Бойгонӣ

Хизмати содиқона ба Ватан

   Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи се соли охир дар вилояти Хатлон ҳазорон иншооти гуногун, аз қабили корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимиву тандурустӣ,  толору майдончаҳои варзишӣ сохта, мавриди баҳрабардории сокинон қарор дода шуд. Дар раванди корҳои ободониву бунёдгароӣ дар баробари истифода аз маблағҳои буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ ҳамчунин  ҷомеаи шаҳрвандӣ низ ташаббус нишон дода, дар бунёди иншооти гуногуни хизматрасонӣ, таъмири роҳу пулҳо ва ободониву сарсабзии кӯчаву маҳаллаҳо саҳми арзанда гузошта истодаанд.
   Аз ҷумла, дар пайравӣ аз ташаббусҳои ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо бо ибтикори нафарони касбу кори гуногун дар деҳу маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон пайроҳае ободу пуле бунёд ва ё иншооти муҳиме сохта ба истифода дода мешавад. Дар доираҳои маорифчиён ва сокинони якчанд маҳаллаҳои ноҳияи Кӯшониён аз Идимоҳ Шоева ҳамчун бонуи кордону ободгар ном мебаранд. Зеро, ки давоми фаъолияти роҳбариаш дар муассисаҳои гуногуни таълимӣ дар баробари таваҷҷуҳ ба ҷорӣ намудани тартибу интизоми ҷиддӣ ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва савияи дониши толибилмон, ҳамзамон дар бунёди синфхонаҳои иловагӣ намунаи ибрати ҳампешагонаш ба ҳисоб меравад.
   -Хизмати содиқона дар ҷодаи рушди соҳаи маориф, боло бурдани сифати таълиму тарбия ва бунёдгузории синфхонаву муассисаҳои таълимиро рисолати муҳими хеш ва идомабахши орзуву ниятҳои падари равоншодам Шодӣ Хоҷаёров мешуморам, ки дар ҷодаи омӯзгорӣ устоду роҳнамоям  дар зиндагӣ буд, - иброз дошт дар оғози суҳбат Идимоҳ Шоева. -  Падарам дар фурсати кўтоҳи умри худ бо меҳру муҳаббати самимонааш ба мардум ва хизмати содиқона дар ҷодаи таълиму тарбия дар ҷомеа соҳибэҳтиром буд. Биноан, баъди реҳлати падар, ки шахсияти идеалӣ ва дӯсту маслиҳатгари ман дар зиндагӣ буд, мақсад гузоштам, то умр боқист ба хотири амалӣ гардидани орзуву ормонҳои маорифпарваронаи вай кӯшиш бар харҷ диҳам.
   Идимоҳ Шоева баъди хатми филиали Донишкадаи омӯзгории ба номи Т.Г. Шевченко имрӯза ДДБ ба номи Носири Хусрав ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №32 фаъолият намуда, соли 2005 сарвари МТМУ №70 таъйин  шуд. Дар раванди ҷорӣ намудани тартибу интизом ва давра ба давра баланд бардоштани сифати таълиму тарбия,  робитаи мактабро бо оила  тақвият бахшида, баъди машварат бо фаъолону шахсони обрўманди деҳаҳои атроф тариқи ҳашар бунёд намудани синфхонаҳои иловагиро  ба миён гузошт. Ҳамин тавр, бо ҳамовозии Шӯрои падару модарон ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўшониён бунёди ду синфхонаи иловагӣ оғоз ёфта, баъди як сол МТМУ №70 соҳиби ду синфхонаи хуштарҳу замонавӣ гардид. 
   -Иқдомҳои созандагиву саҳмгузорӣ дар кори хайр аз хислатҳои ҳамидаи инсонист, ки аз гузаштагонамон ба мо мерос мондааст, - иброз медорад Идимоҳ Шоева. - Барои ҷалби таваҷҷуҳи сокинон бобати тариқи ҳашар сохтани мактабу синфхонаҳо, муҳим аз ҳама, боварии мардумро ба даст овардан аст. Мо бо дастгириву ҳамраъйии неруи бузурги халқ метавонем ба бунёди мактабу муассисаҳои тандурустӣ ва иншооти муҳими хизматрасонӣ даст ёфта, роҳу пулҳо бунёду кўчаву маҳаллаҳои зисти хешро ободу сарсабз намоем. Тавре, ки дар урфият мегӯянд;
Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад гулдаста гардад.
