БАХТИЁР МУРТАЗО ВА МАҲОРАТИ АДАБИИ Ў
- Пажўҳиш -
Доманаи фаъолияти эҷодии Бахтиёр Муртазо густурда буда, самт ва равияҳои гуногунро фаро мегирад. Ў аз зумраи адибонест, ки аз мактаби бузурги публитсистика гузашта, ба дараҷаи адибӣ расидааст. Ҳанўз дар давраи донишҷўӣ майлу рағбат, донишу истеъдоди ўро нависандаи тоҷик Мутеъулло Наҷмиддинов эҳсос намуда, барои сайқали ҳунар ба кори эҷодӣ тавсия ва роҳнамоӣ менамояд. Ин шинохт Б. Муртазоро ҳавасманд мегардонад ва ў дар баробари кори журналистӣ, ва тарҷумаи нигоштаҳои адибони хориҷа, ба навиштани асарҳои публитсистиву адабӣ ва эҷоди ҳикояву қиссаҳои ҳуҷҷатӣ майл менамояд. Нигоштаҳои аввалини адабие чун “Сўзанӣ”,“Чашмае дар биёбон», “Барзгар”, “Дарахти пуда”, “Ситораҳои кўҳи сафед”, “Афсонаи лаклак ва қалби «зиреҳпўш» аз ҷумлаи ҳикояҳои ўянд, ки дар заминаи вақеаҳои ҳаётӣ бо маҳорати баланди касбӣ иншо шудаанд.
Баъдтар нависанда ба эҷоди асарҳои калонҳаҷм даст мезанад ва повестҳои “Ҷонбохтаи Роҳатӣ” ва “Одами ҷавҳардор” пайи ҳам ба табъ мерасанд. Дар ин асарҳо низ қаҳрамонон воқеиянд, саргузашташон аҷиб, фарох ва ибратомўз аст. Повести “Ҷонбохтаи Роҳатӣ” аз рўзгору фаъолияти пурсамар, аммо фоҷиабори омўзгор ва мухбир Фатҳуллоҳ Убайдӣ нақл мекунад. Ф. Убайдӣ дар давраи пурошўби охири солҳои бистуму аввали сиюм аз Самарқанд ба гўшаҳои торику дурдасти кўҳистон омада, дар ин ҷо ба тарғиби ҳаёти нав машғул мешавад, аввалин шуълаҳои маърифатро паҳн менамояд. Аммо душманони роҳи маърифат дар образҳои Ёқуб, Юсуф, Ятим, Улуғ ва гумоштагонашон зери таъсири хурофот пеши ин роҳро гирифта, ўро дар хонааш ба қатл мерасонанд. Ў мефавтад, аммо нури маърифат, чароғи ирфон аз ҷониби шогирдони ин ҷавонмард натанҳо фурўзон боқӣ мемонад, балки дурахшонтар мегардад.
Ин асар дигар проблемаҳои гуногуни ҷомеаро низ фаро гирифта, бо масъалагузориҳои ҳаётӣ аз дигар асарҳои бадеии нависанда фарқ мекунанд. Таваҷҷуҳи адиб ба рўзгори пурпечутоби Ф. Убайдӣ самимӣ аст, корнамоиҳои ўро ҳамчун ҳамкасб нишон медиҳад. Б. Расулзода сабаби навишта шудани ин қиссаро чунин ёдовар шудааст: “Журналисти ҷўянда дар яке аз он сафарҳо бо таърихи аҷиб ва фоҷиавии узви комсомоли ленинӣ, мухбири деҳот, ҷонишини раиси шўрои қишлоқ Фатҳулло Убайдӣ, ки барои ҳаёти нав ва сохти колхозӣ мубориза бурда, дар ин роҳ ҷони худро фидо кардааст, шинос шуд. Вай делои судро аз архиви давлатӣ гирифта, хеле омўхт, бо ҳамсафи мубориз А. Бухоризода (марҳум) суҳбат кард ва аз ў зинда будани завҷаи фитодаро дарак ёфт. Дар деҳаи “Навобод”-и Варзоб ўро дучор омад. Пас аз чанде дар газета “Ҷонбохтаи Роҳатӣ” ном қиссааш чоп шуд”. Ҳарчанд ҳаёти ин қаҳрамон бо фоҷиа анҷом меёбад, аммо кору пайкори созанда, ғамхориву дилсўзӣ ва манфиатбахши ў номи некашро боқӣ мегузорад.
