Бойгонӣ

Омӯзиши забонҳои хориҷӣ -дар заминаи забони модарӣ

Чунин ба назар мерасад, ки на танҳо наврасону ҷавонон, балки аксари зиёиён ҳам дар боғча, мактаб, донишгоҳ, ташкилотумуассисаҳо дар гуфтори адабӣ саҳлангорӣ намуда, бо шева муносибат мекунанд, ки он ҳусни баёнро коста мегардонад. Ҳамчунин, вақтҳои охир эҳсос мешавад, ки бархе ба муассисаҳо таълимашон бо забони русӣ афзалият дода, ба омӯзиши забони модарии худ чандон таваҷҷуҳ зоҳир накарда истодаандД Доир ба ин ва дигари масоили забон бо омӯзгори Литсейи давлатии № 1-и шаҳри Бохтар Гулҷаҳон Амонова мусоҳиба оростем.
Мегӯянд, ки забон дар пояи адабиёт ташаккул меёбад. Шумо чӣ назар доред?
Дуруст аст. Инсоният пеш аз пайдоиши хат бо забони шифоҳӣ муомила мекард ва осори адабӣ ҳам пеш аз он, ки ба таълифоти хаттӣгузарад, дар шакли шифоҳӣ арзи ҳастӣ намудааст. Гуфтори шифоҳӣ ин худ осори адабӣ мебошад. Аз ин рӯ, гуфтан мумкин аст, ки забон дар пояи адабиёт ба вуҷуд омада, ташаккул ёфтааст. Масалан, кӯдаки 4–5 сола пеш аз он ки ба мактаб равад, аллакай аз забони падару модар ва аъзои дигари оила талаффузи баъзе калимаҳоро меомӯзад, оҳиста-оҳиста шеърҳои содаро аз худ мекунад. Сипас, дар дабистон ба вай хондану навиштан омӯзонида мешавад ва ҳамин тавр, зина ба зина бо мутолиаи осори адабӣ нутқи шифоҳиву хаттии толибилм ташаккул меёбад. Бубинед нафароне, ки бештар адабиёти бадеӣ мутолиа намудаанд, чӣ гуна бо забони модарӣ зебою шево ҳарф мезанад. ““
 Чаро имрӯз бархе аз волидайн ва хонандагон ба муассисаҳои таълимашон бо забони русӣ бартарӣ дода истодаанд?
Аҳамият ва зарурати донистани якчанд забон имрӯз қишрҳои гуногуни ҷомеа, хусусан, наврасону ҷавонон ва кормандони сохтору мақомоти давлатиро вазифадор месозад, ки бо дарназардошти талаботи замони муосир барои рушди шахсият ва дастрасӣ ба иттилооти ҷаҳонӣ, корбарии техникаи рақамӣ ва такмили русию англисӣ машғул бошанд. Барои ҳамин ҳам, Вазорати маориф ва илми кишвар аз ёд намудани калимаҳои русию англисиро ҳам барои хонандагон ва ҳам омӯзгорон зарур шуморидааст. Бо таъкид ва ҳидоятҳои пайвастаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони мо дарк кардаанд, ки донистани забонҳои хориҷӣ муҳимтарин шарти омӯхтани илму донишҳои замонавӣ ва робита бо ҷаҳони муосир мебошад. Аммо фаромӯш набояд кард, ки омӯзиши забони русӣ ва дилхоҳ забони хориҷӣ дар заминаи забони адабии тоҷикӣ, яъне, бар асоси донистани меъёрҳои забони давлатӣ сурат мегирад. Аммо вақтҳои охир эҳсос мешавад, ки волидон ҳатто барои таҳсили фарзандони хурдсолашон, ки онҳо ҳоло забони модарии худро хуб намедонанд, ба синф ва мактабҳои таълимашон бо забони русӣ бартарӣ дода истодаанд, ки ин андеша ба фикри ман чандон дуруст нест. Албатта, онҳо бо мақсадҳои гуногун чунин тасмим мегиранд. Вале бояд донанд, ки арзиш, таълиму тарбия, расму оин ва муҳити ҳар миллат ба худаш хос аст ва он метавонад ба афкори хонандаи тоҷик таъсиргузор бошад. Таҷрибаи бисёрсолаам дар Литсейи давлатии № 1-и шаҳри Бохтар, ки таълим дар он ҳам бо забони тоҷикӣ ва ҳам русӣ аст, собит месозад, ки вақте хонанда дар синфи тоҷикӣ хуб таҳсил мекунад, омӯхтани на танҳо забони русӣ, балки дигар забонҳои хориҷӣ низ барояш мушкил намешавад. Яъне, тоҷикӣ хондаву забони русиро низ омӯхтан мумкин аст.
