Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон
Дӯстрӯякони азизу гиромӣ,
Наврасони хуштолеи замон!
Боиси сарфарозист, ки дунёи рангину нотакрори ҳаёти кӯдакии шумо ба давраи камолоти кишвари маҳбубамон - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст, ки ин воқеаи таърихӣ дар замири шумо то абад нақш хоҳад баст.
Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон дар Тоҷикистон пуштибонӣ аз ҳуқуқу манзалати ин қишри ояндасози миллат ба ҳисоб рафта, ғамхории пайвастаи Пешвои муаззами миллатро бозгӯ мекунад.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб ҳамаи Шумо - фарзандони азиз, дӯстрӯякони ниҳоят меҳрубонро, ки хушбахтии ҳар як хонадони Тоҷикистони азиз ҳастед, ба муносибати ин рӯз табрик гуфта, ба Шумо тани сиҳат ва умри дароз орзу менамоям.
Кӯдакону наврасон ояндасозони Ватан, посдорандаи мероси гаронбаҳои ниёгон буда, таваҷҷуҳ ва дастгириҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбати Шумо ниҳоят зиёд аст.
Рушди тафаккури кӯдакону наврасон, дар ниҳоди онҳо тарбия намудани шахси худшиносу ватандӯст, дорои масъулияти баланди иҷтимоӣ, соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир, қобилияти шинохтани равандҳои мураккаби ҷаҳони имрӯза, дар маркази фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо қарор дошта, дар самти амалӣ гаштани он тадбирҳои қатъӣ андешида мешаванд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакон – насли ояндасоз, ворисони ин сарзамини куҳанбунёд ва ин миллати соҳибтамаддун назари нек дошта, баҳри камолоти босуботи онҳо як қатор тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намудааст.
Дар замони соҳибистиқлолии меҳан баҳри таъмини тинҷиву осудагии ҳаёт ва зиндагонии арзанда барои Шумо фарзандони азиз, ки яке аз ҳадафҳои бузург ва стратегии сиёсати имрӯзаи пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳанд.
Ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҳимояи манфиатҳои кӯдакон, баланд бардоштани дараҷаи маълумотнокӣ, инкишофи зеҳнӣ, тансиҳатии онҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки давлати мо барои ояндаи дурахшони худ пойдевори мустаҳкам гузошта истодааст.
Бо мақсади амалӣ намудани сиёсати давлат дар самти таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо комиссия ва сохтор оид ба ҳуқуқи кӯдак фаъолият карда истодаанд, ки аз таваҷҷуҳи махсуси Роҳбари давлат ба соҳаи мазкур шаҳодат медиҳад.
Кӯдакон ояндаи ҷомеаи моанд ва бе тарбияи дурусту ҳамарӯзаи онҳо мо ҷомеаи навини демократию ҳуқуқбунёди худро пеш бурда наметавонем. Ҷаҳони муосир аз мо тарбияи инсони комил бо донишҳои навин ва ба талаботи ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ҷавобгӯро тақозо менамояд.
Яке аз масъалаҳои муҳим дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, мустаҳкам намудани пояи таълиму тарбияи кӯдакону наврасон мебошад. Бояд дар ин самти муҳим се ниҳоди давлатӣ, оила, ҷомеа, мактаб дар ҳамбастагӣ фаъолиятро пурзӯр намуда, дар таҳкими худшиносию худогоҳӣ ва инкишофи зеҳнии насли ояндасози ҷомеа саҳми шоиста гузоранд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба талаботи мазкур диққати ҷиддӣ равона намуда, ҷиҳати мустаҳкам намудани заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимии мавҷуда, бунёди мактабу кӯдакистонҳои наву замонавӣ, бо таҷҳизоти ҳозирзамон муҷаҳҳаз гардонидани онҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои раванди муътадили таълиму тарбия пайваста тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
Ба туфайли ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ рӯз то рӯз беҳтару хубтар гардида, давоми 5 моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 17 муассиса бо шумораи 119 синфхона ва 6190 ҷойи нишаст дар ду баст мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда, мушкилиҳои соҳа то як андоза ҳаллу фасл гардиданд.
Таваҷҷуҳи зиёд ва доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбия ва таълими кӯдакону наврасон боис гардид, ки дар тамоми гӯшаву канори мамлакат садҳо боғчаву кӯдакистонҳои нав сохта мавриди истифода қарор дода шаванд.
Дар вилояти Хатлон ҷиҳати рушди кори соҳа ва ҷалби кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ дар ин муддат 2 адад кӯдакистон дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар доираи таҷлили ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зиёда аз 500 нафар кӯдакон бо тамоми шароити муносиб ба истифода дода шуд.
Бояд гуфт, ки дар кӯдакистонҳои болозикр утоқҳои омӯзиши забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, ҳуҷраҳои алоҳида барои хобу истироҳати кӯдакон, ошхона ва дигар шароити муносиб фароҳам оварда шудааст.
Маҳз фарогирии доираи васеи кӯдакон ба таълими томактабӣ имкон фароҳам меорад, ки насли наврас дар рӯҳияи арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати тоҷик, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ватандӯстию худшиносии миллӣ ба камол расанд.
Баҳри таъмини рушди босубот ва ҳифзи сиҳатии кӯдакон дар вилоят тадбирҳои ҳадафманд амалӣ карда шуда, беморхонаю марказҳо ва бунгоҳҳои тиббӣ дар таъмини беҳдошти сиҳатӣ ва ҳифзи саломатии кӯдакон, паст намудани нишондоди фавти кӯдакон ва маъюбияти онҳо пешгирии сироятшавии онҳо аз бемориҳои гуногун саҳми босазо доранд.
Имсол Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон ба таҷлили бошукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ рост омад.
Итминон дорам, ки кишварамон туфайли меҳнати софдилона ва содиқонаи халқи азизамон зери партави сиёсати имрӯзаи давлат боз ҳам ободтару зеботар мегардад.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб бори дигар тамоми мардуми сарбаланду бофарҳанги вилоятро ба муносибати «Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон» табрик гуфта, ба шумо тансиҳатӣ, дониши хубу аъло ва дар кору зиндагиатон барору комгориро таманно менамоям.
Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон муборак, ҳамдиёрони азиз!
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД