Хона ва кӯдакистон – аввалдабистони муҳими пешазмактабӣ

Ҷараёни тарбияи кӯдаки синни томактабӣ дар аксар маврид барои волидон хеле душвор паси сар мешавад. Биноан, суоли меҳварӣ ин аст: чӣ гуна мебояд кӯдакро ба мактаб омода кард, ба чӣ мебояд диққат дод, фаҳмишҳои кӯдаки синни томактабӣ бояд ба чӣ талабот ҷавобгӯ бошад, то ин ки ба донишандӯзӣ зуд унс гирифта, барномаи дарсиро роҳат аз худ карда тавонад? Фаромӯш набояд кард, ки кӯдак аз лаҳзаи ба дунё омадан то ба шомил шудан ба мактаб масири мушкил, аммо хеле ҷолиби рушди зеҳнии аввалияро паси сар мекунад: чиро гирифтан ё хӯрдан мумкин аст, чиро не, фалон чиз чӣ тамъ, чӣ бӯй дорад, вақти ламс кардан чӣ гуна аст; ӯ аввалин қадамҳои худро мегузорад,

нахустин ҳарфҳои омӯхтаашро талаффуз мекунад; қошуқ ба даҳон бурдану нарезонда ва начаконда хӯрданро ёд мегирад ва ниҳоят, супоришҳои содаи атрофиёнро иҷро мекунад. Маҳз ҳамин марҳилаи ҳаёт кори кӯдакро дар мактаб осон ва ё баръакс душвор мекунад. Яъне, агар кулбори донишҳои аввалияи ӯ пур бошад, ҷараёни донишандӯзии ӯ дар мактаб беҳтар, бемушкил ё каммушкил сурат мегирад. Барои ин мебояд кӯдакро аз ҷиҳати ҷисмонӣ ба мактаб омода кард, бе баҳонаҳои   бемаврид ба ҳар як суолаш ҷавоби дақиқ дод, бо ӯ дуруст муошират кард, ба ӯ имкони сухан гуфтан дод ва суханашро то охир гӯш кард, дар ҷамъият, яъне бо одамони дигар баробар зистанро ба ӯ ёд дод ва ниҳоят, мебояд бо гуфтору рафтори нек барои ӯ намуна буд. Ин аввалин, аммо асоситарин зинаҳои тарбияи кӯдак аст, ки бо таълимоти хурд тавъам ба роҳ монда мешавад. Агар ин марҳилаи умри кӯдак мувофиқи мақсад ё худ аз ҷиҳати педагогию психологӣ дуруст пушти сар шавад, он барои ҳамчун як шахсияти комил ба воя расидани ӯ ба таври хеле фаъол мусоидат мекунад. Ин тарбияи томактабӣ дар кӯдакистон идома пайдо мекунад. Фарқи тарбия дар кӯдакистон аз хона дар он аст, ки ба як ё якчанд ҷузъи тарбия: муошират, ғизохӯрӣ, қазои ҳоҷат, бозӣ ва гирифтани донишҳои аввалия як шахси алоҳида – мураббӣ вобаста аст. Дар назари аввал кори мураббияҳо нисбат ба падару модар осон аст. Лекин агар инро, ки онҳо якбора бо чанд кӯдак сарукор мегиранд ва ҳаҷми корҳояшон зиёд аст, ба назар гирем, дарк мешавад, ки масъулияти мураббияҳо низ бемуҳобот сангину душвор аст. Барои осон шудани кори онҳо бояд парасторони кӯдак низ тарбияи ӯро дар хона ба таври фаъол идома диҳанд. Афзалияти дигари тарбия дар кӯдакистон дар қиёс ба хона дар он аст, ки кӯдак дигар кӯдаконро дида, бозӣ, машқҳо, сохтани чизеро бо майлу рағбати бештар иҷро мекунад ва илова бар ин беҳтар забон(ҳо) омӯхта метавонад. Азбаски дар кӯдакистон як ё ду нафари кам не, балки як гурӯҳи кӯдакон зери назорат ва тарбия қарор доранд, таъсири муҳит ин ҷо амиқтар ва зудтар сурат мегирад. Дар ин маврид мақоли маъруфи «Харбуза аз харбуза ранг мегирад, ҳамсоя аз ҳамсоя» ба ёд меояд. Яъне таъсири ҳамсол ба ҳамсол аз калонсол ба кӯдак дида зиёдтару зудтар аст ё ба таври  дигар гӯем, хеле содатар аст. Дар раванди тарбия се тарзи таъсиррасонӣ ба кӯдак маъмул аст: ҷазо додан (албатта, ҷазои ахлоқӣ), ҳавасмандсозӣ ва нишон додани намунаи фардӣ. Таъсиррасонии тарзи сеюмро аксар педагогҳо аз