ДАСТПАРВАРИ ГЕНЕРАЛЗАН

   Даргузашти нобаҳангоми падар пайроҳаи Зулайхоро низ тағйир дод. Ӯ аз тифлӣ аз меҳру муҳаббати қиблагоҳаш маҳрум монд ва дар тарбияи модару тағои мушфиқу бибию бобои ғамхораш дар ноҳияи Фархор ба воя расид. Ӯ аз хурдӣ ҳушёру чаққон буд. Дар айёми мактабхонӣ ҳамроҳи модараш дар хоҷагӣ кор мекард. Ҳамеша орзуи корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шуданро дошт. Талошҳои ин духтараки рустоӣ дар роҳи расидан ба мақсуд хеле зиёд буд. Зеро ӯ хуб медонист, ки ояндааш аз худаш вобаста аст. Ҳарчанд он замон таҳсили бонувон дар таълимгоҳҳои олӣ чандон роиҷ набуд, аммо Зулайхо то ба охир мубориза бурд ва оқибат ба нияти некаш расид.      

   Зулайхо Азизуллозода 28-уми январи соли 1972 дар оилаи коргар, дар  шаҳри Левакант ба дунё омадааст. Ӯ дар оғӯши гарми модари танҳояш Хуморбӣ бобову бибии меҳрубонаш Саидаҳмаду Гулнора ва тағои меҳрубонаш Ҳабибулло бузург шуд. Ин аст, ки қадру қимати онҳоро ҳамеша воло дониста, барояшон садҳо бор бо самимият ташаккур мегӯяд. 

   Зулайхо таҳсилоти миёнаи умумиро дар мактаби рақами 17-и ноҳияи Фархор гирифта, онро бо баҳои аъло хатм кардааст. Донишҷӯии Зулайхо Азизуллозода ба солҳои 90-ум рост меояд. Дар ҳамон давраи нобасомониҳо, ки аксарият дар фикри ҷону нон буданд, ин духтари деҳотӣ барои идомаи таҳсил ба пойтахти кишвар рафт. Вай ҳуҷҷатҳои худро ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супурд. Вале ба ӯ гуфтанд, ки дар ин бахш танҳо нафароне шомил шуда метавонанд, ки таҷрибаи дусолаи кори амалӣ доранд. Ҳамин тавр Зулайхо аз рӯи ихтисоси иқтисодчӣ ду имтиҳонро бо баҳои аъло супорид. Аммо ҳамоно пайвандонаш нахостанд, ки ӯ донишҷӯ шавад. Ҳамин тавр вай ба деҳа баргашта ба кори саҳро банд шуд. 

   Завқи илму дониш, ки дар қалбаш маъво гирифта буд, Зулайхоро ором нагузошт. Ӯ дубора роҳ ба сӯи донишгоҳ гирифт. Аммо ин дафъа ба шаҳри Қӯрғонтеппа. Ҳамин тавр бо ҳазорон азобу машаққат дар айёми кашмакашиҳо вай соли 1994 риштаи математика-информатикаи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусравро бо диломи сурх хатм намуд. Вале боз ҳам дили бузурги ӯ тасалло наёфт. Чунки орзуву омолаш таҳсил дар риштаи ҳуқуқшиносӣ буд. Зулайхо Азизуллозода аз роҳи худ барнагашт ва ҳамон сол ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шомил шуд. 

   Дар ин давра ҳамзамон ӯ ба фаъолияти касбии худ шурӯъ намуд. Ду сол дар бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Левакант кор кард, сипас мудирии бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии шаҳри Левакантро ба уҳда гирифт. Донишу малака ва ақлу заковати Зулайхо Азизуллозодаро дида, ӯро соли 1996 муовини раиси Ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант таъйин карданд. Баъд аз чор соли фаъолияти босамар дар ин самт ӯ муддате ба таълиму тарбияи фарзандон машғул шуд. 

   Зулайхо Азизуллозода соли 2002 ба Раёсати адлияи вилоят ба сифати мушовири адлия ба кор омад ва ба таври гузариш аз солҳои 2005-2008 дар идораи давлатии нотариалии ноҳияи Кӯшониён заҳмат кашид. Аз марти соли 2008 бошад то инҷониб дар Раёсати адлияи вилоят ҳамчун нотариуси давлатӣ фаъолияти касбиашро идома дода истодааст. 

