Байтори ҷарроҳ

- Дар мавзуи муҳим -
Ҳусейн Шойимардонов 2-юми октябри соли 1983 дар деҳаи Шӯрои Ҷамоати деҳоти «Деҳқонобод»-и ноҳияи Дӯстӣ ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби мёнаи №15-и зодгоҳаш ба коллеҷи махсусгардонидашудаи ноҳияи Кӯшониён дохил шуда, онро соли 2009 бо ихтисоси байторӣ хатм мекунад. Алҳол донишҷӯи курси сеюми шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи аграрииТоҷикистон ба номи Шириншо Шоҳтемуров мебошад.
Айни замон Ҳусейн Шойимардонов ба хайси мудири бахши минтақавии байтории Гараутии Ҷамоати деҳоти «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» фаъолият дорад. Атрофи масоили гуногуни соҳаи бойторӣ суҳбате доштем бо ин мутахассиси ҷавон, ки фишурдаи онро манзури хонандагон мегардонем:

Нахуст каме дар бораи фаъолиятатон ҳамчун мутахассиси бойтор- ҷарроҳ маълумот медодед?
– Ман бештар ҳайвоноте монанди асп, гов, гӯсфанд, буз, саг, гурба ва ғайраро, ки ба бемориҳои дарунию берунӣ гирифтор шудаанд, ҷарроҳӣ мекунам. Пеш аз амалиёти ҷарроҳиро анҷом додан, ҳайвони беморро аввал ташхис намуда, баъдан онро ба амалиёти ҷарроҳӣ омода мекунем. Аксаран ба ман сокинони ноҳияи Дӯстӣ ва ноҳияҳои дигари вилоят барои табобати ҳайвоноти калон ва майдаи шохдорашон муроҷиат мекунанд. Шукри Худо то ба имрӯз ягон амалиётам бебарор анҷом наёфтааст.
Солҳои аввали фаъолияти байториам дар чунин ҳолатҳо байтори минтақавиамон Панҷӣ Ҳайитов ва омӯзгори мактаби деҳаамон Баҳром Раҳимов ба корҳоям кумак мерасониданд. Алҳол писарам, Бахтиёр мададгори ман аст, ки аллакай аз нозукиҳои ин кор огоҳӣ дошта, дар ҳолатҳои зарурӣ бо ишора ҳам мефаҳмад, ки кадом асбобро бароям муҳайё созад.
Фақат ба бемориҳои ҷарроҳишавандаи ҳайвонот машғулед, ё ки дигар намуди бемориҳои чорворо низ табобат мекунед?
– Ман бештар ба ҷарроҳии ҳайвонҳои бемор машғулам, зеро дигар намуди бемориҳоро байтори минтақавӣ табобат карда метавонад. Дар ҳолати вазнин будани ҳайвони бемор байтори минтақавӣ (албатта бо розигии соҳиби мол) маро барои ҷарроҳӣ даъват менамояд. Баъзеҳо аз чунин усули наҷотдиҳӣ бехабар моли беморшудаи худро ночор забњ мекунанд. Ҳол он ки мол ҳам мисли инсон ба ҳар гуна беморӣ гирифтор шуда, роҳу усулҳои гуногуни табобат карданаш мавҷуд аст.
Ман бештар ташхиси ҳайвонотро тавассути пурсиш аз соҳиби мол, аз ҳолату ҳаракат ва ё шакли зоҳирии ӯ муайян мекунам. Агар зарурат пайдо шавад, баъзе ҳайвоноти беморро дар ташхисгоҳи ноҳиявӣ ва ё вилоятӣ якҷоя бо байтори минтақавӣ аз ташхис мегузаронем ва муайян мекунем, ки ҳайвон ба кадом намуди беморӣ гирифтор шудааст.
Ин касбро дар коллеҷи махсусгардонидашудаи ноҳиявӣ омӯхтаед ва ё ягон устоди дигаре низ ба Шумо кумак расонидааст?
– Агар дониши назариявии ин касбро аз устодони коллеҷи махсусгардонидашудаи ноҳияи Кӯшониён гирифта бошам, ҷарроҳӣ кардани ҳайвонҳоро амалан аз устодам Мухтор Асроҷев, ки ҳоло нафақахӯр мебошанд, омӯхтаам. Инчунин пас аз гузаштани курси такмили ихтисос нисбат ба ҷарроҳӣ кардани ҳайвонот шавқу ҳавасам бештар гардид. Соли 2011 ба курси такмили ихтисоси байторон дар ноҳияи Шаҳринав иштирок доштам. Дар ин семинари омӯзишӣ байтори хориҷие дар ҳузури мо гурбаи бемореро ҷарроҳӣ карда, ба мо нозукиҳои ин касбро амалан фањмонида дод ва ин кор бароям хеле писанд омад ва қарор додам, ки ҷарроҳи касбӣ шавам.
Шумо ҳамчун байтори ҷарроҳ мегуфтед, ки бештар кадом омилу сабабҳо боиси бемории ҳайвонот мегарданд?