ҳама таъсирбахш мегӯянд. Зеро кӯдак дар он айёми беғамии умр ҳамеша ба калонсолон тақлид карда, оҳиста-оҳиста гуфтор, рафтор, амал, ҳатто ҳунар ва донишҳои падару модар, аҳли хонавода ва дигар атрофиёнашро чида мегирад. Дар лаҳзаҳое, ки кӯдак бо кӯдак мемонад ё умуман дар вақти фориғ аз ҳузури калонсолон, ҳама тифлон бо бозиҳояшон ошкоро он чиро, ки аз ҷамъият дидаанд, шунидаанд, омӯхтаанд, такрор мекунанд ва ҳатто бо сухану ҳаракатҳои ширину ҷолиб нақш меофаранд. Дар мавриди усули ҷазо бояд донист, ки агар он аз ҳад зиёд бошад, метавонад, кӯдакро дамдузд, канораҷӯ ва аз ҳама бадтар – беирода ва тарсу кунад. Ҳавасмандсозӣ низ бояд меъёр дошта бошад, чунки ба қавли аҳли фаҳм, «Асалро камаш хуб аст». Аз ҳад зиёд будани он метавонад кӯдакро эрка, манфиатҷӯ, найрангбоз, танбал ва тайёрхӯр ба воя расонад. Яъне, агар мо иҷрои ҳар амалеро доимо бо пешниҳоди мукофоте, агарчи он хурд аст, аз кӯдак хоҳиш кунем, ӯ баъд аз калон шудан низ бидуни мукофот (пул, ғизо ва ҳоказо) дасташро ҳатто ба оби хунук задан намехоҳад. Такрор ҳам шавад, веле муҳим аст бигӯям, ки агар шумо ба варзиш машғул намешавед ва ё зуд- зуд китоб ба даст намегиред, пас, дар ин роҳ фарзандатонро тарбия карда наметавонед ва ё тавонед ҳам, бо душвории зиёд.Як ҷузъи дигари тарбия, ки аксар вақт мо онро фаромӯш мекунем ё нодида мегирем, ин таваҷҷуҳ кардан ба кӣ будани ҷӯраҳою дугонаҳои фарзандонамон аст. Шояд шумо бигӯед, ки он ҷӯраю дугонаҳо ҳам тифланд, тифли бегуноҳ. Дуруст, лекин онҳо низ дар зери таъсири муҳите, оилае, падару модару бародару хоҳаре қарор доранд. Бояд ин воқеияти талхро бипазирем, ки дар баъзе оилаҳои мо (оилаҳои шаҳрию деҳотӣ – баробар), мутаассифона, сухани зишт гуфтан, дашном додан, хархаша кардан, бо асабоният аксуламал нишон додан ба як кори маъмулӣ табдил ёфтааст. Дар кӯдакистону мактаб чунин гуфтору рафторҳо аз ҷониби мураббияву муаллимон то қадри имкон пешгирӣ ва назорат мешаванд. Дар хонаю кӯча ин гуна ноҷӯриҳо аксар вақт берун аз доираи назорати падару модар ё дигар парастори кӯдак аст. Бепарвоии дигари баъзе аз падару модарон ин аст, ки онҳо худро аз тарбияи фарзандашон дар кӯдакистону мактаб фориғ меҳисобанд ва ё дидаю дониста канор мегиранд. Муҳим аст, ки падар, модар ё дигар парастори кӯдак гоҳе бо мураббӣ ва муаллими фарзандаш ҳамсуҳбат шавад, аз сатҳи ахлоқу дониши ӯ огоҳ шавад ва агар лозим аст, дар маридҳои зарурӣ ба тарбиятгарони кӯдакистону мактаб дар ин ҷода ҳам дар хона ва ҳам дар дигар ҷойҳо мадад расонад. Чунки хушахлоқ, хушрафтор ва донишманд, мушаххасан як инсони комил ба воя расонидани атфол кори як-ду нафар не, балки дастҷамъист. Такрор ҳам шавад, тарбияи кӯдак, албатта кори осон нест, аммо хеле шавқовар аст. Агаршумо ин рисолати худро бо усулҳои пазируфташудаи педагогию психологӣ ва бо меҳр иҷро кардед, дар оянда аз он кӯдаки дирӯза ҳам меҳру муҳаббату донишу малака ҳосил мегиред ва ҳам сарнавишти дурахшони ӯ ва ҷомеаро таъмин мекунед. 

Мадина САФАРОВА,

мудири муассисаи томактабии №7-и

ноҳияи Кӯшониён 

Похожие новости:
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Варзиш / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий