Бойгонӣ

Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ба муносибати 27-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз,
Рӯзи 6-уми ноябр аз қабули санади сарнавиштсози давлату миллат, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 сол сипарӣ мегардад.
Бинобар ин, сокинони сарбаланди вилояти Хатлон ва кулли ҳамватанони азизро ба муносибати ин санаи фархунда ва воқеан таърихӣ самимона табрику таҳният мегӯям ва ба хонадони ҳар як тоҷикистонӣ сулҳу осоиш, ба кишвари маҳбубамон суботу пешрафти рӯзафзунро орзумандам.
Имсол Рӯзи Конститутсия ба Ҷашни 30-юмин солгарди истиқлолияти давлатӣ, ки мардуми сарбаланди кишвар онро ҳамчун ҷашни муқаддаси таърихӣ бо дастовардҳои арзанда ва бо шукӯҳу шаҳомати хосса истиқбол намуданд, рост омад.
Дар ҳақиқат, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоскунандаи воқеияти даврони истиқлолу озодии Ватан, рушди давлат ва пешрафти миллати тамаддунсози тоҷик мебошад. 
Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини халқи тоҷик ва дастоварди бузурги мардуми кишвар мебошад. Таҷрибаи қабули Конститутсия дар давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистони мо баръало нишон медиҳад, ки он ҳамчун ҳуҷҷати бисёр муҳимми сиёсӣ ва санади олии ҳуқуқӣ бо истиқлоли давлатӣ робитаи ногусастанӣ дорад.
Дар солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат, чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, фақат қабули Конститутсия метавонист барои ҳифзи истиқлол, аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани  фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, инчунин, ҷиҳати мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии давлат, шароити мусоиди ҳуқуқиро фароҳам орад.
Бо дарки чунин масъулияти таърихӣ 6 ноябри соли 1994 сокинони кишвар дар фазои озод дар раъйпурсии умумихалқӣ фаъолона иштирок карда, аксари мутлақи онҳо ба ҷонибдории Конститутсия раъйи худро изҳор доштанд.
“Бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он моро ба дигаргуниҳои азими сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ кард”, - таъкид доштаанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷойи шакку шубҳа нест, ки агар ба даст овар¬дани истиқлолият зарурати қабули Конститутсияи давлати муосирро ба миён гузошта бошад, қабули ин ҳуҷҷати муҳимми сиёсиву ҳуқуқӣ барои бунёди давлати соҳибистиқлоламон заминаи устувор ба вуҷуд овард ва дар раванди таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва аркони давлатдорӣ нақши барҷаста бозид.
Дар Конститутсия таъмини соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон вазифаи асосии давлат эълон шуда, дар айни замон ба хотири ҳимояи ин арзишҳои конститутсионӣ ва ташаккули муназзаму муътадили давлати навини тоҷикон тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат аз ҷумлаи мақсадҳои бунёдии Конститутсия эътироф гардид.
Халқи Тоҷикистон бори нахуст баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардида, кафолати ҳуқуқи шахс ба гуногунандешӣ, озодии сухан ва виҷдон муқаррар гардид.
Меъёрҳои Конститутсия барои ҳамгироӣ бо ҷомеаи ҷаҳон замина гузоштанд ва Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд ва бо 160 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор кард.
Ифтихоровар аст, ки Конститутсияи мо хусусияти миллӣ дорад, зеро он бо иродаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардида, дар ин ҳуҷҷати муҳим суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи халқи фарҳангсолори тоҷик инъикос ёфтаанд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ се маротиба – солҳои 1999, 2003 ва 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид намуданд, ки онҳо матни ин ҳуҷҷати сарнавиштсозро такмил дода, нишонаи ба зинаи нави рушд ворид шудани Тоҷикистон гардиданд.
Раванду рӯйдодҳои замони муосир тақозо мекунанд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар ҷиҳати риояи меъёрҳои Конститутсия ва дар маҷмӯъ, меъёрҳои қонунгузории кишвар ва дарки амиқи моҳияти онҳо ҳамчун воситаи муҳимми таъмини озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва баробар¬ҳуқуқӣ ҳамеша кӯшиш намояд. Вазъи мураккаби минтақаву давлатҳои ҷаҳон бори дигар ҳар як фарди бедордил ва бонангу номуси ҷомеаро водор месозад, ки қадру манзалати зиндагисози сулҳу оромиро хуб дарк намояд ва дар доираи Конститутсия ва қонунҳо ба хотири ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон талош варзад.
Дар ин масир ба ҳамаи ҳамватанони азиз неруи тоза ва дастовардҳои назаррас орзумандам ва бовар дорам, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боз садсолаҳои дароз барои рушди ҷомеаи Тоҷикистон ва оромиву осоиши ҳар як фарди Ватан хизмат хоҳад намуд.
Бори дигар ҳамаи шумо, ҳамдиёрони арҷмандро ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон табрик гуфта, бароятон саломативу шодкомӣ, бахту саодат ва сарфарозӣ орзу менамоям.
Ҳамеша саломату хонаобод бошед, ҳамватанони азиз!
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019