– Бештар вақт аз беаҳамиятии соҳибони мол чорвои онҳо ҳамроҳи ғизои хӯрдааш сим, банд, латта, оҳан, плёнка, устухон, мех ва ғайра маводи сахту ҳалнашавандаро истеъмол мекунанд, ки баъдан зарурати ҷарроҳӣ карда гирифтани он мавод пеш меояд. Баъзе соҳибони мол чӣ хӯрдани ҳайвонҳои беморшудаашонро мегӯянд ва ё мо худ пас аз ташхису муоинаи клиникӣ онро мушаххас мекунем.
Барои пешгирӣ намудани чунин бемориҳо ба сокинони вилоят чӣ гуна тавсияҳо доданиед?
– Мардум бояд пеш аз ғизодиҳии ҳайвонҳои хеш ба таркиби хӯроки медодаашон бештар диққат диҳанд ва ё аз додани ғизоҳои омехтаи аз ҳонаҳои ҳамсояҳо овардашуда ҳазар намоянд. Хуб мебуд, ки падару модарон барои ғизодиҳии ҳайвонот кӯдаконро ҷалб накунанд ва худ бо меъёри муайян ба ҳайвоноти хонагӣ ғизо диҳанд.
 Шумо шояд садҳо ҳайвони беморро бо усули ҷарроҳӣ кардан аз марг наҷот додаед. Ягон лаҳзаи ҷолибе аз ин гуна амалиёти хешро ёдрас мешудед...
– Боре чорвои калони шохдори як сокини деҳаи Нурободи Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ бемор шуд. Пас аз муоина кардани байтори минтақавӣ, Панҷӣ Ҳаитов маълум гардидааст, ки бинобар хеле
бузург будани гӯсолаи дар шикамбудааш гов онро таваллуд карда наметавонад. Баъдан байтор ба соҳиби мол мефаҳмонад, ки гӯсоларо фақат бо усули ҷарроҳӣ кардани гов гирифтан мумкин аст. Байтори минтақавӣ маро барои ҷарроҳӣ кардани гов даъват кард ва нобоварона иброз дошт, ки Ҳусейнҷон, ман масулияти ин корро ба гардани худ намегирам. Соҳиби чорво иброз дошт, ки ман ин говро бо нархи хеле гарон харидаам ва барои наҷоташ чӣ коре лозим бошад, омодаам. Ман ба ӯ фаҳмондам, ки барои ҷарроҳӣ кардани гов маводи зарурии доруворӣ лозим меояд. Хулоса, пас аз чор соати амалиёти ҷарроҳӣ гову гӯсоларо аз марг наҷот додем. Вазни гӯсолаи таваллудшуда тахминан 37-40 килограмро ташкил медод. Ин амалиёти аҷибро ман дар якҷоягӣ бо байтори минақавӣ ва писарам анҷом додам, ки воқеаи хеле ҳам фаромӯшношуданӣ буд.
Ҳамин тавр, пас аз ҷарроҳии яксоата гӯшти зиёдатии омехта бо зардобро аз гардани моли бемор бурида партофтам ва моли он хонавода аз марг наҷот ёфт.
– Асбобҳои ҷарроҳӣ ва дигар намуди дорувориро, ки барои ҷарроҳии ҳайвонот хос мебошанд, чӣ гуна дастрас менамоед?
– Тавре, ки дар боло зикр кардам, шавқи ҷарроҳӣ кардани ҳайвоноти бемор пас аз гузаштани курси такмили ихтисос дар дилам пайдо шуд. Соли 2012 дар ҳамон курси аз ҷониби мутасаддиёни Ассотсиатсияи байторони Тоҷикистон доиргардида ба баъзе иштирокчиёни фаъол, аз ҷумла, ба ман ҳам асбобҳои ҷарроҳикуниро инъом карда буданд ва то ҳанӯз онҳоро эҳтиёт карда, истифода мебарам.
Ёд дорам, соли 2015 маро ба вилояти Новосибири Федератсия Россия барои иштирок дар семинари байторӣ даъват намуданд. Дар фурудгоҳи шаҳри Новосибир нозирон ҳангоми аз назаргузаронии борҳо, асбобҳои ҷарроҳиямро дида пурсон шуданд, ки инҳоро барои чӣ ҳамроҳ гирифта мегардед? Вақте ба онҳо фаҳмонидам, ки ман табиби байторам, вале онҳо боисрор аз ман ҳуҷҷати тасдиқкунандаи асбобҳои ҷарроҳиямро талаб карданд. Танҳо баъди шиносоӣ ба ҳуҷҷатҳо ва даъватномаам ба семинари мазкур боварӣ њосил намуда, маро то ҷойи муайяншуда роҳнамо намуданд.
Барои чунин як суҳбати самимӣ ба Шумо ташаккур гуфта, барои кору фаъолияти ояндаатон дар ин ҷода муваффақиятҳо таманно дорем.
– Ташаккур!
                                    Суҳбаторо Раҷабалӣ ХУДОЁРЗОДА
Добавить комментарий