   Бо ифтитоҳи синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи мазкур мушкили сокинони якчанд маҳаллаҳои Ҷамоати деҳоти Ориён, ки кӯдаконашон ба таълимгоҳҳои дурдаст мерафтанд, осон гашт.  Дар баробари бартараф шудани мушкили норасоии синфхонаҳо  волидон ба таълиму тарбияи фарзандон ва фаъолнокии  Шӯрои падару модарони муассиса таваҷҷуҳи бештар пайдо намуданд. Таҷрибаву малакаи робитаи зич бо мардум доштанашро ба инобат гирифта, соли 2012 Идимоҳ Шоеваро  сарвари МТМУ №22-и  ҳамин деҳот таъйин намуданд, ки дар ин дабистон ҳам мушкили норасоии ҷойи нишаст вуҷуд дошт.  Ба гузашти начандон вақти тӯлонӣ сарвари ободгар бо пешниҳоди лоиҳаи меъмории ду синфхонаи иловагӣ иҷозат гирифта, онро бо дастгирии ҳамаҷонибаи аҳли ҷамоатчигӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ сохта ба истифода дод.   
   -Таҷрибаи ҷалби таваҷҷуҳи оилаҳо дар бунёди синфхонаҳои иловагӣ ва  фаъолгардонии ҷавонони деҳот дар корҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла, тариқи ҳашарҳои дастаҷамъона сохтмони мактабу синфхонаҳо бори дигар собит намуд, ки  бо роҳи суҳбату вохӯриҳои самимӣ метавон мардумро ба рушду ободонии деҳот ва амалисозии ҳадафҳои бузурги созандагӣ ҷалб намуд, - иброз дошт дар идомаи суҳбат Идимоҳ Шоева. 
   – Аз моҳи марти соли ҷорӣ тариқи гузариш ба вазифаи сарвари МТМУ №32  таъйин шуда, дар ин муассисаи таълимӣ низ корро аз сохтмони синфхонаҳои иловагӣ шурӯъ намудам. Зеро дар ин муассисаи таълимӣ 722 нафар хонанда таҳсил дошта, бинобар афзоиши нуфуси аҳолии деҳот талабот ба синфхонаҳои иловагӣ зиёд шуда истодааст.  Дар сохтмони  бинои иборат аз 4 синфхонаи иловагӣ тамоми оилаҳои фарзандонашон дар ин муассиса таҳсилдошта, собиқ хатмкунандагони мактаб ва дигар шахсони саховатпеша саҳм гузошта истодаанд. Ҳамзамон, бо мақсади  то рӯзи ҷашни 30 -солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода додани ин бинои таълимӣ аз ҷониби раиси ноҳия Икромиддин Вализода низ як миқдор масолеҳи сохтмонӣ ва асбобу лавозимоти зарурӣ дастрас гардид. 
   Аз суҳбат бо омӯзгорону ҳашарчиён бармеояд, ки раванди корҳои сохтмонӣ тибқи нақша ҷараён дошта, дар баробари сокинони маҳаллаҳои атроф омӯзгорони дигар муассисаҳои таълимии ноҳия низ дар ин кори хайр саҳми худро гузошта истодаанд. Тавре мушоҳида гардид, бештари корҳои дастӣ дар ин ҷо бо истифода аз асбобу таҷҳизоти камёфти синфхонаи таълими меҳнати мактаб анҷом дода мешуд. Ин лавозимоти ҳунарӣ, ки бо шарофати роҳбарони пешин ва омӯзгорони собиқадори мактаб то имрӯз эмин мондааст, дар иҷрои зиёд корҳои сохтмониву ҳунарҳои гуногуни мардона муҳиму заруранд. 
   Ба гуфтаи Идимоҳ Шоева, ифтитоҳи бинои нави МТМУ №32 беҳтарин туҳфа барои сокинони деҳаҳои “Лермонтов”, “ ГЭС” ва рустои “Қизил Юлдуз” ба ҳисоб меравад. Зеро бунёди мактаб бо ташаббус ва ҳашари дастаҷамъонаи мардум дар тарбияи маънавии ҷомеа, баланд бардоштани эҳсоси меҳандӯстиву ҳисси саҳмгузории ҷавонон дар рушду ободонии Ватан нақши муассир мегузорад. - Дар ин ҷода мо масъулони риштаи маорифро мебояд, ки дар радифи баланд бардоштани сатҳи саводнокии насли наврас ҳамчунин, ҳидоятгари ҷомеа дар иҷрои ташаббусҳои накукоронаву хизмати содиқона ба халқу Ватани азиз бошем, - бо ифтихор мегӯяд Идимоҳ Шоева. 
Юсуфи СОБИР
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019