Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
МОЛИЯЧИЁН ДАР МАСЪУЛИЯТАШОН УСТУВОРАНД
Бобоназар Давлатов, муовини сардори Сарраёсати молияи вилоят, сардори Раёсати банақшагирии буҷети давлатӣ17 сол дар зинаҳои гуногуни идораи молияи ноҳияи Фархор ифои вазифа намуда, давоми солҳои 2006-2019 муовини сардори Раёсати банақшагирии буҷети давлатии Сарраёсати молияи вилоят ва пас он, ҳамчун сардори раёсати номбурда то ба имрӯз фаъолияти назаррас дорад. Барои натиҷаи хуби меҳнатӣ ва хизмати шоиста дар ин давра ӯ бо ифтихорномаи Вазорати молияи кишвар, сипосномаи раиси вилояти Хатлон ва чанде пеш бо нишони сарисинагии Аълочии молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гаштааст.
Зулфия Набимова, сардори шуъбаи кадрҳо ва сиёсати ҳуқуқҚариб давоми 10 сол дар Раёсати хазинадорӣ ба сифати сармуҳосиб фаъолият намуда, аз соли 2013 ҳамчун мутахассиси пешбар, сармутахассис ва солҳо боз сардори шуъбаи кадрҳо ва сиёсати ҳуқуқии Сарраёсати молияи вилоят мебошад. Мавсуф дар давоми фаъолият меҳнатияш ҳамчун ходими кордону уҳдабаро натиҷаи хуб нишон дода, борҳо бо сипосномаву ҷоизаҳои фахрӣ қадрдонӣ гаштааст.
Муҳаммадэраҷ Каримов, сармутахассиси Раёсати хазинадорӣБеш аз 12 сол шуд, ки дар Раёсати хазинадории Сарраёсати молияи вилоят ба ҳайси мутахассис, мутахассиси пешбар ва ҳоло ҳамчун сармутахассис кор мекунад. Барои фаъолияти пурмаҳсулаш бо ифтихорномаю сипосномаи Вазорати молия ва раиси вилояти Хатлон сарфароз гардонида шудааст.
Меҳроҷиддин Нуралиев, муовини сардори Раёсат банақшагирии буҷети давлатӣ
Меҳроҷиддин Нуралиев 10 сол боз дар Раёсати банақшагирии буҷети давлатӣ фаъолият дошта, аз соли 2020 инҷониб, муовини сардори Раёсати номбурда ва ҳамзамон сардори шуъбаи буҷет мебошад.
Холмаҳмад Одинаев, сардори шуъбаи соҳаҳои иқтисодӣ Баъд аз хатми донишгоҳ, корро соли 1980 дар Раёсати молияи вилояти собиқ Қӯрғонтеппа оғоз намуда, сипас, ба сифати сардори шуъбаҳои маблағгузории соҳаҳои агросаноатию хоҷагии халқ ва аз соли 2001 то инҷониб ҳамчун сардори шуъбаи соҳаҳои иқтисодӣ фаъолияти пурсамар дорад. Дар ин муддат ӯ борҳо бо ифтихорномаву ҷоизаҳои соҳавӣ сарфароз гардида, дорандаи нишони сарисинагии “Аълочии молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад. Номбурда ҳамчунин дар ҳамоишу тадбирҳои баланди байналмилалию байниҳукуматӣ борҳо ба ҷумҳуриҳои Туркия, Лаҳистон, Венгрия, Албания, Белорус ва Украина сафари хизматӣ анҷом дода, Тоҷикистонро намояндагӣ кардааст.
Мавлуда Иноятова, мутахассиси пешбари Раёсати банақшагирии буҷети давлатӣАз соли 2010 инҷониб аввал дар шуъбаи кадрҳо ва пас он дар Раёсати банақшагирии беҷети давлатии Сарраёсати молияи вилоят фаъолият намуда истодааст.
Бобохон Зуҳуров, сардори шуъбаи банақшагирии даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ Беш аз 20 сол дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ фаъолият намуда, аз соли 2014 инҷониб ба ҳайси мутахассис, мутахассиси пешбар, сармутахассис ва аз ноябри соли 2020 ҳамчун сардори шуъбаи банақшагирии даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ дар Сарраёсати молияи вилоят ифои вазифа дорад.
Мунира Раҳимова, мутахассси шуъбаи кадрҳо ва сиёсати ҳуқуқ Аз соли 2017 фаъолияти касбии худро дар шуъбаи кадрҳо ва сиёсати ҳуқуқии Сарраёсати молияи вилоят муваффақона пеш бурда истодааст.
Алишер Дадаҷонов, сармутахассиси Раёсати хазинадорӣСоли 2014 баъд аз шуруи фаъолияти касбӣ дар Раёсати молияи шаҳри Бохтар ӯ дар арсаҳои гуногуни шаҳру навоҳӣ кор карда, аз соли 2010 инҷониб сармутахассиси Раёсати хазинадории Сарраёсати молияи вилояти Хатлон мебошад.
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо


