Бойгонӣ

ХОКБОРИШ АЗ КУҶО МЕОЯД?

Мусоҳибаи ходими маҷаллаи “Сафо” бо Ҳабибулло Қодирзода, мутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон оид ба чанд масоили муҳими экологӣ
-Мушоҳида мекунем, ки солҳои охир ҳавои атмосфери мо тағйир ёфта, зуд-зуд тундбоду хокбориш ва шамолу гирдбод ба вуҷуд омада истодааст. Ҳамчуни мутахассиси соҳа сабаби онро Шумо дар чӣ мебинед?  
-Дар ҳақиқат онро ҳамаамон эҳсос мекунему баъзан ба худ савол медиҳем, ки ин хокборишу тундбодҳо чаро вақтҳои охир зиёд шуда истодааст. Бояд гуфт, ки ҳоло дар бисёре аз кишварҳои олам дар натиҷаи халалдор шудани экосистемаи табиат ҳавои атмосфера олуда гардида, ин масъала ба яке аз мушкилоти асосии глобалӣ табдил ёфтааст. 
Сабаби асосии он пеш ҳама аз муносибати нодурусти инсон ба табиат, аз меъёр зиёд хориҷ шудани газҳои гулхонаӣ (парниковий газ), партовҳои корхонаҳои бузурги саноатӣ, ҳаракати мунтазами нақлиёти заминию ҳавоӣ, сӯхтор дар ҷангалзорҳо, истифодаи хеле зиёди маҳсулоти нафтӣ ва дар натиҷаи тағйирёбии иқлим обшавии пиряхҳо, хушксолӣ дар бархе минтақаҳо камоб гардидани обанборҳо, паст шудани сатҳи оби баҳру укёнусҳо мебошад. Аз ин лиҳоз, дар натиҷаи вазиши шамолҳои сахт хоку намакҳои такшини аз об холишуда ба  боло хеста тунбоду гирбодро ба вуҷуд меоранд ва ҳаворо ғуборолуд менамоянд. 
Барои ҳамин ҳам солҳои пеш дар чӯлу биёбонҳо растании саксавул кишт карда мешуд, ки он бо хусусияти хоси худ хокро нигоҳ медошт. Ин чангу хоке, ки ба маҳали зисти мо меояд, он аз ҳисоби хушку холӣ мондани биёбонҳои ҷумҳуриҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон, Ӯзбекистон ва бештар аз ҳама Туркманистон мебошад. 
Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон обанборҳои зиёд мавҷуд аст. Аммо бо сабаби камшавии об ва хушсолӣ сатҳи оби онҳо, хусусан ба баҳри Арал кам шуда, ҳангоми вазиши тундбоду гирдбодҳо хокборишро ба вуҷуд меорад. 
Баҳри пешгирии чунин ҳолатҳо бояд меъёри истифодабариии обро риоя карда, ҷоришавии онро ба баҳри Арал таъмин намудан лозим аст. Ҳамчунин  заминҳои холимондаю хушкшударо бо дарахту буттаҳои ба иқлими онҷо мувофиқ кабудизор кардан ҳам хеле муҳим мебошад. 
Хокбориш аз ҳисоби заминҳои ба эрозия мубаддалгашта низ ба вуҷуд меояд. Масалан, дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон қисмате аз заминҳои  ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав ва Ёвон чунин мушкилоти экологӣ доранд. Зеро дар натиҷаи эрозия шусташавии замин ба вуҷуд омада, шамол қабати ҳосилхези онро аз байн мебарад ва заминҳои корам ба боир мубаддал мегардад. 
Эрозияҳо низ якчанд намуд мешаванд. Аз ҷумла, эрозияи бодӣ дар натиҷаи вазиши шамол, эрозияи обӣ дар натиҷа нодуруст истифодабарии замин ва шусташавии он ба вуҷуд меояд. 