Чӣ бояд кард, то ҳусни забон коҳиш наёбад?
Ин пеш аз ҳама аз мову шумо – зиёиён вобаста аст. Бояд омӯзгорон, рӯзноманигорон, адибон ва дигар равшанфикрон дар софу беолоиш ва равону зебо нигоҳ доштани забони давлатӣ намуна бошем ва онро миёни ҷомеа тарғиб намоем. Дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту идораҳо, ки намояндагони маҳалҳои гуногун ва ақаллиятҳои миллӣ фаъолият мекунанд, бо забони давлатӣ гуфтугӯ намоем. Чун забон на танҳо василаи гуфтугӯи одамон, балки нишонаи асосии давлату миллат ва фарҳангу тамаддуни бостон мебошад. Махлут кардани калимаҳои забонҳои бегона боиси коста шудани ҳусни баёни тоҷикӣ мекардад. Бинобар ба таълими фарзандон аз сатҳи оила, боғча ва мактаб бояд диққати ҷиддӣ дод. То кӯдак аз хурдӣ талаффузи дурусти калимаю ибора ва умуман, нутқи хаттию шифоҳиро омӯхта, сипас, дар овони наврасию ҷавонӣ ва калонсолӣ бо мутолиаи ҳарчӣ бештари осори ниёгон маънавиёти худро баланд бардорад. Тибқи Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» донистани забони тоҷикӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар ҳатмист. Яъне, намояндагони ҳамаи он ақаллиятҳои миллие, ки шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд, дар баробари забони модариии худ бояд бо забони давлатӣ ҳам суҳбат карда тавонанд. Аз ин лиҳоз, дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ба хонандагоне, ки дар синфҳои ӯзбекӣ ва ё русӣ мехонанд, забони давлатӣ ҳамчун фанни алоҳида омӯзонида мешавад.
Муҳтаво ва усули пешниҳоди китобҳои дарсӣ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик шуморо қонеъ мегардонад?
 Солҳои зиёд аст, ки омӯзгори фани забон ва адабиёти тоҷик мебошам. Ман ба ин андешаам, ки китобҳои имрӯзаи забон ва адабиёти тоҷик барои дарки хонанда мушкил буда, фаҳмонидани мавзӯъҳо барои омӯзгорон низ осон нест. Шояд барномаи таълимии пештара, ки натиҷаи хубтар медод, аз нав эҳё карда шавад. Талаботи имрӯзаи соҳа дар ҷараёни дарс истифодаи мақсадноки технологияҳои иттилоотӣ ва воситаҳои техникии таълимӣ мебошад. Вале то ба ҳол нарасидани филмҳоиомӯзишӣ ва дигар аёнияти муосири таълимӣ дар бисёре аз муассисаҳо ба мушоҳида мерасад. Албатта, сол то сол шароиту имконоти таълимӣ ҳам барои хонандагон ва ҳам барои омӯзгорон беҳтар шуда истодааст ва боварӣ ҳаст, ки ин мушкилот зина ба зина роҳи ҳалли худро пайдо мекунад.
                                                                            Амонҷон МАҲКАМОВ
Похожие новости:
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Варзиш / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019