Дар баробари қиссаи “Ҷонбохтаи Роҳатӣ” аксари муҳаққиқон “Одами ҷавҳардор”-ро низ чун намунаи хуби асарҳои адабӣ шинохтаанд. Дар ин повест фаъолияти самарабахши усто Зариф ва хонаводаи ў бо шавқмандии муассир тасвир шудааст. Дар эҷоди ин асар таъсири асарҳои адибони ҷаҳон мушоҳида мешавад, ки ин падидаи тоза дар адабиёти муосири тоҷик аст. Ин омил далолат ба он мекунад, ки адиб аз адабиёти арзиши ҷаҳонидошта хуб воқиф аст. Чунончи, Ш. Раҳмонов қайд мекунад: “Повести “Одами ҷавҳардор” дар эҷодиёти нависанда ва умуман дар адабиёти муосир ҳодисаи нав мебошад. Вай ин ҷо асосан ба муътабартарин нависандагони ҷаҳон, хусусан ба адиби қирғиз Чингиз Айтматов хеле наздик омада, аз услуби мулоҳизаронии ў истифода кардан хостааст. Усто Зарифи оҳангар ва набераи ў Ғазанфари хурдсол бо образҳои повести “Киштии сафед”-и нависандаи машҳури қирғиз ва “Тобистон”-и Пўлод Толис умумият пайдо карда, дар бари
чунин асарҳои воломақом меистад”. Адиб дар намои қаҳрамонҳои асарҳои худ, аз ҷумла қиссаи “Одами ҷавҳардор” ҳамеша мулоҳизакору дурандеш ва ба воқеияти ҳодисаву падидаҳои замон ва рўзмаррагии онҳо аҳамияти хоса додааст. Ҳарчанд ҳикояву қисса ва повесту романҳои адиб аз пардозҳои адабӣ орӣ набошанд, дар онҳо як навъ воқеияти зиндагӣ ба мушоҳида мерасад. Чунончи, С. Зардон қайд мекунад: “...бисёр ҳикояю очеркҳои самимии нависандаро қазоват карда, дарк намудам, ки сарчашмаи эҷоди нависанда аз ҳаёт ғизо мегирад ва навиштаҳои ў аз зиндагии мардум канда нест. Баҳри беҳбуд ва ҳаллу фасли мушкилот баробари мардум ғам мехўрад ва андешаҳои шахсии хешро иброз медорад, олами ҳастиро ба риштаи тасвир мегирад. Миёни халқ мегардад, бо ў нафас мекашад, аз ин хотир асарҳояш нафаси халқ мекунанд”. Чунин муносибат ва ба халқ наздик будани осори адиб аз ҳамнишинии ў бо табақаҳои гуногуни ҷомеа сарчашма мегирад. Албатта, беҳтарин дурдонаи ҳикматнок дар байни халқ аст ва онҳоро пайдо намудаву дар мавриди муносиб истифода кардан қобилияти махсусро талаб мекунад. Ҳамчунин ин шеваи кор ба устухонбандии асари адабӣ низ қуввати дигаре зам мекунад. “...кулли эҷодиёти устод Муртазоев аз қаъри дили нависанда сарчашма мегиранд, баъди мутолиа дар қалби хонанда нақше мегузоранд”.
Хонанда бо мутолиаи осори ў на танҳо ба воқеиёти ҳаётӣ ошно мегардад, балки маънавиёти бештар ҳосил мекунад. Ин хусусиятро аксари муҳаққиқону дўстони эҷодкори адиб ёдовар шудаанд. Аз ҷумла, публитсист Қурбон Мадалиев зимни барасии повести мазкур ба чунин хулоса омадааст: “Аз забони устои оҳангар нависанда таъкид намудааст, ки ҳамаи мавҷудоти табиат – дарахтон, растаниҳо ва ҳам одамизод бо ҳам алоқаманданд ва инсон вазифадор аст, ки боигарии табиати худододро ҳифз намояд. Табиат решаи одамизод аст ва мо набояд бар решаи худ табар занем”. Б. Муртазо дар ифшои дунёи ботинии қаҳрамонҳои худ таҷрибаи ғанӣ дорад. Албатта, қаҳрамонҳои асарҳои адиб низ хислатҳои мусбат ва манфӣ доранд ва кору фаъолияти онҳо ба ҷомеа бетаъсир нест. Маҳз бо такмили чунин хисоили инсонӣ метавон ба рушди ҷомеа ва дигаргун намудани ҳаёт даст ёфт. Нависанда дар ин ҳолат ҳамеша намунаи беҳтарини хислатҳоро тарғиб ва ҷузъиёти масъалаҳоро бо ин усул баррасӣ мекунад. “Юнус-бобо дар бобати истифодаи оби дарё ва замини соҳили он фикру ақидаҳои худро дорад, ки онҳо ба таҷрибаи тўлонии деҳқонони тоҷик асоснок шудаанд. – Ин ҳам давлати халқ аст, – мегўяд ў. – Дар солҳои душвори ҷанг як порча замини соҳили дарё ризқу рўзии одамони як қишлоқро медод. Акнун бой шудем гуфта, магар нони тайёрро пешпо мезанем”. Бо чунин масъалагузориҳо адиб истифодаи дурусти неъматҳои моддиву маънавиро муҳим шуморида, онро саодати халқ, пойдории ҳаёт медонад.
Ҳамин тавр, Бахтиёр Муртазо дар баробари инъикоси воқеиёти иҷтимоии замони муайян дар қолаби жанрҳои публитсистӣ, ба коркарди адабии чунин ҳодисаҳо низ эътибор дода, асарҳои бадеӣ навиштааст. Шинохт ва дарки масъалаҳои муҳими ҷомеа, масъулиятшиносӣ, ҳунари адабӣ ва амсоли ин дар фаъолияти эҷодии нависанда мақоми мустаҳкам дорад, ки ин аз омўзишу ҷустуҷўйҳои ў дарак медиҳад. Ба ин мазмун адабиётшинос Худоӣ Шарифов қайд кардааст: “Аз сатҳи худогоҳӣ заҳмат ва натиҷаи ниҳоии мақсад, ки бо кўшиши дарёфту маърифат ангезиш меёбад, вобаста аст. Азбаски дар муносибат ба мақсад тамоми маънии эҷодӣ зоҳир мегардад, ҳамаи адибон кўшиш ба харҷ додаанд, ки ба ин восита вазифаи худро таъйин карда бошанд”. Осори бадеии Б. Муртазо мавзўоти мубрами таърихиву иҷтимоиро фаро гирифта, бо вуҷуди аз воқеаҳои ҳаётӣ ва корнамоиҳои шахсиятҳои мушаххас маншаъ гирифтан, саршори аносири ҳунарианд, ки аз маҳорати эҷодии муаллиф дарак медиҳанд.
Сангимурод ШАРИПОВ, номзади илмҳои филологӣ,
декани факултаи филология