   -Фаъолияти ҳамарӯзаи ман ҳамчун нотариуси давлатӣ расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон бо роҳи ба ҷо овардани амалиётҳои нотариалӣ аз қабили хариду фурӯш, ваколатнома, шаҳодатномаи мерос, шаҳодатномаи ҳуқуқ ба моликият, тасдиқи аслияти имзо, тасдиқи нусха ва амсоли инҳо мебошад, ки онро бечуну чаро дар доираи вақолатҳои худ иҷро менамоям,- зикр намуд З. Азизуллозода ва афзуд, ки қаблан корамон ниҳоят мушкил буд. Зеро дониши ҳуқуқии шаҳрвандон ба таври лозима рушд наёфта буд. Ҳоло хурсандибахш аст, ки маърифати ҳуқуқии аксарияти муроҷиаткунандагон боло рафтааст. Зеро дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули барномаву стратегияҳои давлатӣ ба ин ҳадаф то андозае расид. Илова бар ин пайваста мо бо аҳолӣ вохӯрӣ доир намуда, оид ба қонунҳои амалкунанда маълумот медиҳем, - иброз медорад нотариуси давлатии Раёсати адлияи вилоят.

   Бону Зулайхо мегӯяд, ки ҳарчанд роҳи интихобкардаашро ба осонӣ тай накардааст, аммо дар ҳаёт барояш подош бахшид. Зеро ҳамон такопўву талошҳо буд, ки ӯ соҳиби касбу кори хеш гашта, дар ҷамъият обрӯву эътибор пайдо намуд. Имрӯз ин зани бомаърифат аз он меболад, ки нафъаш ба мардум мерасад.  

   -Аз инсон танҳо некӣ боқӣ мемонаду бас, - мегӯяд Зулайхо Азизуллозода –Ман ҳамеша кӯшиш мекунам, ки бо корафтодагон хушмуомила бошам ва дар доираи салоҳияти давлатиам ба халқу Ватан содиқона хизмат намоям. Ба фарзандонам низ пайваста насиҳат мекунам, ки пеш аз ҳама солимақлу бохирад бошанд ва ҳар кори неке, ки аз дасташон ояд ба дигарон дареғ надоранд. Ҳамеша муаддабу қавиирода ва пурталошу заҳматкаш бимонанд.

   Зулайхо Азизуллозода дар фаъолияти касбиаш Саодат Амиршоева, аввалин генералзани кишварро устоди худ медонад ва ба ӯ эҳтироми хос дорад. Ӯ мегӯяд, ки дасташро дар ҳамин соҳа маҳз ҳамин бонуи барўманд “рост” намудааст.  

   -Вақте ки ба адлия ба кор омадам, он замон сардори Раёсати адлияи вилоят Саодат Амиршоева буданд. Он кас на ҳамчун роҳбар, балки мисли модар бароямон ғамхорӣ зоҳир мекарданд. Ҳамчунин маслиҳатгару роҳнамоӣ менамуданд. Барои ин ҳама кумаку дастгириҳо барояшон изҳору сипосу миннатдориамро баён медорам, - илова намуд З. Азизуллозода.

   Зулайхо Азизуллозода худро хушбахт меҳисобад. Зеро ӯ оилаи солим дорад. Ин бонуни ҳуқуқшинос соҳиби шаш фарзанд мебошад. Ду фарзанди калонӣ касби модарро интихоб намудаанду сеюмин ҳоло дар Академияи милитсияи назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунад. Дуи дигар феълан мактабхон мебошанд. 

   Ба гуфтаи бонуи тозакор вақте шахс касбашро дӯст медорад, вай ба ҳама кор мерасад. Ҳам масъулияти хонаводагиашро иҷро менамояду ҳам баҳри амали намудани орзуву омолаш вақти муносиб меёбад. 

  Зулайхо Азизуллозода, ҳамакнун мушовири адлияи дараҷаи 3 буда, дорои рутбаи майори адлия аст. Барои фаъолияти самаранок, саҳми арзанда гузоштан дар низоми ҳуқуқэҷодкунӣ ва хизмати намунавии давлатӣ ӯ бо якчанд мукофотҳои соҳавӣ, аз ҷумла ифтихонома ва медали ҷашнии 90-солагии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.  

Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи Ташаббуси “Нури Рушноӣ” амалӣ карда мешавад. Ташаббуси “Нури Рушноӣ” як шарикии глобалӣ ва бисёрсола байни Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид аст, то ҳама шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон ва духтаронро то соли 2030 аз байн барад.

Амонҷон МАҲКАМОВ


Добавить комментарий