Дар натиҷаи аз меъёр зиёди обёрии ҷорӣ дар қисмате аз заминҳои сафедхоки лалмии ноҳияҳои  Ёвон, Данғара ва Хуросон, ки  дар баландӣ ҷойгир буда, ташналаб мебошанд, шусташавии замин ба вуҷуд меояд. Масалан, соли гузашта бо сабаби нодуруст обёрӣ шудани заминҳои болооби ноҳияи Ёвон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ фурӯравии замин ба вуҷуд омад. Яъне, он обҳое, ки солҳои зиёд ба заминҳои болооб ҷорӣ мегарданд, дар зери замин ҷамъ шуда, бо гузашти вақт ба берун мебароянд. 
Дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷайҳун, Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав биёбоншавии замин бештар ба назар мерасад.  Ин аз ҳисоби қумзаминҳое мебошад, ки барои пешгирии он бояд кишти саксавулро ба роҳ монд. Ин боиси пешгирии эрозияи бодии замин ва чангборишҳо мегардад.  
Сабаби дигар хокбориш ин аз байн рафтани қаторҷангалҳо (лесаполос) дар ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав мебошад. Яъне, солҳои пеш дар ин ноҳияҳо барои пешгирии эрозияи бодӣ, яъне шусташавии заминҳо қаторҷангалзорҳо бунёд карда мешуданд. Бо сабаби бурида шудани қисмате аз ин дарахтон чунин ҳолат ба вуҷуд меояд. 
Инчунин зинаҷангалҳо (терафировани) дар минтақаҳои куҳӣ низ мавҷуд буданд, вазифаҳои онҳо низ эрозияи шусташавии заминҳо ва кам кардани хокбориш буд.
-Барои истифодаи нодурусти замин ва вайрон кардани қабати ҳосилхези хок оё ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст?
Албатта, ҳамарӯза аз тарафи нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замини Сарраёсат ва намояндагони он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ин самт миёни хоҷагидорону кишоварзон ва сокинону истифодабарандагони замин кор бурда мешавад. Баъзан дар рафти фаъолияти худ ҳамкасбони мо ҳолатҳоеро ошкор мекунанд, ки сокинон дидаю дониста ба муҳити зист зарар мерасонанд. Яъне партовҳои маишии худро ба замин мепартоянд, ё зери замин мекунанд хулоса бо амали нодурусти худ муҳитро ифлос месозанд. Баъзе масъалаҳои муҳими экологие мавҷуданд, ки ба назар чандон наменамояд, аммо риояи қоидаҳои табибат аз ҳар яки мо масъулиятшиносиро тақозо мекунад. 
Масалан, нафаре барои хиштрезӣ ва сохтмони иншоот қисми болоии заминро меканад, ки он дар натиҷа боиси аз байн рафтани гумуси ҳамон қисмати замин шуда, ба қабати ҳосилхезӣ он зарар мерасонад. Ба ҳамин монанд ду ҳолати истифодаи нодурусти замин, ифлоскунии он ва вайрон намудани қабати ҳосилхези хокро ҳамкорони мо ошкор намуда, нисбати ду нафар чораҳои зарури андешиданд. Дар ин давра аз онҳо 448 сомонӣ ситонида шуда, товони зарар 10 ҳазору 634 сомонӣ муайян карда шуд ва барои чораандешӣ ба мақомоти дахлдори давлатӣ мавод пешниҳод гардид. 
Ба назари Шумо ҳоло вақти таъсиси корхонаи коркарди партов ба миён наомадааст? 
- Дар воқеъ имрӯз аз ҳарвақта дида зарурати бунёди корхонаи коркарди партов ба миён омадааст. Чунки бо тараққиёти илму техника, зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, зиёдшавии талаботи ањолӣ ба воридоти маҳсулоти партовҳосилкунанда, аз қабили маводи пластикӣ, полиэтиленӣ ва амсоли ин чунин партовҳо хеле зиёд мебошанд.
Хуб мешуд, ки дар доираи панҷсолаи рушди саноат баҳри солимии ҷомеа ва муҳити зист, ки сол то сол ҳаҷми партовҳои маишӣ ва саноатӣ, ки ифлоскунандагони устувори органикӣ ба ҳисоб мераванд, корхонаҳои коркарду ба навъҳо ҷудокунандаи партовҳо дар шаҳру навоҳии вилоят сохта ба истифода дода шаванд. Зеро таъсиси чунин корхонаҳо дар баробари фароҳам овардани ҷойҳои навӣ корию ба даст омадани даромади иқтисодӣ, ҳамчунин боиси кам шудани партовҳо дар муҳити зист, аз ҷумла соҳили манбаҳои обӣ мегардад.
