Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ПАЁМИ Табрикии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ба муносибати Рӯзи фалак, 10 октябри соли 2021
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Дар масири таърих миллати тоҷик бо арзишҳои волои давлатдорӣ, чун Парчам, урфу одат, забон, фарҳанги пурғановати худ ба оламиён нишон дод, ки аз азал тоҷик тамаддунофар ва соҳибфарҳанг аст.
Истиқлолият барои рушду эҳёи анъанаҳои миллӣ заминаи созгор фароҳам оварда, дар муаррифии дастовардҳои таърихӣ нақши бағоят муносиб гузошт.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 10 октябр дар сар то сари кишвари азизамон Рӯзи фалак ҷашн гирифта мешавад. Ин тадбир барои худшиносии миллӣ, рушди ин жанри мусиқии суннатӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва бадеии миллати тоҷик мусоидат мекунад.
Фалак ҳамчун саъати мусиқии халқи тоҷик таърихи бостонӣ ва рангину пурғановат дорад. Имрӯз дар муҳити нави рушди санъат анъанаҳои беҳтарини он идома доранд ва тобишҳои тозаи ҷаҳони маънавӣ ва завқи зебописандии муосиронро сайқали тоза мебахшад.
Рушду пешрафти фарҳанги миллӣ ва муаррифӣ намудани он ба ҷаҳониён яке аз паҳлуҳои муҳими сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба шумор меравад. Барои нигоҳдошт ва ҳифзу инкишофи дастовардҳои фарҳангии хеш дар миқёси умумибашарӣ мардуми тоҷик низ саҳми беандоза гузоштааст. Маҳз фарзандони фарзонаи миллат буд, ки тавонистанд мероси фарҳангиву таърихии хешро новобаста аз чолишҳои замона ҳифзу нигоҳдорӣ намоянд ва бар замми куҳанбунёд будан, таърихи бою пурғановати худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.
Ёдовар бояд гардид, ки фалак яъне ормон, орзу, ишқ, муҳаббат, ифодакунандаи розҳо буда, аз даврони хеле дур дар байни мардум маҳбубият дорад. Инсонҳо тавассути ин жанр рози худро ба воситаи навозиши асбобҳои миллӣ, аз ҷумла дутор, най ҳамчунин тариқи шифоҳӣ баён менамоянд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муаррифии мусиқии суннатии миллии фалак таваҷҷуҳи хоса дошта, зимни баргузории чорабинии фарҳангӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб иброз доштанд, ки ватани Фалаку Чакан сарзамини Хатлон, махсусан шаҳри бостонии Кӯлоб мебошад.
Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки баҳри рушди ҳамаҷонибаи ин жанри мусиқӣ боз ҳам талош намоем, зеро фалак жанри мардумӣ аст ва гузаштагони мо ин ҳунари аҷдодиро тӯли ҳазорсолаҳо барои насли имрӯз мерос гузоштаанд. Фалак аз нигоҳи ҳаҷм ва ҳам аз нигоҳи арзишу қимати бадеӣ, аз ҷумлаи беҳтарин мусиқист, ки мо онро барҳақ мусиқии шаклан озод, таҷассумгари рӯҳи озод ва орзуву омоли халқи тоҷик меномем.
Мусиқии Фалак ҷузъи қавии фарҳангии тоҷикон ба шумор рафта, ҳамчун жанри мусиқии суннатӣ аз замонҳои хеле қадим вуҷуд дошт ва бо мурури замон такомул ёфта, хусусиятҳои тоза касб намудааст.
Дар шароити бархурди тамаддунҳо ва пурпечутоб гардидани вазъи ҷомеаи имрӯза, ки гурӯҳҳои ифротӣ барои аз байн бурдани фарҳангу анъанаҳои миллӣ бештар дахолат менамоянд, ҳифз кардану ба мерос гузоштани арзишҳои миллӣ, чун «Фалак», «Шашмақом» ва «Чакан» рисолати бузурги насли имрӯзи ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Вақте садои мусиқии фалак танинандоз мешавад, гаронмоягии созу навои Борбад, ҳикмати шеъри Рӯдакӣ, мувозинати томи савту калом ва пайвастагии он бо коинот эҳсос шуда, фалсафаи ин жанр пеши рӯ ба ҷилва меояд, ки дар тӯли қарнҳо ифодагари розу ниёз ва шукронаву эътирози инсон дар домони фалак аст.
Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар, бо баҳисобгирии манфиатҳои миллӣ ба хотири эҳёи хотираи таърихӣ ва дарёфти асолати комили миллӣ иқдоми Роҳбари давлат дар ин бобат басо арзишманд ва шоиста аст. Ва ин на танҳо барои мардуми Тоҷикистон, балки барои мардумони тамоми дунё аҳамият дошта, дар баҳамоиву наздикшавии фарҳангҳо, халқҳо ва давлатҳо хизмат мекунад.
Дар рушди Фалак ва инкишофи фалаксароӣ чеҳраҳои шинохтаи Хатлонзамин Сайидалӣ Вализода, Ҳошими Қосим, Махсуми Шакур, Бобохалил, Карими Шиш, Одина Ҳошим, Ҳабибуло Беков, Ҳотам Юнус ва дигарон саҳми арзишманд гузошта, ҳар яки онҳо мактаби махсуси худро доро буданд.
Дар шароити имрӯза пайравони ин мактаби бузурги фалаксароӣ Давлатманди Хол, Гулчеҳра Содиқова, Сурайё Қосимова, Файзалӣ Ҳасанов, Маҳмадалӣ Аюбӣ, Сафар Муродов, Муродмад Раҳимов, Раҷабзода Мавлуда, Сафар Қодиров, Кибирё Раҷабова, Носир Сафаров, Усмони Ҳайдар, Саиҷамол Шоимов, Машраб Қодиров ва дигарон, ки бо ҳунари хеш дар рушду такомули жанри фалак саҳмгузорӣ намуда истодаанд.
Ногуфта намонад, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Филармонияи халқии ба номи Одина Ҳошимов баъди таъмиру азнавсозӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд, ки дар рушди санъати фалакхонӣ ва эҳёи мактаби санъати нотакрори фалаксарои машҳури тоҷик Одина Ҳошим нақши шоиста хоҳад гузошт, ки ин нишонаи ҳифзу нигоҳдошт ва инкишофу муаррифӣ намудани ин жанри асили мусиқӣ аст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди жанри фалак тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ намуда истодааст. Бобати ҳифзу нигоҳдорӣ ва идомаи ин санъати баланди мусиқӣ бо таваҷҷуҳи бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар вилоят ансамбли фалак дар назди Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Хатлон таъсис дода шуд, ки исботи гуфтаҳои боло буда, барои дарёфт ва тарбияи намудани падидаҳои нав дар ин ҷода мусоидати фаъол хоҳад намуд.
Бунёди қасрҳои фарҳанг дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи истиқлолият ва таваҷҷуҳ ба густариши рукни муҳими давлатдорӣ - рушди фарҳангу маънавиёти ҷомеа аст.
Итминони комил дорам, ки бо баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ минбаъд низ фалаксароёни вилояти Хатлон дар муаррифии жанри мусиқии суннатии миллӣ, рушду нумӯъ ва таҳким бахшидани фарҳанги миллӣ саҳми муносиб мегузоранд.
Бо ҳамин ниятҳои нек, ҷашни Рӯзи Фалакро ба ҳамаи ихлосмандону шунавандагони асили ин навъи мусиқӣ ва кулли мардуми вилояти Хатлон муборакбод гуфта, бароятон хушбахтию шодкомӣ ва саодати рӯзгорро таманно менамоям.
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР