Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Хатлон- диёри файзбор

Сухани сармуҳаррир
Имрӯз вазъияти ҷаҳон печидаву мураккаб шуда, таъмини маҳсулоти ғизоӣ аз масъалаи муҳим арзёбӣ мегардад. Норасоии ғизо, болоравии нарху навои маҳсулоти гуногун ҳамрӯза мушоҳида мегардад. Аз ин лиҳоз вобаста ба вазъияти имрӯза Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳо таъкид менамоянд, ки ҳар оила бояд барои талаботи ду соли ояндаи худ маҳсулоти ғизоиро захира намоянд.
Аз ҷумла, зимни мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара Президенти мамлакат муҳтарам Эмомали Раҳмон иброз доштанд: «… ҳоло, ки фурсат ҳаст, яъне мавсими фаровонист, тамоми мардуми кишвар, ҳамаи ташкилоту муассисаҳо ва ҳар як оила бояд дар фикри таъминоти худ бошанд, ҷиҳати ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва барои ду сол захира намудани маводи зарурии ғизоӣ ҳамаи чораҳои заруриро андешанд, то ки дар фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода танқисиву муҳтоҷӣ накашанд».
Вилояти Хатлон дорои иқлиму заминҳои зархез буда, деҳқонон имкон доранд, ки аз заминҳои худ соле 2- 3 ва ҳатто то 4 ҳосил рӯёнанд. Барзгарони меҳнатдӯсти вилоят бо истифода аз тавсияи олимону навгониҳои илми имрӯза ҳосилнокии маҳсулоти кишоваризиро зиёд намуда, дар фаровонии бозорҳои дохилӣ саҳми муносиб мегузоранд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар робита ба дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлгӣ, президентӣ тадбирҳои зиёдеро амалӣ менамояд. Барои иҷроиши дастурҳои Роҳбари давлат муроҷиатномаи фаъолон қабул гардида, гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати иҷрои супоришҳо аз шаҳру навоҳии вилоят дидан намуданд.
Дар ин шабу рӯз, ки дар деҳот мавсими ҷамъоварии ҳосили меваю сабзавот ва ҳам вусъат бахшидани корҳои саҳроӣ ҷиҳати бардоштани ҳосили баланд аз кишти такрорӣ аст, заҳматкашони Хатлонзамин ҳама кӯшиши худро ба захиракунии маҳсулоти кишоварзӣ ва коркарди саривақтии зироатҳои киштнамудаашон равона намудаанд. Бо шарофати дастуру супориш ва роҳнамоиҳои хирадмандонаи Сарвари давлат мафҳуми «захира» дар зеҳну замири мардум маъво гирифта, аҳолӣ нисбат ба солҳои пешин маҳсулоти бештар захира менамоянд. Зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят мушоҳида мешавад, ки чорабиниҳои таблиғотӣ дар самти захиракунии маҳсулоти кишоварзӣ дар шароити хонаҳо натиҷаҳои самарабахш дода истодааст.
Манзараҳои дилангези деҳкадаҳо худ гувоҳи тараддуди мардум ба зимистони дарпешистода мебошад. Дар гӯшае ғарами алафҳои аз офтоби сӯзони фасли тамуз зардгашта, қанорҳои пури коҳ, дар ҷониби дигар бонувони саргарми захиракунии меваю анвои хушсифат буда, дар зарфҳои шишагин хӯришҳои лазиз пур мекунанд. Ба онҳо наздиктар шуда, бори дигар эътимод пайдо менамоем, ки бонувони тоҷик дастони муъҷизаофар доранд! Нӯшобаву (компот) мураббо, ҷему пастаҳои мевагӣ ва чандин номгӯи дигари маҳсули офаридаи бонувон аз истеъдоду тахайюли бой ва ҳунармандиҳои онҳо дарак медиҳад. Агар солҳои пешин дар як хонавода то 200-300 зарфи шишагин маҳсулот захира мекарданд, имрӯз дар баъзе хонаводаҳо захираи маҳсулоти консервакунонидашуда ба 1000-1500 зарфи шишагӣ мерасад.
Бонувони мо мураббои олучаву зардолу, қулфинай, себи пешпазаку шафтолу нок ва дигар меваю сабзавотро он қадар моҳирона бастабандӣ менамоянд, ки дар фасли зимистон тамъу таровати табиии худро нигоҳ медорад.
Айни замон қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон аз сурхии помидору бодирингҳои тару тозаи чун хушаҳои ангур овезон, қаламфур ва дигар сабзавоти фаровонҳосил ғанӣ буда, атри гуворои райҳону хулбуву ҳинои ғарқи гул рӯҳи касро болида мегардонад.
Ин манзараҳои фараҳбахши захиракунии маҳсулот барои зимистон имрӯз дар ҳар хонадони вилояти Хатлон мушоҳида мешавад. Аз марди деҳқон то ҳунармандону сокинони касбу кори гуногун бо нишони ҷонибдорӣ аз дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат эътимоди комил доранд, ки бо саъю талоши самимӣ дар баробари суръат бахшидани раванди захирасозии маҳсулоти ғизоӣ инчунин, дар заминҳои наздиҳавлигӣ, қитъаҳои ёрирасон ва майдонҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ кор карда, боварӣ доранд, ки аз кишти такрорӣ низ ҳосили фаровон бардошта, саҳми шоистаи худро дар таъмини амнияти озуқавории кишвар, ғанисозии сабади истеъмолии аҳолӣ хоҳанд расонид.
Латофат МИРЗОСАИДИЁН
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!


