалигардонии Барномаи давлатии “20 – солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи имлу маориф барои солҳои 2020 – 2040” маҷаллаи илмии “Паёми Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон” таъсис ёфта, дари он барои аҳли эҷод, омӯзгорон, олимону докторантон ва аспирантон барои таблиғу татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ дар соҳаи илм боз шуд, - гуфт Диловаршо Исозода.
Рӯзноманигорон перумуни омода кардани мутахассисон дар соҳаи энергетика, дастрасии таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир ва дигар самтҳои донишкада суолҳо дода ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!