-Солимгардонии муҳити зист агар як тарафи масъала бошад, интихоби мавзеи ниҳолшинонӣ ва сабзу хуррамгардонии он ҳамеша аз мавзӯъҳои баҳсбарангез аст.
Дар аксар  ҳолат барои хушк шудани ниҳолони канори роҳҳо ва гулгашту хиёбонҳо мақомоти ҳифзи муҳити зистро “гунаҳкор” меҳисобанд. Шумо дар ин бора чӣ назар доред?
-Ростӣ моро низ чунин баҳсҳо нигарон мекунанд. Зеро баъзеҳо надониста ин масъулиятро ба кормандони мо бор мекунанд. Ҳол он, ки Сарраёсати ҳифзи муҳити зист ва шуъбаю бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо мақомоти назоратӣ буда, ташкил ва ҳамоҳангсозии маъракаи ниҳолшинонро ба уҳда дорад. 
Тибқи Амри раиси вилояти Хатлон, ки ҳамасола оид ба таъсиси Ситод ва тасдиқи нақшаи ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳо ба тасвиб мерасад ҳангоми ба нақшагирии маъракаи ниҳолшинонӣ намуд ва мавзеъи он аз тарафи ташкилоту муассисаҳо ба назар гирифта шуда, нигоҳубини ниҳолони шинонидашуда низ ба онҳо вогузор карда мешавад. Аз ин лиҳоз рафти назорати ин раванд ба сохтори мо вобаста карда шуда, ба ҳолати сабзиш ва хушкшавии дарахтон худи масъулин вазифадор карда шудаанд. Бояд ин ҳолатро худи онҳо қазоват кунанд, ки чӣ гуна идораҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳо бо якчанд нафар корманд обдиҳию парвариши њазорҳо дона ниҳолонро таъмин карда метавонанд. Яъне, ин амали дастаҷамъона аст, ки бояд новобаста ба касбу кор ба он таваҷҷуҳ зоҳир намуд, то муҳити зист солим бошад. 
Имсол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар маҷмӯъ қариб 530 ҳазор бех ниҳоли сояфкан, ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шудааст, ки 106 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Инчунин гулу гулбуттаҳо беш аз 10 миллион бех ва қаламчаи гули садбарг бошад як миллион адад шинонида шуд, ки он аз дурнамо хеле зиёд мебошад. 
Дар ин баробар аз тарафи нозирони ҳифзи муҳити зист барои бемасъулиятӣ, сари вақт нигоҳубин накардану роҳ додан ба хушкшавии навниҳолон нисбати 27 нафар шахсони мансабдор ва воқеӣ ба маблағи 8 ҳазору 640 сомонӣ ҷарима ситонида шуд. 
Буриши ғайриқонунии дарахту буттаҳо ва риоя нагарадидани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист қариб дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят ба назар мерасад. Дар ин маврид ниҳоди Шумо чи тадбир меандешад?
Дар ҳақиқат буриши ғайриқонунии дарахтон мушкилоти дигари экологӣ  ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз пайваста баҳри пешгирии чунин ҳолатҳо миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои оммавӣ гузаронида мешавад. Аммо, мутаассифона чунин ҳолатҳоро пурра аз байн нарафтааст. 
 Дар панҷмоҳи соли ҷорӣ барои ғайриқонунӣ бурридани дарахту буттаҳо ва риоя накардани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот» дар миқёси вилоят нисбати 205 нафар шахсони мансабдор 85 маводи тартиб дода шуда, беш аз 200 ҳазор сомонӣ зарар муайян гардида, нисф зиёди он ситонида шудааст. Ҳамчунин ба қонунвайронкундагони табиат огоҳии қатъӣ дода шуда, онҳо ба маблағи умумии қариб 70 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шуданд. Оид ба ин ҳолат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ 36 мавод ирсол гардида, зарари расонидашуда ба давлат ҷуброн карда шудааст.

М. АМОНҶОН
Похожие новости:
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Варзиш / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019