КОНСТИТУТСИЯ ШАҲОДАТНОМАИ МИЛЛАТ АСТ.


Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                        Ҳамватанони азиз!

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароите таҷлил гардида истодааст, ки мардуми саодатёри Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзӣ зери таассурот аз маросими савгандёдкунии пур аз фараҳу шодӣ ва ҳикмати давлатсозии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Мардуми сарбаланду тамаддунофари кишвар, бахусус вилояти Хатлон низ бо саодатмандию сарфарозӣ, ифтихор аз диёри маҳбуб ва бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаю одилонаи Пешвои муаззами миллат, фазои орому осоиштаи кишвар, устувории пояҳои давлатдорӣ ҳамасола ин ҷашнро бо фараҳмандӣ истиқбол менамоянд.

Солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар санаҳои тақдирсози халқу миллат воқеан ҳам мавқеи хосаи сиёсӣ ва иҷтимоию маънавиро дорост.

Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ, шаҳодатномаи миллат, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон дошта, риоя ва эҳтироми онро меҳвари мақсад ва мазмуни фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ қарор додааст ва ин арзиши конститутсионӣ нигоҳу назари некбинонаю башардӯстонаи давлатро нисбат ба волоияти ҳуқуқу озодиҳои инсон аз дигар падидаҳо инъикос менамояд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иродаи қавии мардуми кишвар тариқи раъйпурсии умумихалқӣ интихоб гардида, ин санади муҳими сиёсӣ моҳияти ватансозию давлатдорӣ дошта, тамоми манофеи миллату давлатро эътироф ва ҳифз менамояд.

Қабули Конститутсия воқеаи барҳақ таърихиву тақдирсоз буд. Мо бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳли олам тавлиди давлати навини демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ будани халқи кишварамонро эълон доштем.

Боиси ифтихори ҳар як фарди баору номуси меҳан аст, ки коршиносони сатҳи байналмилалӣ Конститутсияи кишвари моро аз ҷумлаи демократитарин конститутсияҳо арзёбӣ намуданд. Зеро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он, баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқро эътироф мекунад.

Дигаргуниҳои куллии ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ, ки дар солҳои аввали Истиқлолият ва баъди қабули Конститутсия ба вуқӯъ пайвастанд, шаҳодати дурусти роҳи интихобкардаи Тоҷикистон, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва Сарвари муаззами миллат, азму иродаи матини халқ ва миллати тоҷик аст. Тасдиқи гуфтаҳои болоро дар рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи вилояти Хатлон метавон арзёбӣ намуд, чунки бо азму талоши сокинони сарбаланду меҳнатқаринаш дар самти ободии диёр, созандагию бунёдкорӣ, афзунгардонии иқтидори иқтисодии мамлакат ва беҳдошти сатҳи рӯзгори мардум мушоҳида кардан мумкин аст.

Дар ҳақиқат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки Тоҷикистонро дар саросари олам бо Конститутсия рукнҳои созандаи мардуми заҳматпешаю меҳмоннавоз, бо табиати зебою афсонавӣ, иқтидори иқтисодӣ, обҳои зулол, кӯҳҳои осмонбӯс ва сиёсати сулҳҷӯёнаашон маълуму машҳур гардонанд. Ба шарофати Истиқлолият ва тибқи Конститутсия, мо соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.

Имрӯз бо итминони комил гуфта метавонем, ки Конститутсияи Тоҷикистон барои ифодаи ҳадаф ва рушду такомули давлату давлатдории навини тоҷикон омили асосӣ гардида, дар дигаргунсозии бунёдии тамоми муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа нақши намоён бозид.

Хушбахтона, дар давраи солҳои соҳибистиқлолӣ ва амали Конститутсияи Тоҷикистон, халқи Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо сарбаландӣ эълон сохт, ки соҳиби давлати соҳибихтиёри худ буда, дар роҳи ҳифзи комёбиҳо ва афзоишу таҳкими онҳо пайваста кӯшиш менамояд ва рушди соҳибихтиёрии давлати миллии хешро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои тақвияти минбаъдаи он саъю талош меварзад.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои бунёди давлати соҳибистиқлол заминаи устувор фароҳам овард ва дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва аркони давлатдорӣ нақши муҳим бозид.

Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бунёди давлате, ки орзую омоли тоҷикон буд, оғоз бахшид.

Ҳамин тавр, қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди давлати ҳуқуқбунёдамон ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои мардуми сарбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба марҳалаи тозаи рушду инкишофи кишвари азизамон ва муаррифии давлатамон дар арсаи ҷаҳон мебошад.

Бо шарофати Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол рӯзгори халқи кишварамон баракат ёфта, хушу осудатар гардида, пояҳои давлатдорӣ ва мақому эътибори он дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувору мустаҳкамтар мегарданд.

Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки имрӯз дар фазои сулҳу осоиш, тинҷию амонӣ умр ба сар мебарем ва дар рушду нумӯи кишвари азизамон, эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ саҳм мегирем. Чунин кафолатро ба мо Конститутсия – бахтномаи миллат додааст.

Итминони комил дорам, ки ҷавобан ба ғамхориву таваҷҷӯҳи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми сарбаланду ваҳдатофари вилояти Хатлон, бо кӯшиши дастҷамъона, саъю талоши пайваста барои ободии Ватани азизамон, таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори ватандории фарзандон ва барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба пешвози ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор гардида, барои зиндагии шоситаи мардум дар ҳамбастагӣ тамоми неруи худро равона менамоем.

Бо чунин ниятҳои нек сокинони сарбаланди вилояти Хатлонро бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқану самимона табрику муборакбод гуфта, сиҳату саломатӣ, осмони софу беғубор, зиндагии бобарор ва саодатмандию сарбаландии рӯзгорро таманно менамоям.

Добавить комментарий